Пайвандҳои дастрасӣ

Наврӯзи Яғноб дар Варзоб. ВИДЕО


Яғнобиҳо дар Тоҷикистон таҷлили иди Наврӯзро аз даҳаи аввали моҳи март ва бо маъракаи “чумчапартоӣ” (қошуқ) оғоз мекунанд.

Бобоҷон Ниёзов, сокини деҳаи Дуғобаи ноҳияи Варзоб, ки дар онҷо асосан зодагони Яғноб зиндагӣ мекунанд, гуфт, "чумчапартоӣ" мисли фолгирӣ аст. "Агар чумча рӯ ба боло афтад, соли арзонӣ мешавад, вагарна соли бад", - шарҳ дод ӯ.

Солҳои 60-уми асри гузашта зодагони Яғнобро аз кӯҳистон ба деҳаи Дуғобаи ноҳияи Варзоб кӯчонданд. Ҳоло дар инҷо 70 хонавода зиндагӣ мекунанд ва Наврӯзро ба шеваи гузаштагони худ ҷашн мегиранд.

Яғнобиҳо ба фарқ аз дигарон дар Наврӯз "чанголӣ" омода мекунанд. Ҳар кас аз хонаи худ нону шир ва равған меорад. Солмандон дар гирди суфра ё дастархон нишаста, нон дар табақҳо реза ва бо ширу равған омехта мекунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Наврӯз, соли нави яғнобиҳо дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:46 0:00

Ҳикмати ин хӯрокро солмандон дар он медонанд, ки нону намаки ҳамдеҳагон якҷо карда мешавад ва бовар доранд, ин амал мардумро ба ҳам наздик месозад.

Мирзосафар Алиев, сокини деҳаи Дуғобаи ноҳияи Варзоб, гуфт, "вақте дар лаган ҳамаи нонро якҷо кардем, ба кӯдакон низ тақсим карда медиҳем. Ба кӯдакон хурсандии наврӯзӣ мебахшад."

Мардуми Яғноб, ки забон ва оини Суғди қадимро ҳифз кардаанд, таҷлили Наврӯзро аз 8-уми март шуруъ мекунанд. Чун Яғноб дар баландии куҳ ҷойгир аст ва шуғли сокинон асосан заминдориву чорводорист, ҷашни Наврӯз як навъ ҷамъомади машваратӣ барои кишту кори баҳорӣ ҳам унвон мешавад.

Яғнобиҳои Дуғоб мегӯянд, талош доранд, ки фарҳанги ниёкони худро ҳифз намоянд. Дар наврӯзи яғнобиҳо мардҳо дастархондорӣ карда, хӯрданиву шириниҳоро омода мекунанд. Ба занҳо ва нафарони бемор, ки ба базмгоҳ намеоянд, аз хӯрокҳои наврӯзӣ мебаранд.

Яғноб водиест дар баландиҳои қаторкӯҳҳои Зарафшон. Дар 32 деҳа чаҳор ҳазор нафар мезистанд ва аксари онҳоро асри гузашта иҷборӣ ба ноҳияҳои Зафаробод ва Варзоб кӯчонданд. Забони яғнобӣ ягона ёдгорӣ аз Суғди бостон аст. Ин кӯчондани иҷборӣ забон ва фарҳанги онҳоро ба хатари маҳвшавӣ дучор кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG