Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Домодам нест, духтарам зиндонист". Набераҳои Сабзагулро аз Ироқ меоранд


Кӯдакони тоҷик ҳангоми фирор аз Мавсили Ироқ

То охири моҳи марти имсол қисме аз фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе бармегардонанд. Беш аз 40 зани тоҷик ҳамроҳ бо 92 фарзанди худ дар зиндонҳои Бағдод қарор доранд. Сафорати Тоҷикистон дар Кувайту Ироқ барои баргардондани 75 кӯдак иҷозаи модари онҳоро гирифтааст. Ба 17 кӯдаки дигар, ки аксаран ширхораанд, иҷозаи бозгашт надодаанд.

Духтарам гуфт, ки ҳамаи фарзандонашро мефиристад, вале тифли ширхораашро бо худ нигоҳ медорад

Гулчеҳра барои қабули набераҳояш омода мешавад

Гулчеҳра Усмонова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонаеро барои набераҳояш омода мекунад. Умаралӣ, Фотима ва Умми Гулсун, ки аз 2 то 8-солаанд, дар рӯйхати кӯдаконе ҳастанд, ки бояд ба ватан баргарданд.

Ганҷина Усмонзода, духтари 27-солаи ин зан соли 2015 ҳамроҳи шавҳараш Хуршед Баҳодурови 32-сола аз Русия ба Ироқ рафт. Ӯ ягона духтари Гулчеҳра Усмонова аст. Ду кӯдаки Ганҷина дар ҳудуди хилофати худхондаи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Ироқ таваллуд шудаанд.

Хуршед Баҳодуров домоди Гулчеҳра соли 2017 дар Мавсили Ироқ ба асорат афтод. Бори охир ӯро дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ диданд, ки ба ҷангҷӯёни курд таслим шудааст. Наворе, ки баъдан дар як таҳқиқот Би-би-сӣ гуфт, ҳамаи боздоштшудаҳо кушта шудаанд.

Ганҷина ҳоло дар маҳбасе дар Бағдод қарор дорад ва ба модараш гуфтааст, ки нисбат ба ӯ ҳанӯз ҳукме содир нашудааст. “Рӯзи 2-юми феврал духтарам занг зад. Гуфт, ки фарзандонашро мефиристад. Мо гуфтем, ба дилу ҷон қабул мекунем. Хонаро омода дорем”, - гуфт Гулчеҳра Усмонова.

Ин зан мегӯяд, духтараш зери фишору фиреби домодаш ба ин кишвари ҷангзада рафтааст.

“Кӯдаки ширхораашро намеоранд”

Аксари занҳое, ки дар Бағдод қарор доранд, аз 20 сол то ҳукми абад зиндонӣ шудаанд. Мақомот мегӯянд, эҳтимол ҳукумати Ироқ дар оянда онҳоро афв кунад ва шароити бозгашташон ба кишвар фароҳам шавад.

Навор аз бойгонии Озодӣ:

Номаи Зӯҳро аз Ироқ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:38 0:00

Аммо ҳоло кӯдакони онҳо низ бо шарти пардохти ҷарима ҳаққи хориҷ шудан аз Ироқро доранд. Давлати Тоҷикистон барои ҳар кӯдак ҳудуди 500 доллари амрикоӣ ба Ироқ ҷарима медиҳад, ки ин барои “убури ғайриқонунии сарҳад” пешбинӣ шудааст.

Волидони онҳо бо ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни ДИИШ ва убури ғайриқонунии марзи Ироқ гунаҳкоранд. “Ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни ДИИШ” дар ин кишвар ҷурми сангин маҳсуб мешавад.

Занҳои зиндонии тоҷик дар Бағдод аз се то панҷ кӯдаки ноболиғ доранд. Сабзагул Камолова, модари як зани зиндонӣ мегӯяд, қарор аст, аз панҷ набера чаҳор нафараш ба Тоҷикистон баргардад. Сарнавишти духтари ӯ - Зуҳро Хоҷаева айни сарнавишти Ганҷинаро дорад ва танҳо бо доштани фарзанди бештар фарқ мекунад.

Зӯҳро Хоҷаева
Зӯҳро Хоҷаева

“Хабари бозгашти набераҳоям хабари хуштарин дар умрам буд. Духтарам ҳам гуфт, ки ҳамаашонро мефиристад, вале кӯдаки ширхораашро бо худаш нигоҳ медорад”, - гуфт ӯ.

Ин зан мегӯяд, гоҳ-гоҳ бо духтараш тамос мегирад ва аз ин ки фарзандонаш аз маҳбаси Бағдод ба Тоҷикистон бармегарданд, хушҳол аст. Ду набераи Сабзагул дар ҳудуди “хилофат”-и худхонда таваллуд шуданд ва мақомоти Тоҷикистон ба сахтӣ барои онҳо санад омода кардаанд.

То охири моҳи март қисме аз кӯдакон бармегарданд

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ охири ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, санадҳо барои бозгардондани кӯдакон ниҳоӣ шудааст.

“То охири моҳи март нақшаи баргардонидан дорем. Агар ягон ҳолати дигар пеш наояд, ҳатман то охири моҳи март қисми зиёде аз кӯдаконро бармегардонем”, - гуфт ӯ.

Наздик ба 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз солҳои 2014-2015 ба Сурия ва Ироқ рафта, ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд. ДИИШ охири соли 2017 дар Ироқ шикаст хӯрд ва ҳоло охирин пойгоҳи худ дар Сурияро низ аз даст медиҳад. Дар Сурия бар асоси охирин ҳисобҳо, шумораи занону кӯдакони тоҷик, ки аз дасти ДИИШ озод шуданд, ба сад нафар мерасад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG