Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дариға Назарбоева - духтари калонии Назарбоев раиси Сенат шуд


Дариға Назарбоева
Дариға Назарбоева

Дариға Назарбоева, духтари калонии президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, рӯзи 20-уми март раиси Сенат, палатаи болоии порлумони он кишвар интихоб шуд. 44 узви Сенат аз номзадии ӯ тарафдорӣ кардаанд.

Бар асоси Конститутсия, ҳамакнун Дариға Назарбоеваи 55-сола дар мақоми раиси Сенат нафари дувум дар ҳукумати Қазоқистон аст. Ӯ дар сурати изтирорӣ, иҷрокунандаи вазифаи президенти кишвар мешавад. Ҳамонгуна, ки баъди тарки мақоми раёсати ҷумҳурӣ кардани Назарбоев рӯзи 19-уми март, раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев иҷрокунандаи мақоми президенти Қазоқистон шуд.

Дариға Назарбоева давоми солҳои тӯлонӣ ба ҳайси вориси эҳтимолии падар дар мақоми раҳбари кишваре бо беш аз 18 миллион ҷамъият арзёбӣ мешуд.

То замони расидан ба мақоми раиси Сенат, Назарбоева дар палатаи болоии порлумони Қазоқистон дар вазифаи раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ, дифоъ ва амният ва қабл аз он - муовини нахуствазир кор кардааст.

Тоқаев савганд ёд кард

Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 20-уми март ба унвони иҷрокунандаи мақоми президенти Қазоқистон савганд ёд кард. Нурсултон Назарбоев, ки аз се даҳа ба ин тараф қудратро дар ин кишвари саршор аз сарватҳои табииӣ раҳбарӣ мекард, рӯзи 19-уми ба таври ғайримунтазир эълон намуд, ки аз мақомаш канор меравад.

Тоқаеви 65-сола, ки таҳсилкардаи Маскав мебошад ва дар мақомҳои нахуствазир ва вазири умури хориҷии Қазоқистон низ ифои вазифа намудааст, дар ин авохир раиси сенати он кишвар буд.

Баъд аз адои савганд дар нишасти муштари порлумони Қазоқистон, Тоқаев пешниҳод кард, ки ба поси хизматҳои раиси ҷумҳури қаблӣ, пойтахти он кишвар шаҳри Остона ба номи Нурсултон Назарбоев гузошта шавад. Ӯ ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳайкали Нурсултон Назарбоевро дар шаҳри Остона гузоранд ва ҳама хиёбонҳои марказӣ дар шаҳрҳои хурду калони он кишвар ба номи ӯ гузошта шаванд.

Нурсултон Назарбоев рӯзи гузашта зимни эълони истеъфои худ ва муаррифии Тоқаев ба унвони иҷрокунандаи мақоми раиси ҷумҳур, гуфт, "бовар дорад, ки ӯ Қазоқистонро раҳбарӣ карда метавонад". Тоқаев дар гузашта ба ҳайси дипломати Созмони Милали Муттаҳид дар Женева фаъолият намуда, бо забонҳои қазоқӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ озодона сӯҳбат мекунад.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзӣ 19-уми март изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои "зич"-и он кишвар бо Қазоқистон пас аз истеъфои Назарбоев ҳам идома хоҳад ёфт. "Амрико ва Қазоқистон аз робитаҳои зичи дуҷониба бархӯрдор мебошанд. Мо интизор дорем, ки ин идома ёбад",- гуфтааст сухангӯи Кохи Сафед.

Нурсултон Назарбоев дар моҳияи янари соли 2018 ба Амрико сафар намуда ва бо президент Доналд Трамп роҷеъ ба масоили мухталиф, аз ҷумла амнияти минтақа, масоили иқтисодӣ ва муносибатҳои дуҷониба гуфтугӯ намуда буд.

Назарбоев гуфт, аз мақомаш меравад, вале бо мардум мемонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:37 0:00

Назарбоев рӯзи гузашта дар паёми телевизионии худ гуфт, бо вуҷуди канор рафтан аз мақоми раиси ҷумҳури Қазоқистон, ӯ ба унвони "элбаси" ё "пешвои миллат" боқӣ мемонад.

"Бар асоси қонун ман мақоми нахустин раиси ҷумҳури Қазоқистон, Элбасӣ ва пешвои миллатро дорам. Ман раиси Шӯрои амнияти миллӣ мемонам, ки бар асоси қонун салоҳиятҳои ҷиддии муайян кардани сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии кишварро дорад. Ман раиси Ҳизби "Нур Отан" ва узви Шӯрои конститутсионӣ мемонам. Яъне ҳамчун як шаҳрванди кишвар, ҳамчун инсоне, ки мардум ва кишварашро дӯст медорад, бо Шумо мемонам."

Сухангӯи ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могерини аз Назарбоев барои ислоҳот ва нақши ӯ дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ситош кардааст.

Сухангӯи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қазоқистон гуфтааст, ки Назарбоев аз тасмими канор рафтани худ аз мақом бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин низ сӯҳбат карда буд. Вай афзуд, ки ду раҳбар ба идомаи ҳамкории пайваста дар оянда мувофиқат карданд.

Ба унвони раиси ҷумҳур, Нурсултон Назарбоев бо Русия муносибатҳои хеле мустаҳкам барқарор карда буд ва барои рушди кишвараш аз Аврупо ва Амрико низ сармоягузоронро ҷалб кард.

Аз сӯи дгар, гурӯҳҳои ҳуқуқи башар борҳо Назарбоевро барои саркӯби мухолифону дигарандешон ба хотири тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш интиқод кардаанд. Ва истеъфои Назарбоев дар ҳоле эълон шуд, ки моҳҳои охир дар чанд шаҳри Қазоқистон бо талаби беҳтар кардани шароити иҷтимоӣ эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ҷараён гирифтанд ва дар баъзеи онҳо ошкоро истеъфои Назарбоев талаб мешуд. ​

XS
SM
MD
LG