Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидҷалол Саидов барандаи шоҳҷоизаи "Ҷоми пойтахт-2019" шуд


Саидҷалол Саидов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии миллӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахт-2019” бо шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрав сарфароз гашт.

Ин мусобиқа, ки ба Иди байналмилалии Наврӯз бахшида шуд, рӯзҳои 23-24-уми март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин мусобиқаи идонаи паҳлавонӣ 180 гуштигир аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карда, аз рӯи ҳашт дараҷаи вазнҳо рақобат намуданд.

Барои мукофоти аслӣ – автомашинаи сабукрав – паҳлавонон дар вазни мутлақ мубориза бурданд. Шоҳҷоиза насиби паҳлавони шинохтаи кишвар Саидҷалол Саидов гардид.

Зимнан, Саидҷалол Саидов узви дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон аст ва барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мубориза мебарад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Вазни то 60 кг
1. Муҳаммадризо Қувватов
2. Муҳаммад Муҳаммадализода
3. Меҳрзод Сӯфиев

Вазни то 65 кг
1. Баҳром Сӯфиев
2. Ёқубҷон Боқиев
3. Идибек Сафаров

Вазни то 70 кг
1. Наврӯз Каримзода
2. Парвиз Додов
3. Орифҷон Додов

Вазни то 75кг
1. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов
2. Шамоили Ҷаҳонгир
3. Мирзоҷамил Рамазонов

Вазни то 80 кг
1. Садр Боев
2. Эраҷ Абдуллоев
3. Ҳақназар Назаров

Вазни то 90 кг
1. Эмомалӣ Камолов
2. Меҳрубон Идрисов
3. Бежан Боқиев

Вазни то 100 кг
1. Саидҷалол Саидов
2. Фирдавс Насимов
3. Шарифҷон Назиров

Вазни +100 кг
1. Одил Сафаров
2. Абубакр Раҳмонов
3. Шоҳрух Амирхонов

XS
SM
MD
LG