Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳҳои Тоҷикистон ба никоҳи тақрибан 2500 ноболиғ иҷоза додаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба омори расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан дуним ҳазор ноболиғ издивоҷ кардаанд. Яъне, ба ҳисоби миёна дар як рӯз никоҳи аз 6 то 7 нафаре сабт шудааст, ки синнашон ба ҳаждаҳ нарасидааст. Ин рақамро Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳафтаи гузашта бо такя ба омори Додгоҳи олии Тоҷикистон нашр кард.

  • Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ин падидаро ҳамчун нақзи ҳуқуқи духтарони наврас арзёбӣ карда мегӯянд, издивоҷҳои бармаҳал ба маънои аз таҳсил, фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани онҳо мебошад.
Мегӯянд, ки шароит надоранд ё аз тарбияи духтарашон баромада наметавонанд. Ин хел ҳолатҳо дар таҷриба кам нест

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон синни издивоҷ аз 18-солагӣ муқаррар шудааст. Аммо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла ҳамли барвақт ё бемории шадиди наздикон, ҷавонон метавонанд бо иҷозаи додгоҳ дар 17-солагӣ оиладор шаванд.

"Модарам маҷбур шуд, ки..."

Зебо, сокини шаҳри Душанбе, дар шонздаҳсолагӣ издивоҷ кардааст. Ӯ мегӯяд, баъди марги падараш таъмини хонаводаи иборат аз панҷ фарзанд барои модари хонанишин гаронӣ кард ва аз ин хотир ӯро ба як хеши наздик ба шавҳар дод.

Замоне ки ҳамсинфонаш дар синфи даҳум мехонданд, Зебо ҳомила ва интизори таваллуди фарзанд будааст. “Дар мавриди кори хона ҳеч мушкил надоштам, аммо аз назари як зан ё модар дар ҳақиқат хеле ҷавон будам”, - гуфт ӯ.

Ҳоло Зебо 25-сола ва соҳиби ду писар аст. Аммо аз он таассуф мехӯрад, ки дар донишгоҳ нахонд, соҳиби кору маоши муносиб нест ва дастнигари шавҳари муҳоҷираш аст.

Дар Тоҷикистон соли 2010 синни издивоҷ як сол боло бурда шуд ва ҷавонон аз 18-солагӣ ҳаққи барпо кардани оиларо ба даст оварданд. Мақомот гуфта буданд, ки ин тағйирот пеш аз ҳама бо ҳадафи ҳифзи ҳуқуқи духтарон роҳандозӣ мешавад, то тавонанд дар синни балоғат ва огоҳона оила барпо кунанд. Як далели дигараш “ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ва мусоидат дар таҳсили духтарон” буд.

Нақли як додраси тоҷик

Вале бо ин вуҷуд, баъзе аз хонаводаҳо барои издивоҷи пеш аз вақти духтар ва ё писари худ огоҳона шароит фароҳам мекунанд. Дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон ба таҳсили духтарон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва баръакс талош мекунанд, ки духтари қадрасро ҳарчӣ зудтар "бо обрӯ" ба хонаи “бахт” гусел кунанд.

Як додраси тоҷик бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бисёре аз волидон аз ҳолатҳои истисноии қонун сӯиистифода мекунанд.

“Ҳолатҳое ҳаст, ки духтаронашон баъди синфи 9 ба мактаб намераванд. Мехоҳанд, онҳоро ба шавҳар диҳанд. Ба додгоҳ дар мавриди кам кардани синни никоҳӣ муроҷиат мекунанд. Мегӯянд, ки шароит надоранд ё аз тарбияи духтарашон баромада наметавонанд. Ин хел ҳолатҳо дар таҷриба кам нест”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

"Издивоҷ бояд аз 21-солагӣ иҷоза шавад"

Ҳомиёни ҳуқуқ издивоҷҳои бармаҳалро ҳамчун нақзи ҳуқуқи духтарони наврас арзёбӣ карда мегӯянд, “чунин издивоҷҳо ба маънои аз таҳсил, фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани онҳо мебошад”. Илова ба ин, издивоҷҳои бармаҳал ба зеҳну равони духтарон таъсир гузошта, онҳоро аз хурдсолӣ зери бори масъулияти оиладорӣ, муносибат бо хешовандони ҳамсар ва гирудорҳои хонаводагӣ мегузорад.

Марҳабо Зунунова
Марҳабо Зунунова

Марҳабо Зунунова, як фаъоли ҷомеа, гуфт, барои бунёди оилаи солим бояд издивоҷи духтарон аз 21-солагӣ сурат гирад. “То онҳо ҳам дар баробари писарон тавонанд, ки соҳиби маълумот шаванд. Омори нашршудаи издивоҷи ноболиғон нигаронкунанда аст бояд он таҳлил ва сабаби никоҳҳои бармаҳал муайян карда шавад”, - афзуд ӯ.

Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи зан мегуянд, мушкили аслии издивоҷҳои бармаҳал, танҳо ба шароити моливу камбизотӣ рабт намегирад ва чунин вазъ дар хонаводаҳои доро ҳам мушоҳида мешавад. Чун, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, аксари сарватмандон ба хотири бегона накардани сарвату дороии худ ба синну соли духтарон аҳамият намедиҳанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки соли гузашта 29 ҳолати “ғайриқонунӣ” ба шавҳар додани духтарони ноболиғро сабт кардаанд.

XS
SM
MD
LG