Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Як журналистро мухолиф хонданд, дигареро ҳукуматӣ". ВИДЕО


Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, таҷлил аз 107-солагии Иди матбуот дар ҳолест, ки мушкили молӣ, таҳдиду фишор ва таъқиби журналистон боис шуд, ки дар панҷ соли ахир даҳҳо хабарнигор тарки касб кунанд.

"Як журналисторо мухолиф хонданд, дигареро ҳукуматӣ"

Абдуазими Абдуваҳҳоб, хабарнигори 34-солаи тоҷик аз ҷумлаи хабарнигоронест, ки дар се соли пеш тарки касб кард ва аз Тоҷикистон берун шуд. Ӯ дар гузашта дар нашрияи "Имрӯз нюз", "Нигоҳ", оҷонсии "Тоҷнюз" ба ҳайси хабарнигор ва муҳаррир кор мекард. Ӯ ҳоло дар Олмон зиндагӣ мекунад. Нашрияи "Нигоҳ" ва хабаргузории "Тоҷнюз", ҷое, ки Абдуазим кор мекард, баста шуданд.

Нашрияҳои замоне пештоз ба таври рӯшод аз пӯшиши масоили доғи сиёсӣ ҳазар мекунанд ва мегӯянд, ки бо назардошти шароити мавҷуда, амнияти худу коргарон ва ҳам зинда мондани нашрияро авлавияти худ медонанд.

Ин хабарнигори тоҷик мегӯяд, дар шароите Тоҷикистонро тарк кард, ки фишор болои журналистон афзоиш ёфта буд. "Дигар роҳе барои кор кардан вуҷуд надошт. Нахостам, ки зери диктаи касе ё ниҳоде кор кунам", -гуфт ӯ. Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, "дар чор панҷ соли ахир мақомоти амниятии Тоҷикистон тавонистанд, ҳисси тарсу ваҳм, нобоварӣ ва беэътимодиро миёни расонаҳо бештар кунанд".

Ӯ мегӯяд, "вақте нобоварӣ ва беэътимодӣ ба миён омад, рӯзноманигоронро аз рисолати аслии худ дур карда, то ҷое эҳтиёткор кард. Як журналистро мухолиф хонданд ва дигареро ҳукуматӣ гуфтанд. Аз дасти амниятиҳо дар чанд соли охир даҳҳо хабарнигор кишварро тарк кардаанд ва даҳҳои хабарнигори фаъоли дигар ба ҳошия ронда шуданд".

Абдуазими Абдуваҳҳоб.
Абдуазими Абдуваҳҳоб.

​Абдуазими Абдуваҳҳоб ҳоло забони англисӣ ва олмонӣ меомӯзад. Ӯ мегӯяд, бо фароҳам омадани шароити кори касбӣ, ҳатман дубора ба журналистика бармегардад.

Мушкили дастрасӣ ба иттилоъ, таҳдид, фишори равонӣ ва таъқиб аз монеаҳои аслии фаъолияти касбии хабарнигорони тоҷик боқӣ мондааст.

"Мушкили молӣ ва фишор ба рӯзноманигорон таъсир кардааст"

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, моҳе то даҳ нафар рӯзноманигор ба онҳо аз фишору азият кӯмаки ҳуқуқӣ мепурсад. Ӯ мегӯяд, дастрасӣ ба иттилоот, мушкили молӣ ва фишор ба касбияти рӯзноманигорон таъсир кардааст.

"Ин мушкилот барои дуруст иҷро кардани рисолати рӯзноманигорӣ халал мерасонд. Омили иқтисодии озодии баён дар Тоҷикистон хеле коҳиш ёфтааст. Қонунгузорӣ иҷоза додааст, ки дастрасӣ ба иттилоъ озод бошад, вале мутаассифона мансабдорон ва ниҳодҳое, ки дар ихтиёрашон иттилоъ доранд, бо ҳар баҳона дастрасӣ ба иттилоотро маҳдуд кардаанд. Бо ҳар баҳона иттилоъро надодан, ба мансбадорон одат шудааст ва ин ҳам аз ҳароси аз даст додани мансаби худ аст",-гуфт Нуриддин Қаршибоев.

Оё аз фаъолияти матбуот қаноатманд ҳастед? ВИДЕО

Оё аз фаъолияти матбуот қаноатманд ҳастед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Ба гуфтаи Қаршибоев, бархе журналистон барои раҳоӣ аз мушкили молӣ ва фишор розӣ шудаанд, то "пропагандист" бошанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, ҳукумат ва гурӯҳҳои алоҳида талош мекунанд, то рӯзноманигоронро ба таблиғгар табдил диҳанд. Ӯ афзуд, рисолати расонаҳо гуфтани воқеият аст ва баъдан мардум худаш тасмим мегирад.

Журналистон барои ҳокимият мубориза намекунанд

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори дигари тоҷик мегӯяд, бархӯрд бо рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бо шеваи замони шӯравӣ сурат мегирад. Ба ин шева, ба гуфтаи ӯ, аз рӯзноманигорони мустақил ба унвони мухолифи давлат бархӯрд мекунанд.

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори тоҷик.
Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори тоҷик.

Ӯ гуфт, вале расонаҳо ҳеҷ гоҳе, на аз лиҳози қонун, на аз нигоҳи касбият наметавонанд мухолифи давлат бошанд ва журналист барои ба даст овардани ҳокимият мубориза намекунад.

Ба бовари Иршод Сулаймонӣ, хуб ё бад будани матолиби рӯзноманигорон ба амалкарди ҳукумати иҷроия ва ҳукуматдорон вобаста аст -- агар корҳои хуб мекунанд, расонаҳо онро инъикос мекунанд, агар бад мекунанд, онро менависанд. "Баргирифта аз ин тафаккури ғалат, ки расонаҳо зидди мо мубориза мекунанд, талош вуҷуд дорад, ки мустақилият аз онҳо гирифта шавад ва онҳо ҳамеша таҳти назорату контрол бошанд",-афзуд Иршод Сулаймонӣ.

Дар панҷ соли ахир чанд расона, мисли ҳафтанома ва хабаргузории "Озодагон", ҳафтаномаи "Нигоҳ" ва хабаргузории "Тоҷнюз" баста шуданд. Соҳибони ин расонаҳо гуфтанд, ки таҳти фишор корашонро қатъ кардаанд, вале мақомот мегӯянд, онҳо мушкили молӣ доштанд.

"Мушкили молӣ барои расонаҳо сохта буд"

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, мушкили молӣ барои расонаҳо низ сохта буд. Ӯ мегӯяд, расонаҳои мустақил аксаран бар асоси дастрасӣ ба реклама кор мекарданд, вале монополия шудани истеҳсолот ва тиҷорат боис шуд, ки ширкатҳо дигар ба реклама ниёз надоранд.

Ба гуфтаи Марат Мамадшоев, вазъи журналистика дар Тоҷикистон воқеан нигаронкунанда аст -- қисман бо сабабҳои сиёсӣ ва қисман бо сабабҳои иқтисодӣ. Ӯ мегӯяд, ки дар умум, озодии сухан дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик.
Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик.

"Расонаҳои мустақил бо реклама зиндаанд. Бозори реклама, мутаассифона, дар Тоҷикистон ба сифр баробар аст. Чун аксари ширкатҳои истеҳсолкунанда монополисти бозор ҳастанд ва ба онҳо реклама ҳам лозим нест",-гуфт оқои Мамадшоев.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 370 нашрияи давлативу хусусӣ ва хабаргузорӣ фаъол аст. Аммо нозирони умури мегӯянд, бисёре аз онҳо аз интиқоди ошкори камбудҳои ҷомеа худдорӣ карда, бештар машғули таблиғи "дастовардҳо"-и мақомотанд.

Нашрияҳои замоне пештоз ба таври рӯшод аз пӯшиши масоили доғи сиёсӣ ҳазар мекунанд ва мегӯянд, ки бо назардошти шароити мавҷуда, амнияти худу коргарон ва ҳам зинда мондани нашрияро авлавияти худ медонанд.

Бо назардошти ин ҳама, созмони Гузоришгарони бидуни марз тайи се соли гузашта ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар шохиси байналмилалии озодии баён якбора беш аз 30 зина поин овард. Ҳоло Тоҷикистон дар раддабандии ин созмон дар мақоми 149 қарор дорад.

XS
SM
MD
LG