Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти хабарнигори тоҷик аз як масъули Фурудгоҳи Душанбе


Нуралӣ Каримов, хабарнигори Радиои Тоҷикистон.

Як хабарнигори Радиои Тоҷикистон иддао дорад, ки сармуҳандиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми кор ӯро “таҳқир кардааст”. Нуралӣ Каримов рӯзи 19-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора ба Додситонии кул шикоят кард ва мунтазири посухи онҳост.

Созмонҳои ҳомии озодии баён солҳои охир ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудият дар озодии баён интиқод мекунанд.

“Мехостам, дар бораи таъхири парвозҳо, интизории мусофирон ва гаронии нархи билети ҳавопаймоҳо гузориш нависам. Ҳангоми таҳияи гузориш хостам, ки назари мақомоти фурудгоҳро низ бигирам. Бобоҷон Садриддинов, сармуҳандиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, аз додани иттилоъ худдорӣ кард ва маро дашном дод”, - афзуд ӯ.

Хабарнигор иддао дорад, ки қаблан бо раҳбарияти фурудгоҳ тамос дошт ва Бобоҷон Садриддинов муваззаф шуда буд, бо ӯ суҳбат кунад.

Нуралӣ Каримов гуфт, “рӯзи 13-уми март ба фурудгоҳ рафта, бо мусофирон дар бораи мушкили онҳо сӯҳбат кардам. Баъдан ба мақомоти фурудгоҳ занг задам ва худро шинос кардам. Як нафар омада, маро ба назди Бобоҷон Садриддинов бурд ва гуфт, ҳамин нафар суҳбат мекунад. Ӯ нахост сӯҳбат кунад ва дағалгуфторӣ кард. Гуфтам, ман аз расонаи давлатӣ ҳастам. Гуфтанд, ба ман чӣ фарқ дорад, ки аз кадом расонаӣ. Гап намезанам, чӣ кор мекунӣ, аз дастат чӣ меояд?"

Ин хабарнигори тоҷик афзуд, ҳамин тавр, натавонист аз Фурудгоҳи байналмилалӣ маълумот бигирад ва гузоришаш дар нимароҳ мондааст. Ӯ гуфт, ҳеч интизор надошт, ки ҳангоми таҳияи матлаб ба дағалгуфтории корманди фурудгоҳ рӯбарӯ мешавад. Нуралӣ Каримов иброз дошт, ки раҳбарияти радио аз ин қазия дар ҷараён аст ва ӯ то охир барои ҳаққи худ талош хоҳад кард.

"Айби худи хабарнигор аст"

Вале кормандони фурудгоҳ дар рух додани ин қазия худи хабарнигорро айбдор мекунанд. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, аз нигарониҳои Нуралӣ Каримов, ки барои гирифтани иттилоъ ба фурудгоҳ омада будааст, хабар дорад ва таъкид намуд, “айби худи хабарнигор аст, чун бидуни пешниҳоди мактуби расмӣ вориди фурудгоҳ шудааст”.

Ҷамила Ҳусейнова дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи омадани хабарнигор ба фурудгоҳ, ӯ дар сафар буд ва баъдан аз қазия огоҳ шудааст. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, хабарнигори Радиои Тоҷикистон дар баробари он ки мактуби расмӣ надоштааст, “ҳамчунин ба Бобоҷон Садриддинов дастак зада, гуфтааст, ки ба ман интервю диҳед".

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.

Сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъкид намуд, ки баъд аз бозгашт аз сафар бо хабарнигор ҳамсӯҳбат шудаанд: "Ба ӯ занг зада гуфтам, ки соати 15 бо номаи расмӣ бо имзои сармуҳаррират биё, ин ҷо объекти реҷавӣ ҳаст, наметавон бе номаи расмӣ ворид шуд".

Ҳусейнова гуфт, вақте Нуралӣ Каримов ба фурудгоҳ омадааст, дар баробари он, ки мактуби расмӣ надоштааст, ҳамчунин Бобоҷон Садриддинов сармуҳандиси фурудгоҳ банд будааст ва бино бар ин, имкони ҳамсӯҳбат шудан бо ӯро пайдо накарда ва сӯҳбатро ба вақти дигар мондааст.

Як манбаъ дар дар Фурудгоҳи байналмилаии Душанбе гуфт, хабарнигори Радиои Тоҷикистон воқеан ҳам як рӯз қабл аз омаданаш бо онҳо тамос гирифта, мехост мувофиқа кунад, ки зимни таҳияи гузоришаш як масъули ин ниҳод бо ӯ ҳамсӯҳбат шавад.

"Дашном додан нақзи ҳуқуқи хабарнигор аст"

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон мегӯяд, хабарнигор ҳақ дорад ҳам тариқи шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ барои дастрас намудани иттилоъ муроҷиат намояд. Оқои Қаршибоев дар робита ба шикояти хабарнигор Нуралӣ Каримов гуфт, вақте раҳбарияти фурудгоҳ як нафарро барои сӯҳбат вазифадор кардааст, дар ин ҷо аллакай факти муроҷиати хабарнигор тасдиқ мешавад ва сӯҳбат кардан накарданаш дар ихтиёри ҳамон масъули фурудгоҳ аст.

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон.
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон.

"Яъне метавонад сӯҳбат кунад ё метавонад рад кунад, аммо ба ҳақорат роҳ доданаш аллакай нақзи ҳуқуқи хабарнигор аст ва дар ин ҷо монеъ шудан барои фаъолияти кори хабарнигорӣ буда, агар хабарнигор ба мақомоти додситонӣ шикоят карда бошад, мақомот ҳолатро месанҷад ва дар сурати мавҷуд будани таркиби ҷиноят, метавонад парванда боз кунад",-афзуд Нуриддин Қаршибоев.

Нуриддин Қаршибоев таъкид намуд, ки агар зарарути кӯмаки ҳуқуқи ба хабарнигори Радиои Тоҷикистон пайдо шавад, онҳо омодаанд ба ӯ кӯмак намоянд. Ӯ гуфт, дар таҷрибаи корияш шикоятҳои хабарнигорон аз худдории масъулин аз додани иттилоъ буд, вале кор то ба додгоҳ ва ё дигар мақомотҳои интизомӣ нарасида, мушкили пешомадаро ҳал кардаанд.

Шикоят аз маҳдудиятҳо барои хабарнигорон

Масъулони НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯянд, ҳар моҳ ба ҳисоби миёна аз тақрибан даҳ журналист шикоят мегиранд. Истифодаи алфози қабеҳ аз тарафи масъулин, масъалаи дастрасӣ ба иттилоъ, таҳдид, фишори равонӣ, таъқиб ва баҳси маош аз мавзӯъҳои шикояти хабарнигорон будааст.

Созмонҳои ҳомии озодии баён солҳои охир ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудият дар озодии баён интиқод мекунанд. Дар миёни мушкилоти журналистон, дар баробари маҳдуд будани озодиҳои сиёсӣ, инчунин мушкил будани дастрасӣ ба иттилои расмӣ ҳам зикр мешавад. Аз ҷумла, бар асоси як тасмими ҳукумат дар соли 2017, бартарии дастрасӣ ба хабарҳои дасти аввали расмӣ ба хабаргузории давлатии "Ховар" вогузор шуд.

Бо назардошти ин ҳама, созмони Гузоришгарони бидуни марз тайи се соли гузашта ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар шохиси байналмилалии озодии баён якбора беш аз 30 зина поин овард. Ҳоло Тоҷикистон дар раддабандии ин созмон дар мақоми 149 аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG