Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Мюллер гузориши деринтизорашро ба додситон супурд. ВИДЕО


Роберт Мюллер, прокурори вижа ва масъули таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико, гузориши ниҳоии худро ба додситони кул Виллиам Бар супурд. Додситони кулли Амрико дар номае тасдиқ кард, ки гузоришро дарёфт кардааст. Нома рӯзи 22-юми март нашр шуд.

ГУЗОРИШИ ВИДЕОӢ ДАР ИНҶОСТ:

Роберт Мюллер гузориши деринтизорашро ба додситон супурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:43 0:00

Мо гузориши пурраро мехоҳем. Мехоҳем, пеш аз он ки раиси ҷумҳур тавонад гузоришро ислоҳ кунад, онро бубинем

Додситони кулли Амрико дар нома, ки барои шуморе аз аъзои баландпояи Маҷлиси Намояндагон ва Сенати Амрико фиристода шудааст, мегӯяд, то охири ҳафта нуктаҳои асосии гузоришро ба Конгресс пешниҳод хоҳад кард. Вазорати адлия, Конгресс ва Кохи Сафед гуфтаанд, аз Виллиам Бар вобаста аст, ки чи қадар аз гузоришро нашр мекунад.

Пеш аз ин Виллиам Бар гуфта буд, ӯ қасд дорад бахши бузурги гузоришро дар ихтиёри омма қарор диҳад. Ӯ дар номаи рӯзи ҷумъа низ таъкид кардааст, худро муваззаф медонад то ҷое ки мумкин аст, шаффоф кор кунад.

Аммо қонунҳо дар ин замина ихтиёроти зиёде ба додситонии кулли Амрико додаанд, ки ҳар чӣ қадаре аз гузоришро мехоҳад нашр кунад. Ва ба ҳамин хотир ин нигаронӣ дар Конгресс вуҷуд дорад, ки Кохи Сафед мехоҳад муҳтавои онро пинҳон созад.

Эрик Сволвел, вакили демократ, ба шабакаи телевизионии CNN гуфт, "мо гузориши пурраро мехоҳем. Мехоҳем, пеш аз онки раиси ҷумҳурӣ битавонад гузоришро ислоҳ кунад, онро бубинем."

Маҷлиси Намояндагон аввали моҳи ҷорӣ бо 420 раъйи мувофиқ ва 0 раъйи мухолиф хоста буд, ки гузориши Роберт Мюллер дар ихтиёри умум гузошта шавад.

Ненси Пелоси ва Чак Шумер
Ненси Пелоси ва Чак Шумер

Ненси Пелоси ва Чак Шумер, раҳбарони демократҳо дар Маҷлиси Намояндагон ва Сенат рӯзи 22-юми март таъкид карданд, ки нашри пурраи гузориш “зарурӣ аст” ва Кохи Сафед набояд таъйин кунад, ки кадом бахши он чоп шавад ва кадоме – на. Ин ду чеҳра дар як баёнияи муштарак гуфтанд, "мардуми Амрико ҳаққи инро доранд, ки аз ҳақиқат огоҳ шаванд".

Чак Шумер баъди он ба хабарнигорон гуфт, то вақте ки аъзои Конгресс ба гузориши пурра дастрасӣ надошта бошанд, аз ин гузориш ҳеч натиҷагирӣ нахоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Руди Ҷуилианӣ, вакили шахсии Доналд Трамп, гуфт, вакилони раиси ҷумҳури Амрико мехоҳанд қабл аз он ки гузориши Роберт Мюллер ошкор шавад, онро бубинанд.

Сара Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед дар Твиттер навишт, мақомоти Кохи Сафед ҳанӯз ин гузоришро надида ва аз ҷузъиёти он хабар надоранд. Сандерз гуфтааст, Виллиам Бар тасмим мегирад, ки иқдоми муносиби баъдӣ чӣ хоҳад буд.

Митч Макконнелл
Митч Макконнелл

Митч Макконнелл, раиси ҷумҳурихоҳи Сенати Амрико аз поёни таҳқиқоти Мюллер истиқбол кард. Ӯ гуфт, "бисёре аз ҷумҳурихоҳон муддатҳост, бовар доранд, ки Русия таҳдид алайҳи манфиатҳои Амрико ба шумор меравад."

Макконнелл афзуд, умед дорад, ки гузориш ба Иёлоти Муттаҳида кумак мекунад, то битавонад аз демократияи худ муҳофизат намояд.

Таҳқиқоти Роберт Мюллер дар бораи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико ва иртиботи намояндагони Доналд Трамп бо мақомоти Маскав соли 2017 оғоз шуд. Бахше аз таҳқиқот ба ин мавзуъ мепардозад, ки оё Трамп ҳеч талоши ғайриқонунӣ барои ҷилавгирӣ аз иҷрои адолат ва анҷоми таҳқиқот кардааст ё не.

Баъзе аз иқдомҳои Доналд Трамп, аз ҷумла дархости ӯ аз Ҷеймс Коми, раиси пешини FBI, барои пайгирӣ накардани тамосҳои Майкл Флин бо Русия ва ихроҷи Ҷеймс Коми аз мавзуъҳои таҳқиқи Роберт Мюллер будааст. Майкл Флин аввалин мушовири амнияти миллии Амрико дар ҳукумати Доналд Трамп буд, ки муддати хеле кӯтоҳ дар ин мақом кор кард.

Ҷеймс Коми
Ҷеймс Коми

Мюллер дар тӯли таҳқиқоти худ беш аз 30 нафарро бо иттиҳомҳои гуногун ба додгоҳ кашид. Аз ҷумла, Майкл Флин, Пол Манафорт, раиси собиқи ситоди интихоботии Трамп ва Роҷер Стоун, мушовири ғайрирасмии Трамп.

То ба имрӯз ҳеч кадом аз ин иттиҳомҳо ба таври мустақим бо ин пурсиш марбут набудааст, ки оё ҳеч ҳамкорӣ миёни наздикон ё аъзои ситоди интихоботии Трамп бо мақомоти Русия вуҷуд доштааст ё не.

Мюллер дар таҳқиқоти худ ҳамчунин беш аз даҳ маъмури амнияти Русияро, ки дар ҳак шудани компютери афроди баландмақоми демократҳо нақш доштаанд, ҳадаф қарор додааст.

Таҳқиқоти Роберт Мюллер борҳо хашми Доналд Трампро ба бор оварда ва ӯ ин таҳқиқотро “шикори ҷодугар” номидааст. Трамп дар айни ҳол иттиҳоми ҳамкорӣ бо мақомоти Русияро рад мекунад.

Русия низ натиҷаи таҳқиқоти ниҳодҳои амниятии Амрикоро дар бораи нақши Маскав дар интихоботи се соли пеш дар рад мекунад. Ниҳодҳои амниятии Амрико мегӯянд, Маскав бо иқдомоти киберии худ талош кардааст, Ҳилларӣ Клинтон, номзади демократҳоро дар интихоботи соли 2016 бе эътибор созад ва паллаи тарозуро ба фоидаи Трамп вазнинтар кунад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG