Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Русия мехоҳанд, харҷи депорти муҳоҷирон аз ҷайби худи онҳо бошад. ВИДЕО


Вазорати корҳои дохилии Русия лоиҳаи қонунеро омода кардааст, ки бар пояи он муҳоҷироне, ки ихроҷ мешаванд, харҷи додгоҳ ва роҳкирои кишвари худро аз ҷайби худ бояд пардохт кунанд. Дар соли 2018 аз Русия 6000 муҳоҷир депорт шудааст.

Санад дар сомонаи пешнависи меъёрҳои ҳуқуқӣ нашр шуда, вале ҳоло тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба порлумон пешниҳод нагаштааст.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз Маскав хостаанд, дар нисбати шаҳрвандони ин кишвар аз қонуни афв кор гирад. ​

Дар ҳоли ҳозир харҷи ихроҷи муҳоҷирон аз будҷаи Русия пардохт мешавад. Вале аз соли 2017 меъёре амал мекунад, ки шахсони мамнуулвурудро вазифадор менамояд, зери назорати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ билети ҳавопаймо ё қатораро аз ҳисоби худ харидорӣ карда, ба ватан баргарданд.

Ҳамчунин бар асоси Қонуни тартиби ворид ва хориҷ шудан аз Русия, шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандие, ки андоз ё пули ҷаримаеро пардохт накардаанд, дубора ба ин кишвар роҳ нахоҳанд ёфт.

Барои ихроҷи як муҳоҷир чӣ қадар маблағ сарф мешавад?

Мақомоти Русия намегӯянд, ки барои ихроҷи як шаҳрванди хориҷӣ чи қадар маблағ сарф мекунанд. Вале мақомоти Олмон ҳисоб кардаанд, ки ихроҷи як шаҳрванди хориҷӣ аз ин кишвар 1500 евро харҷ дорад.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Русия, соли 2018 вуруди беш аз 253 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба ин кишвар манъ карда шудааст. Бештари ин афрод аз ҳисоби худ ба ватан баргаштаанд. Дар Русия ҳудуди 10 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба сар мебаранд, ки будубоши бештарашон қонунӣ аст.

Ҳамзамон кору иқомати муҳоҷирони тоҷик дар Русия, вазъи ҳуқуқӣ ва муносибат ба онҳо ҳамчун яке аз масъалаҳои аз ҳама ҳассос дар байни ду кишвари Тоҷикистон ва Русия боқӣ мемонад. Бештар аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кору иқомат мекунанд, вале ҳуқуқи онҳо дар ҳар маврид поймол мешавад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз ҳукумати Маскав тақозо кардаанд, ки шарту шароити кори муҳоҷирони тоҷикро осонтар кунад, аммо бисёре аз ин муроҷиатҳо ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ нодида гирифта шудаанд.

Муҳоҷирон -- абзоре барои фишори сиёсӣ

Айни замон Русия ошкоро муҳоҷиронро ҳамчун абзоре барои фишори сиёсӣ ба Тоҷикистон истифода бурдааст ва ҳар вақт мушкиле дар робитаҳо пеш биёяд, ихроҷи муҳоҷирон зиёд мешавад ва пулиси Русия ҳам амалиёт ба зидди муҳоҷиронро зиёдтар мекунад.

Русия мехоҳад, муҳоҷирон бо пули худашон ихроҷ шаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Танҳо санаде, ки соли 2017 Русия барои сабукӣ ба муҳоҷирони тоҷик имзо кард, ин буд, ки иҷоза дод, ҳазорон муҳоҷир, ки ғайриқонунӣ кор мекарданд, расман иҷозаи кор бигиранд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бар асоси он санад бештар аз 100 ҳазор нафар иҷозаи расмӣ барои кор гирифтанд ва онҳое, ки барои қонуншикании ночизе аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуданд, иҷоза бозгашт гирифтанд.

То поёни соли 2018 зиёда аз 345 000 муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ карда шуд ва мақомоти Тоҷикистон борҳо аз Маскав хостаанд, дар нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон аз қонуни афв кор гирад. То ҳол муҳоҷирони украинӣ, молдовӣ ва қирғиз аз имтиёзи афв истифода кардаанд. Қарор аст, ин мавзӯъ дар дидори ояндаи президентҳои Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шавад.

Муқаррароти нав барои муҳоҷирон дар Русия

Муқаррароти доштани патенти кор дар Русия аз 1-уми январи соли 2015 дар амал ҷорӣ шуд ва арзиши ин санад, ки амалан як иҷозатномаи расмии кор мебошад, дар ҳар минтақаи ин кишвар фарқ мекунад. Патенте, ки арзишаш дар Маскав ҳудудан 4 ҳазор рубл мебошад, бояд ҳар моҳ пардохт шавад. Мақомоти Русия иқрор доштаанд, ки даромад аз патенти муҳоҷирон ба будҷаи ин кишвар кумаки бемисле кард.

Баланд будани мизони бекориву зиёд фаъол набудани корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, бисёр хонаводаҳоро водор мекунад, ки фарзандони тоза хатми мактаби миёна кардаи худро ба муҳоҷирати корӣ ба Русия сафарбар кунанд. Дар чунин шароит зарурати азхуд кардану риояи қонунҳои ин кишвар барои тоҷикистониҳо муҳим боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG