Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Залмай Халилзод: "Нақши Амрико дар Афғонистон коҳиш меёбад"


Залмай Халилзод.

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон, мегӯяд, нақши кишвараш дар Афғонистон коҳиш хоҳад ёфт ва барои даст ёфтан ба як сулҳи доимӣ бояд худи афғонҳо масъулиятҳои бештарро бар дӯш бигиранд.

Оқои Халилзод рӯзи 1-уми апрел дар Кобул дар гуфтугӯи вижа бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки Амрико намехоҳад ба танҳоӣ раванди сулҳро дар даст дошта бошад ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия низ метавонад дар ин замина ҳамкорӣ кунад.

Халилзод гуфт, ки вай дар талоши берун бурдани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон нест, балки барои сулҳ кор мекунад.

Вай аз ҷумла гуфт, "нақши Амрико дар ҳоли кам шудан хоҳад буд ва барои ин, ки як сулҳи давомдор дар инҷо кор диҳад, худи афғонҳо бояд масъулияти бештарро бигиранд ва ҳар тасмиме, ки сурат мегирад, фарогир бошад, то битавонад дар Афғонистон амалишаванда бошад".

Залмай Халилзод рӯзи 1-уми апрел ба Кобул расид ва бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва дигар мақомот ва сиёсатмадорони афғон мулоқот намуд.

Ҳарчанд мушаххас нест, ки оқои Халилзод чанд муддат дар Кобул хоҳад монд, аммо вазорати умури хориҷии Амрико дар мавриди сафари ӯ дар хабарномааш навиштааст, ки сафари ин давраи оқои Халилзод ба Афғонистон, Узбекистон, Бритониё, Белгия, Урдун ва Қатар то 10-уми апрел идома хоҳад дошт.

Оқои Халилзод дар гуфтугӯяш бо Радиои Озодӣ ҳамчунон гуфт, ки вай дар талоши берун бурдани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон набуда, балки барои сулҳ кор мекунад, то бо пойдории сулҳу субот дар ин кишвар, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ коҳиш ёбад.

Залмай Халилзод зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Умеди Марзбон.
Залмай Халилзод зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Умеди Марзбон.

Намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон мегӯяд, вай ба ин бовар нест, ки пас аз сулҳ дар Афғонистон, терроризм дар ин кишвар хатм мешавад, балки ДИИШ ва Ал-Қоида аз гурӯҳҳое ҳастанд, ки дар баробари онҳо мубориза идома хоҳад дошт.

Вай афзуд, "мо намегӯем, ки бо омадани сулҳ ҳеҷ мушкили дигаре дар Афғонистон боқӣ нахоҳад монд. Терроризм ки хатм намешавад, агар бо Толибон ҷанг коҳиш ёфт, ДИИШ ҳанӯз ҳам ҳаст. Ҷанг бар зидди ДИИШ ва Ал-Қоида давом мекунад".

Намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон ба хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар ишора карда ва гуфт, ки агар дар оянда мавҷудияти гурӯҳҳои даҳшатафкан дар ин кишвар эҳсос нашавад ва ҳукумати Афғонистон ҳам хоҳони ҳузури нерӯҳои хориҷӣ ва НАТО набошад, эҳтимоли берун шудани ин нерӯҳоро то 3 ё панҷ соли оянда радд намекунад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG