Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эътироф"-и нави куҳна. Квачков таърихи "Фронти Халқӣ"-ро гуфт


Владимир Квачков
Владимир Квачков

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳиба ё "эътирофи" навбатии Владимир Квачков – полковники мустафъии РАИ (ГРУ), фармондеҳи бригадаи 15-уми таъйиноти махсус, ки замоне дар Узбекистон мустақар шуда буд, нашр шуд. Дар ин мусоҳиба ӯ ба тафсил чӣ гуна дар соли 1992 бо талошҳои бригадаи ӯ эҷод шудани “Фронти халқӣ” дар Тоҷикистонро нақл кардааст.

Он замон чанд ҳолате буд, ки мувофиқат барои қатъи хунрезӣ ҳосил шуда буд – пеш аз ҳама дар сатҳи дохилӣ. Баъдан созишномаи Хоруғ дар поёни августи соли 1992 ба имзо расид. Баъди мусоҳибаи Квачков маълум шуд, ки чаро ин тавофуқот барҳам зада шуданд.
Парвиз Муллоҷонов

Таъйиноти вижаи Русия ё Узбекистон?

"Эътирофи" нави фармондеҳи таъйиноти вижаи Шӯравӣ ва баъдан узбекистонӣ дар шакли мусоҳиба дар Ютуб рӯзи 22-юми март нашр шуд. Дар як барномаи иттилоотиву таҳлилие бо номи "Ахбори АУМАР" (Академияи улуми мушакӣ ва артирелияи Русия) "Вести РАРАН" муҷрӣ Константин Сивков мегӯяд, “соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо як натиҷаи матлуб барои Русия бо шарофати иштироки нерӯҳои Русия, аз ҷумла Бригадаи 15-уми таъйиноти махсус, ки фармондеҳаш Владимир Квачков буд, поён ёфт”.

Худи Квачков мегӯяд, баъди фурӯпошии ИҶШС бригадаи вай аз ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Русия ихроҷ карда шуд ва бо пешниҳоди ҷониби Узбекистон ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Узбекистон ба ҳайси бригадаи таъйиноти вижа ворид шуд.

“Вазифа гузошта шуд: ҳазф кунед…”

Владимир Квачков дар боздошт. Акс аз бойгонӣ
Владимир Квачков дар боздошт. Акс аз бойгонӣ

Ба гуфтаи полковник, моҳи августи 1992 баъди он ки “исломиҳо” ба қудрат расиданд, дар тавофуқ бо раҳбарони Русия, Қазоқистон ва Узбекистон вазири дифои Узбекистон Рустам Аҳмадов ба ӯ супориш додааст, ки “дар барқарор кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд” ва “ҳукумати исломиҳоро дар Душанбе ҳазф кунад”. Барои ин, ӯро фармондеҳи двизияи 201 таъйин карданд ва бригадаи 15-ум ба итоати ӯ ворид шуд, ки дар се моҳ муваззаф буд супоришро иҷро кунад.

“Пешниҳод шуда буд, ки ба нафъи неруҳои Шӯравӣ ва ба нафъи Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври куллӣ фаъолиятҳои чирикӣ дар пушти хаттҳои душман созмондеҳӣ, муҷаҳҳаз, омода ва нигаронида шаванд”, - нақл кард полковникии мустафъӣ, вале нагуфт, ки ӯ зери мафҳуми “Иттиҳоди Шӯравӣ” чиро дар назар дошт, зеро дар соли 1992 ин кишвар дигар мавҷуд набуд.

Ҷустуҷӯйи раҳбар ва муаррифии он ба Тошканд

Баъди тавассути асноди қалбакӣ дар Тоҷикистон ҳузур пайдо кардан, давом медиҳад афсар, ба ҷустуҷӯи шахси зарурӣ оғоз кардааст, то битавонад ҳаракатро раҳбарӣ кунад. “Давоми се рӯз ман бо раиси собиқи порлумони РСС Тоҷикистон (ба эҳтимоли зиёд Сафаралӣ Кенҷаев дар назар дошта шудааст), бо котибони аввали кумитаҳои вилоятҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва чеҳраҳои дигари сиёсӣ суҳбат кардам, вале ҳеч шахси арзандае пайдо накардам”, - нақл мекунад Квачков.

Ба гуфтаи ӯ ин ҳама мардум танҳо маъмурони муқаррарии ҳизбӣ буданд ва барои пешоҳанг шудан мувофиқ набуданд, ки битавонанд мардумро бихезонанд. Вале ӯ ба хотир меоварад, ки барояш номзадии як чеҳраи ҷиноӣ Сангак Сафаровро пешниҳод карданд, ки барои ин нақш ба таври олӣ мувофиқ буд. Квачков бо ёдоварӣ аз нахустин мулоқоташ бо Сафаров, мегӯяд, ӯ ба Ҳеммингуэй (нависандаи амрикоӣ) монанд буд ва дар асноди КГБ пештар бо тахаллуси “Ҳэмми” сабт шуда буд.

Баъди тавофуқ бо вазири дифоъ ва раисҷумҳури Узбекистон Ислом Кариов, Квачков эътироф мекунад, ки Сафаровро ба Тошканд барои дидор бо президент бурд ва баъди суҳбат номзадии ӯро таъйид намуд.

“Урдугоҳи чирикиҳо ташкил карда шуд”

Баъдан, ба гуфтаи полковник, бригадаи онҳо дар марзи Тоҷикистону Узбекистон урдугоҳи омода кардани чирикиҳоро ташкил намуд. “Онҳоро аз Тоҷикистон меоварданд, либоси вижа мепӯшониданд, мусаллаҳ менамуданд, омодагии ҳадди ақали низомиро тамрин медоданд ва баъдан онҳо ҳастаи дастаҳоеро ташкил медоданд, ки “Фронти халқии Тоҷикистон” бар асосашон бунёд шуд”, - изҳор менамояд Квачков. Ба гуфтаи ӯ, ҳуҷуми аввал бебарор анҷом шуд, вале баъди тамрин ва омӯзишҳо дар ноябри соли 1992 ба онҳо муяссар шуд, ки Душанберо тасарруф намоянд.

Квачков ҳамчунин фарзияи худ дар мавриди қатли Сангак Сафаров ва яке аз фармондеҳони “Фронти Халқӣ” Файзалӣ Саидовро тафсир мекунад. Бар асоси фарзияи вай миёни Сафаров ва Саидов бар асари бо чи далеле саркашии Саидов аз фармони Сангак барои рафтан ба ноҳияи Тавилдара, ки он ҷо муноқишаҳои ҳарбӣ бо мухолифин идома доштанд, низоъ рух медиҳад. Дар натиҷаи низоъ, таъкид мекунад ӯ, “Бобои Сангак” Саидовро мепаронад ва муҳофизони ӯ дар посух Сангак Сафаровро мекушанд.

“Эътироф”-и нави куҳна

Дар мавриди фаъолияти худ дар Тоҷикистон Квачков пештар ҳам гуфта буд, вале ин бор ӯ ботафсил суҳбат кард. Дар баробари ин, ӯ дар идома мегӯяд, ки он замон танҳо бо фармони роҳбарияти Узбекистон амал мекард. Квачков мегӯяд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ набуд, зеро онҳо муваффақ ба ташкили фронте шуданд, ки “исломгароиҳо” наметавонистанд бо он муқовимат кунанд.

Иброҳим Исмоил
Иброҳим Исмоил

Яке аз фармондеҳони собиқи “Фронти Халқӣ” Иброҳим Исмоил дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ бригадаи Квачков нақши бузурге дошт ва ёрии қобили мулоҳизае расонид. “Полковник Квачков омад ва бо ҳамроҳии фармондеҳи двизияи 201 дар шаҳри Кӯлоб ба мо ёрӣ расонид, то сохти конститутсионӣ барқарор карда шавад. Онҳо барои он ки мо дар ин мубориза пирӯз шавем хеле корҳои зиёде анҷом доданд”, - нақл кард Иброҳим Исмоил.

Изҳороти Квачков чиро тағйир медиҳад?

“Квачков усуслан чизи наве нагуфт. Мусоҳибаи вай хеле барвақт, аз солҳои 2000-ум дар интернет чарх мезанад ва дар расонаҳо ҳам нашр шудааст. Вале барои ваҷҳаи Русия ба унвони як посдори сулҳ (сулҳофар) ва ҷониби бетараф ин як таблиғи бисёр бад аст”, - мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз ин ки Каримов чеҳраи асосии таҳрикдиҳанда барои дахолат кардан буд, вале иҷроӣ кардани тарҳ супориш Русия буд, зеро Каримов чунин имконотро ҳеч вақт надошт. “Он замон чанд ҳолате буд, ки мувофиқат барои қатъи хунрезӣ ҳосил шуда буд – пеш аз ҳама дар сатҳи дохилӣ. Баъдан созишномаи Хоруғ дар поёни августи соли 1992 ба имзо расид. Акнун баъди ин мусоҳибаи Квачков маълум шуд, ки чаро ин тавофуқот барҳам зада шуданд. Маҳз дар ҳамин давра Русия оғоз ба барномаи семоҳаи дахолати мустақими худ кард. Ва дар раъси ин дастур Квачков қарор дода шуд – дар ҳар сурат ба шаҳодати худи ӯ”, - таъкид мекунад сиёсатшинос.

Коршиносон мегӯяд, ба назар мерасад, ба обрӯйи Душанбеи расмӣ чунин изҳорот таъсире намегузоранд. Ва дар ҳар сурат инкор карда мешавад, мисле ки хотироти муовини собиқи вазири корҳои хориҷии Русия Анатолий Адамишин инкор карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳангоми як мусоҳиба дипломати рус Анатолий Адамишин, ки дар оғози солҳои 90-ум масоили Тоҷикистонро сарпарастӣ мекард, гуфт, Русия раҳбарияти Тоҷикистонро барои имзои созишномаи сулҳ маҷбур кард. Дипломат он замон ҳамчунин изҳор дошт, ки ҳалли асосии масоили Тоҷикистонро президенти Русия Борис Елтсин ба раҳбари Узбекистон Ислом Каримов бовар карда буд, ки бар пояи манофеи худ амал кард.

“Иттиҳоми ҷавоби маҳкум ба хиёнат”

Дар мавриди иштироки қувваҳои сеюм дар мухолифатҳои дохилӣ дар солҳои гуногун намояндаҳои мухолифин, аз ҷумла ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ гуфтаанд. Дар навбати худ, расонаҳои давлатӣ то кунун ин ҳизбро барои ҳамкорӣ бо истихбороти хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба эътирофи ҳукумати Тоҷикистон сармоягузори асосии мухолифин дар Тоҷикистон буд ва ҳадаф дошт ба ҷумҳурӣ инқилоби исломиро интиқол диҳад, муттаҳам менамоянд.

Дар ҳамин ҳол, ҳам Русия ва ҳам Эрон кишварҳои асосии кафили сулҳ дар Тоҷикистон баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ дар соли 1997 миёни ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳодияи мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буданд.

Полковники мустафъии 70-солаи Раёсати асосии истихбороти Ситоди генералии вазорати дифои Русия Владимр Квачков дар поёни моҳи феврали имсол аз зиндон раҳо шуд. Соли 2010 ӯро бо иттиҳоми омодагии шӯриши мусаллаҳона барои 8 сол равонаи зиндон карданд ва соли 2017 ба ҳукми ӯ боз як соли дигар бар асоси моддаи барангехтани кинаву адоват барои як муроҷиати видеоияш аз маҳбас, илова шуда буд.

XS
SM
MD
LG