Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чорво ё чарогоҳ? “Интихоби мушкил”-и Тоҷикистон. ВИДЕО


Як гурӯҳ аз донишмандони тоҷик ба мақомот маслиҳат додаанд, ки саршумори чорворо дар кишвар кам кунанд, вагарна ҳазорҳо гектар замин беҳосил ва бо гузашти замон ба биёбон табдил хоҳанд шуд.

Онҳо бовар доранд, ки саршумори чорво нисбат ба чарогоҳҳо бештар шудааст ва зӯри алафзорон барои хӯрондани ҳамаи гову гӯсфандон намерасад. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи мутахассисон, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ҳосили чарогоҳҳо низ кам шудааст.

Мақомот то ҳанӯз ба ин маслиҳат ҷавоб надодаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар кишвар беш аз 2 миллион гов ва 5 миллион гӯсфанд шумурда шудааст. Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳудуди кишвар тақрибан 4 миллион гектар чарогоҳ муайян шудааст ва он манбаи асосии таъмини хӯроки чорвост.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, гову гӯсфандҳоро кам кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

“Аз ин ҳисоб панҷоҳ дарсад чарогоҳи тобистона ва боқимонда чарогоҳи зимистонаву баҳорӣ ва доимӣ мебошад”, - гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Ин тақсимбандии бист соли пеш аст ва ҳоло аксар чарогоҳҳо ба хоҷагиҳои деҳқониву кишоварзӣ ва хусусӣ табдил шудаанд. Масоҳати ба истилоҳ чарогоҳҳои “бесоҳиб” камтар аст.

Толибҷон Эргашев, корманди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло на ба шумора, балки бояд ба сифати чорво таваҷҷӯҳ карда шавад.

“Мардум вобаста ба тавоноии худ чанд сар чорвоеро, ки хоҳанд, парвариш мекунанд. Аммо мушкил дар он аст, ки чорвоҳо хушзот нестанд. Чорвои хушзот танҳо дар хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ парвариш карда мешавад. Мардум чарогоҳ надоранд ё як чарогоҳи хурдро гаштаву баргашта истифода мекунанд”, - гуфт ӯ рӯзи 24-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Бо ин ҳол, чорвои хурду калон барои ҳафтод дарсад аз аҳолии Тоҷикистон, ки дар деҳот ба сар мебаранд, манбаи асосии даромад ба ҳисоб меравад.

Муҳаммад, сокини ҷавони ноҳияи Рӯдакӣ, ҳар рӯз чаҳор соат вақти худро ба нигоҳубини ду гов сарф мекунад. “Чарогоҳ”-и онҳо лаби ҷӯйбор ва ду тарафи роҳи калони мошингарди деҳаи Маданияти ноҳияи Рӯдакӣ аст. Чарогоҳҳои атроф хусусӣ шуда, танҳо барои соҳибонашон дастрасанд.

Олимони тоҷик мегӯянд, як гектар чарогоҳи ҳосилнокияш баланд метавонад як чорвои калон ё панҷ гӯсфандро сер кунад. Аммо ҳоло ёфтани чунин чарогоҳҳо мушкил аст ё иҷорааш – хеле гарон.

Нуруллоҳ, чӯпоне, ки ба нигоҳубини рамаи гӯсфандони мардум дар минтақаи Рашт машғул аст, гуфт, ҳар сол дар фасли гармо ёфтани чарогоҳ мушкил мешавад. Ӯ гуфт, ба ҳисоби миёна барои чарондани як рамаи иборат аз ҳазор гӯсфанд дар чарогоҳи мавсимӣ то 15 ҳазор сомонӣ ё муодили якуним ҳазор доллар пардохт мекунанд. Ин пул ба соҳиби чарогоҳ дода мешавад.

Манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки ҳоло соҳибони аксар рамаи гӯсфандон ва галаи аспу подаи гов мансабдорон ва сарватмандон ҳастанд. Гуфта мешавад, онҳо барои истфиодаи чарогоҳҳо ҳам абзори фишор доранд ва ҳам имкони молии бештар. Ва ин вазъият қаламрави чарои гову гӯсфандони сокинони одиро танг мекунад.

Бо ин ки донишмандону мақомот мегӯянд, теъдоди чорво дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст, солҳои охир қимати маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ дар бозорҳои кишвар ҳамеша рӯ ба гаронӣ дорад. Ҳоло як кило гӯшт аз 40 то 45 сомонӣ ва як литр шир то 5 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин нарх дар аййми иду ҷашнҳо башиддат боло рафта, ба камёфт шудани он дар бозорҳо сабаб мегардад.

XS
SM
MD
LG