Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон дигар бо зиёиён мулоқот намекунад?


Имсол дар Тоҷикистон мулоқоти президент бо зиёиёни кишвар доир нашуд. Мулоқот бо зиёиён аз соли 2007 ба ин тараф дар айёми Наврӯз баргузор мегардид.

Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 31-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имсол ба ҷойи мулоқот "консерти муаррифии оркестри академӣ-симфонӣ доир шуд".

"Минбаъд низ ба ҷои мулоқоти маъмулӣ тамошои як намоишнома ва ё филми нав сурат мегирад. Агар дар мавриди имконияти суолу ҷавоби зиёиён бо президент гӯем, чунин шароит доим фароҳам аст. Президент барои аҳли зиё шахси дастрас ҳастанд ва зиёиён дар ҳама маъракаву чорабиниҳо метавонанд суол ва ё пешниҳодҳои худро ироа кунанд", - афзуд ӯ.

Мулоқоти раисҷумҳур бо аҳли зиё ҳамасола дар фасли баҳор ва дар айёми Наврӯз доир мешуд. Дар яке аз чунин мулоқот президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури зиёиён дар соли 2007 гуфт, аз пасвандҳои русӣ дар насабаш даст кашидааст.

Дар гузашта дар саҳифаҳои матбуот аз зиёиёни Тоҷикистон интиқод кардаанд, ки дар мулоқоти рӯбарӯ бо раисҷумҳур мушкилоти доғи ҷомеаро матраҳ намекунанд, балки ин фурсатро танҳо ба хотири ҳалли баъзе мушкилоти шахсии худ сӯистифода менамоянд.

XS
SM
MD
LG