Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Якутск ором шуд. Муҳоҷирони тоҷик ба ҷои кори худ баргаштанд


Эътирози сокинони Якутск зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ. рӯзи 18-уми марти соли 2019
Эътирози сокинони Якутск зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ. рӯзи 18-уми марти соли 2019

Муҳоҷирони тоҷик баъди як ҳафта аз ташаннуҷи вазъ дар Ёқутистон (Якутия) дубора ба кори маъмулии худ оғоз кардаанд. Хабари таҷовузи як зан аз тарафи муҳоҷире аз Қирғизистон, дар ҳафтаи гузашта, боис ба эътирози сокинони шаҳри Якутск, маркази Ёқутистон ва ҳамлаҳо ба муҳоҷирон шуда буд.

Баъди чанд рӯз шикояти сокинон зиёд шуд. Худи мақомот муҳоҷиронро ташвиқ карданд, ки ба кор бароянд

Чанд талаби нерӯҳо аз муҳоҷирон​

Музаффар Сангалиев, раиси ҷамъияти тоҷикон дар Ёқутистон, рӯзи 22-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ташаннуҷи вазъ пас аз як маҷлис дар ҳукумати шаҳри Якутск бартараф шуд. Дар ин ҷаласа раиси шаҳр, аъзои ҳизбҳои оппозитсионӣ ва намояндагони қавмҳо иштирок кардаанд. Онҳо дар назди ҷамъиятҳо чанд талаби худро пеш гузоштаанд, то ба гӯши муҳоҷирон расонда шавад.

"Онҳо гуфтанд:

бисёре аз муҳоҷирон ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ҳастанд ва дар он парчами кишвари худро мегузоранд;

садои мусиқии миллии худро баланд мемонанд;

бо забони модарии худ баланд суҳбат мекунанд.

Гуфтанд, ки ба мусофирон ин чиз писанд нест ва хостанд, ки муҳоҷирон ба урфу одат ва муқаддасоти ин ҷумҳурӣ эҳтиром гузоранд", - гуфт Сангалиев.

Ҷамъияти тоҷикон дар Ёқутистон бинобар авҷ гирифтани эҳсосоти миллӣ ва зиёд гаштани ҳамлаву таҳдид ба муҳоҷирон аз тоҷикон хоста буд, ки чанд рӯз аз макони зисти худ ба берун набароянд. Музаффар Сангалиев мегӯяд, айни замон вазъият дар шаҳр ба ҳолати маъмулӣ баргаштааст.

"Чанд шаб хоб набудем"

Аҳмадҷон Расулов
Аҳмадҷон Расулов

Аҳмадҷон Расулов, муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Якутск, пас аз як ҳафтаи нооромиҳо рӯзи 22-юми март дубора ба таъмири хона машғул шуд. Ӯ гуфт, "панҷ рӯзи охир вазъият хеле бад буд. Чанд шаб умуман хоб нарафтем. Дар охири кӯчае, ки зиндагӣ мекунем, гурӯҳе ба утоқи як муҳоҷири тоҷик ҳамла карда ӯро заданд. Дар кӯчаҳо миллатгароён мегаштанд ва ба муҳоҷирон, новобаста аз миллат, ҳамла мекарданд", - афзуд ӯ.

Ин муҳоҷири кории тоҷик тобистони соли 2018 ҳамёни соҳибкори рус Вячеслав Владимировро бо 100 ҳазор рубл баргардонд ва ӯро бо ин рафтори хубаш ҳайрон карда буд. Зери навори бозгардонидани ҳамёни пури пул дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон ба ӯ садҳо офарин хонданд.

Аҳмадҷон мегӯяд, акнун сокинони маҳаллӣ барои рафтори нохуби як муҳоҷир аз ҳамаи муҳоҷирон қасос гирифтанӣ ҳастанд, ки "одилона нест".

Ташаннуҷ дар Якутск, маркази Ёқутистон дар Русия, рӯзи 17-уми март дар ҳоле оғоз шуд, ки пулис шаҳрванди 23-солаи Қирғизистонро бо гумони рабудан ва таҷовузи як зани 36-сола дастгир кард. Ин хабар боис ба гиридиҳамоии 5-ҳазорнафарӣ дар Якутск шуд.

Дар пай ҳамлаҳои гуруҳии қавмгароён ба муҳоҷирон шурӯъ шуд. Пулиси Русия дар Ёқутистон як гуруҳро бо гумони ҳамла ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ боздошт кард.

"Шикоят зиёд шуд, мақомот муҳоҷиронро ба кор хонданд"

Неъматулло дар шаҳри Якутск ба сохтмон машғул аст. Ӯ гуфт, ки дар як ҳафтаи кор накардани муҳоҷирон зиндагӣ дар шаҳр тақрибан ба ҳам зад.

"Автобусҳо сари вақт намегаштанд. Аксари ронандагон муҳоҷир ҳастанд, аз ҷумла тоҷикон. Дар инҷо автоубс 10 дақиқа дер кунад, одамро сармо мезанад. Ҳаво 25-30 дараҷа сард аст. Ба замми ин, аксар савдогарони дӯконҳои меваю сабзавот қирғизҳоянд. Инҳо низ аз хавфи ҳамла дӯконҳоро бастанд. Баъди чанд рӯз шикояти сокинон зиёд шуд. Худи мақомот муҳоҷиронро ташвиқ карданд, ки ба кор бароянд", - нақл кард ӯ.

Неъматулло гуфт, ин ҳама рӯз алорағми таҳдидҳо ва нигоҳҳои хашини афтрофиён ӯ ба кор рафта меомад. Мегӯяд гуруҳҳое, ки зидди муҳоҷирон бархостанд, аксаран аз деҳоти атроф омада буданд, вале мардуми шаҳр муҳим будани кори муҳоҷиронро дарк мекунанд. ​

Расонаҳо ба хусумати қавмӣ доман мезананд?

Музаффар Сангалиев мегӯяд, дар шабу рӯзе, ки мавзӯи муҳоҷирон ва бархӯрди аҳолии бумӣ бо "бегонаҳо" доғ гашта буд, яке аз нашрияҳои маҳаллӣ – “Вечерний Якутск” - бо сарлавҳаи ҳангомабарангезе нашр шуд. Дар он гуфта мешуд, ки гӯиё шаҳрванди 20-солаи тоҷик ба номуси як духтари 14-сола дастдарозӣ кардааст.

Сангалиев гуфт, дар асл ин хабар аз тирамоҳи соли 2018 аст, вале ноширон маҳз дар ҳамин шабу рӯзи ҳассос онро нашр карданд. "Ин духтару писар якдигароо дӯст медоштаанд. Модари ӯ ба мақомот муроҷиат карда буд, мо дар рафти тафтишот ҳузур доштем. Духтар иброз дошт, ки ҷавонро дӯст медорад ва ҳама чиз бо хоҳиши ду ҷониб сурат гирифтааст”, - шарҳ дод ӯ.

Сангалиев гуфт, дар мавриди чунин матлабҳои ба қавли ӯ "иғвобарангез" бо масъулони бахши матбуоти Ёқутистон суҳбат дошт ва ноширонро низ ба таҳаммулгароӣ даъват кард.

Дар кишвари Ёқутистони Русия беш аз 2 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо дар бахши сохтмон ва мусофиркашонӣ фаъолият доранд.

Нархи патенти кор дар ин минтақаи хеле сарди Русия аз дигар манотиқ гарон буда, беш аз 9 ҳазор рубл аст. Аммо бинобар болотар будани мизони маош ва даромади аҳолӣ муҳоҷирон боз ҳам ба ин минтақа барои кор мераванд.

XS
SM
MD
LG