Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

У.Тошев: "Вазифаи мо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳхат гирифтан аст"


Усмон Тошев.
Усмон Тошев.

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Хуҷанд рӯзи 20-уми март барои ширкат дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба Тошканд расид.

Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, ҳамроҳи худ ба Тошканд 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар овардааст. Ба дастаи мунтахаби кишвар аз ҳама бештар аз бошгоҳҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва ССКА «Помир»-и Душанбе – 6-нафарӣ – шомил гардидаанд.

Се дастаи беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.

Футболбозони ҷавони тоҷик бо раҳбарии Усмон Тошев бегоҳи 20-уми март дар яке аз майдонҳои Академияи «Бунёдкор» тамрин карданд.

Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “F” бо ширкати се дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон – аз 22-юм то 26-уми март дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Тошканд баргузор мешавад.

Нахуст рӯзи ҷумъаи 22-юми март бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Ҳиндустон доир мегардад. Дар даври дуюм рӯзи якшанбеи 24-уми март дастаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон рӯбарӯ мешаванд. Дар даври охирин рӯзи сешанбеи 26-уми март футболбозони ҷавони Узбекистон ва Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд.

Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки омодагиро ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё моҳи январ шуруъ кардаанд. Ӯ афзуд, омодагӣ аз рӯи нақшае, ки бо Федератсияи футболи Тоҷикистон тарҳрезӣ намудем, ҷараён дошт. Бо кӯмаки ФФТ ҷамъомадҳои худро гузарондем. Дар Қатар, Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб будем. Бачаҳо ба мусобиқот хуб омодагӣ гирифтаанд. Вазифаи мо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳхат гирифтан аст.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони ёздаҳ гурӯҳ, инчунин чор дастаи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ пайдо мекунанд.

Агар мизбони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи аз рӯи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат мегирад.

Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ширкат дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Алишер Холмуродов («Регар-ТадАЗ»), Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Оятулло Сафаров, Доробҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарсе аз ССКА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хатлон»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Сорбон Авғонов (ҳарду аз «Хатлон»), Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (ҳарсе аз ССКА «Помир»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Саидмухтор Азимов («Кӯктош»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Амирҷон Сафаров («Кӯктош»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23)

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

22 март (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 17:00

Ҳиндустон – Узбекистон

Даври 2-юм

24 март (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 17:00

ТоҷикистонҲиндустон

Даври 3-юм

26 март (сешанбе)

Оғози бозӣсоати 17:00

Узбекистан – Тоҷикистон

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG