Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский пештози интихоботи президентӣ дар Украина аст. ВИДЕО


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Тибқи хулосаи муқаддамотии назарсанҷии миллӣ дар Украина, ҳаҷвнигори шинохта Владимир Зеленский бо беш аз 30 дар сади раъйи мардум дар даври аввали интихоботи президентии рӯзи якшанбе пирӯз хоҳад шуд. Зеленский дар гузашта ҳеч фаъолияти сиёсӣ надоштааст.

Петро Порошенко – раиси ҷумҳури кунунӣ – бо беш аз 17 дар сади раъй дар ҷои дувум аст. Назарсанҷӣ мегӯяд, Юлия Тимошенко – нахуствазири собиқи Украина – 14,2 дар сад раъйи мардумро ба даст оварда, дар ҷои севум қарор мегирад.

Ин назарсанҷӣ аз тарафи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии ҷомеашиносии Киев ва созмони омӯзиши афкори умум - Маркази Разумков - анҷом шудааст. Дар чаҳорсад қитъаи раъйдиҳӣ назари беш аз 18 ҳазор нафарро пурсидаанд.

Ду назарсанҷии дигар, ки аз тарафи шабакаи телевизионии Newsone ва 112 Ukraine анҷом шуд, нишон дод, ки Зеленский бо 30,7%, Порошенко бо 18,6% ва Тимошенко бо 13,9% даври аввали интихоботро ба поён хоҳанд бурд. Назарсанҷии шабакаи телевизионии "1+1" низ шанси Зеленскийро 30,1% ва шанси Порошенкоро 18,5% ҳисоб кардааст.

Натиҷаи назарпурсии миллӣ - 2019
Натиҷаи назарпурсии миллӣ - 2019

Қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Украина баста шудаанд ва интизор меравад, натиҷаҳои ибтидоии расмӣ низ ба зудӣ эълон шавад. Агар натиҷаҳои назарсанҷӣ бо иттилои расмӣ дуруст гирад, Зеленский ва Порошенко ба даври дувуми интихобот хоҳанд рафт, ки рӯзи 21-уми апрели имсол баргузор мешавад.

Зеленский пештози интихоботи президентӣ дар Украина аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Зеленский дар филми телевизионии "Хидматгори халқ" нақши асосиро мебозад. Ин филм дар бораи омӯзгори одии мактаб қисса мекунад, ки дар интихоботи президентӣ пирӯз мешавад ва мубориза бо олигархҳо ва коррупсияро ҳадафи худ қарор медиҳад.

Владимир Зеленскийи 41-сола баъди баста шудани қитъаҳои раъйдиҳӣ дар ситоди интихоботии худ гуфт, "имрӯз ҳаёти нав ва бидуни коррупсия оғоз хоҳад ёфт". Ӯ дар ҷавоб ба суоли онки худро чӣ гуна эҳсос мекунад, гуфт, "каме дар изтироб аст".

"Ман ҳам як одамам. Ҳамсар ва дӯстонам дар паҳлӯям ҳастанд ва ин каме маро ором мекунад. Ин масъулияти хеле баланд аст. Ман медонам, ки масъулият чист. Барои ҳамин, ман... ман худамро хуб эҳсос мекунам", - афзуд ӯ.

Раъйдиҳии номзадҳо ба мақоми президентӣ дар Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Порошенко талош дорад, ки кишвараш шомили Иттиҳоди Аврупо ва паймони низомии НАТО шуда, артиш тақвият ёбад, то имкони муқобила бо ҷудоиталабони зери ҳимояти Русия бештар шавад.

Ӯ баъд аз эълони натиҷаҳои назарсанҷӣ ё exit poll гуфт, эҳсоси ноумедӣ надорад. "Ин дарсе барои ман ва дар маҷмуъ барои ҳукумат аст. Ин сабаб мешавад, ки мо рӯи иштибоҳҳои худ кор кунем."

Петро Порошенко
Петро Порошенко

Дар ҳамин ҳол, ситоди интихоботии Юлия Тимошенко иддао кард, ки бино ба назарпурсии онҳо, ӯ ба роҳатӣ дар ҷои дувум қарор гирифтааст. Тимошенко шоми 31-уми март дар як нишасти хабарӣ аз ҷонибдоронаш хост, ки ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ бираванд, то шумориши одилонаи раъйҳоро таъмин кунанд.

Юлия Тимошенкои 58-сола яке аз раҳбарони инқилоби норинҷии солҳои 2004-2005 дар Украина аст.

Юлия Тимошенко
Юлия Тимошенко

Украиниҳо ва хориҷиён умедворанд, ки пирӯзи ниҳоии интихоботи Украина тавонад суботро дар ин кишвар барқарор карда ва ислоҳотро татбиқ намояд.

Вазорати корҳои дохилии Украина эълон кард, ки ду соат пеш аз бастани қитъаҳои раъйдиҳӣ беш аз 1600 шикоят дарёфт кардааст. Мақомот гуфтанд, ин шикоятҳо аз таблиғоти ғайриқонунӣ дар қитъаҳои раъйдиҳӣ, кӯшиши “харидани” раъйи сокинон ва аз байн бурдани бюллетенҳо иборат аст.

Кумисюни марказии интихоботи Украина гуфт, дар бораи “қонуншикании системавӣ” ягон шикоят нагирифтааст. Наталя Бернатска, дабири Кумисюни марказии интихобот, гуфт, "мавридҳои ҷудогона ҳаст, вале онҳо дар ҷараёни ҳар интихоботе вуҷуд доранд."

Дар маҷмуъ, барои дарёфти курсии президентӣ дар Украина беш аз сӣ нафар вориди рақобат ҳастанд. Дар оғоз 44 номзад сабтином шуда буд, аммо баъдан панҷ нафари онҳо аз иштирок дар интихобот даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG