Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, ки озод мешавад" -- парвандаи Самиев ба додгоҳ рафт


Наим Самиев.

Парвандаи Наим Самиев, узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ахиран ба додгоҳ ирсол шуд. Дар парвандае, ки баъди тафтишот ба додгоҳ ирсол шуд, Самиев бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ гумонбар дониста мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли наздиконаш, ба Самиев, ки охири ноябри порсол дар шароити мармуз дар Чеченистони Русия нопадид шуд ва танҳо баъди як ҳафта мақомоти тоҷик дар як боздоштгоҳ нигаҳдорӣ шудани ӯро эътироф карданд, ваъдаи афв дода шуда буд.

Наимҷон Самиеви 56-сола, ки солҳои 2008-2012 раиси дафтари ҳизб дар вилояти Суғд буд ва баъдан раиси ҳизб дар Исфара буд, аз соли 2014 ба ин тараф ҳамроҳ бо тамоми аҳли хонаводааш дар Русия зиндагӣ мекард.

Муфаттиши парвандаи Саимиев мегӯяд, парвандаи ҷиноятӣ дар нисбати ӯ аз ҷониби тафтишот ба анҷом расонида шуда, ба Додгоҳи ноҳияи Исфара фиристода шудааст.

Бар асоси иттилои наздикон ва ҳам нусхаи аризаи дастнависи худи Самиев ба унвонии сохторҳои интизомии Тоҷикистон, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин сиёсатмадори собиқ бар асоси моддаи "ғайриқонунӣ расонидан, ҷойгир намудан ва ба кор андохтани воситаи тарканда" (195, қ.1), "ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта" (307) ва "иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ" (187), гумонбар дониста мешавад.

Худи ӯ ва наздиконаш мегӯянд, ки Самиев ин гуноҳҳоро эътироф намекунад ва дар номае, ки дар боздоштгоҳ навиштааст, "бозгашти ихтиёрӣ" ва "умедворӣ ба афв"-ро баён кардааст. Самиев гуфтааст, ба ваъдаи мақомот дар бораи он, ки мухолифони ихтиёранбаргашта аз пайгарди ҷиноӣ озод ва афв мешаванд, бовар дорад.

Вале ҳоло, ки парвандааш ниҳоӣ ва ба додгоҳ ирсол шуда, дар он на як, балки се иттиҳом ворид шудааст, нигаронии ӯву наздиконашро дар бораи пушти панҷара рафтани ӯ зиёд кардааст. Ӯ дар аризааш навиштааст, ки агар тибқи эзоҳҳои Кодекси ҷиноӣ мақомот ӯро авф кунанд, афроди зиёде аз Русия ва кишварҳои дигар, ки дар кофтукови ҷиноӣ ҳастанд, ихтиёран бармегарданд.

"Ваъда доданд, ки озод мекунем"

Абдурашид Самиев, писари Наим Самиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш аз 3-юми декабри соли 2018 дар як боздоштгоҳи вилояти Суғд қарор дорад. Абдурашид гуфт. "Кормандони мақомот доим ваъда мекарданд, ки падаратонро озод мекунем, "имрӯзу пагоҳ", "ин ҳафтаву ҳафтаи дигар" мегуфтанд. Ба бобоям ду дафъа иҷозат доданд, ки рафта бо падарам вохӯранд, аммо ба ман иҷозаи дидор надоданд".

Ба суоли ин, ки ваъдаи афв дар кадом сатҳ дода шуда буд, Абдурашид Самиев гуфт, ки чанде аз мақомдорони Вазорати умури дохилӣ, аз ҷумла Шуҳрат Раҳматзода, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд дар ҳузури ӯ ва бобояш гуфтааст, ки Самиев озод мешавад.

Наимҷон Тоҷизода, муфаттиши парвандаи Самиев дар Додситонии Суғд авоили ин ҳафта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи ҷиноятии Самиев аз ҷониби тафтишот ба "анҷом расонида шуда ба суди ноҳияи Исфара фиристода шудааст". Тоҷизода гуфт, "минбаъд суд ин масъаларо баррасӣ мекунад" ва аз ин бештар дар ин робита суҳбат накард.

Дар пайи ҳодисаҳои сентябри соли 2015 даҳҳо фаъоли ҲНИТ боздошт ва зиндонӣ шуданд.
Дар пайи ҳодисаҳои сентябри соли 2015 даҳҳо фаъоли ҲНИТ боздошт ва зиндонӣ шуданд.

Пайвандони Самиев мегӯянд, ки то як ҳафта пеш Зебо Қурбонова, як адвокати таъинкардаи давлат аз ҳуқуқҳои ӯ ҳимоят мекард ва ҳафтаи гузашта онҳо вакили дифои дигарро киро карданд. Гулрухсор Яҳёева, вакили нави Самиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳанӯз ба матни пурраи парванди зерҳимояааш ошно нашудааст ва наметавонад дар мавриди он ибрози назар кунад.

Самиев чӣ гуна аз Чеченистон "ғайб" зад?

Қазияи Наим Самиев охири моҳи ноябр нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуд. Ба иддаои наздикон ва ҳам бархе ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия, Наим Самиев рӯзи 30-уми ноябри соли 2018 аз шаҳри Грознийи Чеченистони Русия нопадид шуд. Наздиконаш аз он ки ӯ нопадид шуда эҳтимолан бидуни хоҳишаш ба Тоҷикистон истирдод шудааст, изҳори нигаронӣ карданд.

Чанд созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла созмони Human Rights Vision Foundation гуфт, ки Самиев дар Чеченистон “рабуда” ва рӯзи 4-уми декабр аз фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав ба Душанбе истирдод шуд.

Вале мақомоти Тоҷикистон, ки дар оғоз ин хабарро на рад на тасдиқ намекарданд, танҳо рӯзи 5-уми декабр гуфтанд, ки ӯ дар Душанбе аст ва мавриди бозпурсӣ қарор дорад. Дар аризаи Самиев ба номи сохторҳои интизомӣ аз дохили боздоштгоҳ навишта шудааст, ки ӯро "кормандони ФСБ-и Русия дар Чеченистон боздошт ва ба шаҳри Ставропол интиқол доданд".

Дар оғози моҳи феврал як навори видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии YouTube нашр шуд, ки дар он Наим Самиев дар як утоқе нишаста мегӯяд, ки "касе ӯро боздошт накардааст" ва "аз шаҳри Маскави Русия бо ихтиёри худ ба Душанбе омада худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардааст".

Бо назардошти он, ки дар гузашта чанде аз пайравони ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва созмони дигари мамнӯи "Гурӯҳи-24" пас аз айни чунин "худиқрориҳо"-и видеоӣ мавриди афв қарор гирифта буданд, пайвандони Самиев низ гуфтанд, ки пас аз дидани ин навор умедашон ба татбиқи афв бештар шуд. Аммо ҳоло мегӯянд, ки зоҳиран, "кор ранги дигар гирифт".

ҲНИТ пас аз ошӯби генерал Назарзода

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015, баъди ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифоъ, мамнӯъ карданд ва ин ташаккули сиёсӣ "созмони террористӣ" эълон шуд.

Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон.
Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон.

Мақомот масъулияти ошӯби хунинро ба дӯши ин ҳизб вогузор карданд, вале ҲНИТ ин иттиҳомро қотеона рад карда мегӯяд, ҳадафи мақомот аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани як ҳизби мухолифи ҳукумат буд.

Баъди ошӯб даҳҳо мақоми баландпоя ва аъзои қатории ҳизбро ба зиндон маҳкум карданд ва даҳҳо нафари дигарашон, ки ба хориҷ рафтаанд, дар пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Давлати Тоҷикистон соли 2014 ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид кард, ки бар асоси он, афроде, ки дар узвият ба созмонҳои ифротию террористӣ гумонбаранд, дар сурати ба мақомот иқрор шудан ва изҳори пушаймонӣ кардан, афв мешавад.

Ваъдаи афви "гумроҳон"

Президент Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғози соли равон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки афроди, ба гуфтаи ӯ, "гумроҳшуда"-ро аз хориҷ ба ватан баргардонанд. Дар матни ин амр шарҳ дода нашудааст, ки манзур аз афроди "гумроҳшуда" кист. Вале тайи солҳои охир мақомот бештар пайравони созмонҳои мамнӯи сиёсиро бо ҳамин ном муаррифӣ мекунанд.

Вале зоҳиран эътимод ба барномаи бозгашти ихтиёрӣ ва замонати афв ва озод шудани гумонбарони сиёсӣ чандон баланд нест. Қазияи Шарофиддин Гадоев, раҳбари собиқи "Гурӯҳи 24" ва як мунаққиди ҳукумати Тоҷикистон шубҳаи мухолифон ба бозгашти амнро бештар кард.

Шарофиддин Гадоев.
Шарофиддин Гадоев.

Гадоев баъди он, ки 14-уми феврали имсол дар Маскав аз ҷониби ходимони интизомии Русия рабуда ва бидуни ихтиёр ба Тоҷикистон интиқол ёфт, таҳти фишорҳои созмону кишварҳои хориҷӣ тавонист 1-уми март дубора ба Аврупо баргардад.

Гадоев ҳам мисли Самиев дар чандин видеоҳои таҳияшуда аз ҷониби сохторҳои интизомӣ аз мавқеи мухолифаташ ба мақомоти тоҷик изҳори "пушаймонӣ" кард, вале баъди озод шудан гуфт, ки дар ин видеоҳо мувофиқи хости мақомот амал кардааст ва ҳеҷ гоҳ ният надошт, ки ба Тоҷикистон биравад.

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Human Rights Watch мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон мухолифону мунаққидонашро дар хориҷа таъқиб мекунад ва то ҳол тавонистааст бо кӯмаки сохторҳои амниятии Русия даҳҳо нафарро рабуда ба Тоҷикистон биёрад. Мақомот дар Тоҷикистон ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG