Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд Ҳиндустонро шикаст дод


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар бозии нахустинаш дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "F" тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Ин бозӣ бегоҳи 24-уми март дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд. Нимҳимоятгар Далер Ёдгоров дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 31-ум, ҳисобро боз кард. Голи дуюми мунтахаби олимпии Тоҷикистонро нимҳимоятгар Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 85-ум ба ҳадаф расонд. Ҳарду бозигар аз бошгоҳи футболи ССКА “Помир”-и Душанбе ҳастанд.

Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “F” дар шаҳри Тошканд бо иштироки се дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон – ҷараён дорад.

Нахуст рӯзи 22-юми март бозӣ дар ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Узбекистон ва Ҳиндустон баргузор шуд. Дастаи мизбон – Узбекистон, ки қаҳрамони феълии Осиё ба шумор меравад, бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳи “F” дастаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Узбекистон ҷойи аввалро касб намудааст. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Мунтахаби Ҳиндустон, ки дар ҳарду бозӣ шикаст хӯрд, бидуни имтиёз ҷойи сеюмро ишғол кард ва аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё маҳрум шуд.

Тақдири роҳхати ягона аз гурӯҳи “F” дар даври охирини мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё рӯзи сешанбе, 26-уми март, дар бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Узбекистон ва Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Тошканд соати 17:00 шуруъ мешавад.

Мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “вазифаи мо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ пайдо кардан аст. Бинобар ин муборизаро идома медиҳем. Дар бозӣ муқобили дастаи мизбон - мунтахаби Узбекистон тамоми қувваю маҳоратамонро баҳри ғалаба сафарбар мекунем. ”

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони ёздаҳ гурӯҳ, инчунин чор дастаи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Агар мизбони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи аз рӯи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.

Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23)

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

22 март (ҷумъа)

Ҳиндустон – Узбекистон – 0:3

Даври 2-юм

24 март (якшанбе)

Тоҷикистон – Ҳиндустон 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

1

1

0

0

3-0

3

2

Тоҷикистон

1

1

0

0

2-0

3

3

Ҳиндустон

2

0

0

2

0-5

0

Даври 3-юм

26 март (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

Узбекистан – Тоҷикистон

Тошканд, варзишгоҳи “Пахтакор”

XS
SM
MD
LG