Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабри минаҳои Афғонистонро асосан кӯдакон мекашанд. ВИДЕО


Самиуллоҳи дувоздаҳсола
Самиуллоҳи дувоздаҳсола

Рӯзе нест, ки дар Афғонистон як нафар ба мина ва ё абзори худсохти таркандае барнахӯрад. Ё кушта мешавад ва ё маҷруҳу маъюб. Дар ин миён бештар аз ҳама кӯдакон ҷабри минаҳоеро мекашанд, ки калонсолон гузоштаанд.

Самиуллоҳи 12-сола бо обкашӣ оилаашонро дар вилояти Форёби Афғонистон таъмин мекард. Як сол пеш таркиши мина зиндагиашро комилан тағйир дод. "Барои як посгоҳи сарбозон об мекашидам. Як рӯз ба мина бархӯрдам. Ҳоло пойҳоям пластикӣ аст. Вақти роҳ рафтан дард мекунанд", - нақл кард ӯ ба хабаргузории "Франс Пресс".

Самиуллоҳ ба пойҳои пластикӣ одат накардааст, волидонаш ҳам бе ноновари хона мондаанд. Чунин сарнавиштро дар Афғонистон ҳазорон нафар доранд. Теъдоди осебдидагон аз мина дар солҳои ахир зиёдтар шудааст. Маркази офиятбахшӣ дар Кобул солона 1500 осебдидаи навро сабти ном мекунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҷабри минаҳои Афғонистонро асосан кӯдакон мекашанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Муҳаммад Шафиқ Юсуфӣ, мудири Маркази барчидани минаҳо мегӯяд, аксари осебдидагон кӯдаконанд: "Соли гузашта 1417 нафари мулкӣ ба асари таркиши маинаҳои худсохт кушта ва захмӣ шудаанд, ки 818 нафари онҳо кӯдаконанд."

Созмони Милал мегӯяд, маргумир аз таркиши минаҳо аз соли 2012 то соли 2017 чаҳор маротиба зиёд шудааст. Минаҳои қадимаи мероси ҷанги Шӯравӣ ва ҷанги дохилии солҳои 1990 ҳанӯз ҳам маргборанд, вале хатари бузургтар аз абзорҳои таркандаест, ки Толибон дар ҷанг ба зидди нерӯҳои давлатӣ ба кор мебаранд.

Муҳаммад Ҷамшедӣ, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, "талафоти ғайринизомиён аз минаҳо ва абзорҳои таркандаи қадима фақат як дар садро ташкил медиҳад. Наваду нуҳ дар сади дигари талафот аз абзорҳои таркандаи нав дар Афғонистон аст."

Омӯзиши минрӯбӣ барои занони афғон
Омӯзиши минрӯбӣ барои занони афғон

Ҳукумати Афғонистон узви аҳдномаи байналмилалии манъи истифодаи мина аст, вале барои Толибону ҷангҷӯёни дигар ин аҳднома эътибор надорад.

Бо вуҷуди азми Созмони Милал барои барчидани минаҳо аз қаламрави Афғонистон то соли 2023, мақомот мегӯянд, ба сабаби набуди пул ба ин ҳадаф намерасанд. Созмонҳои ғайриҳукуматӣ роҳи дигареро пеш гирифтаанд ва ба мардум роҳҳои эмин мондан аз минаҳоро меомӯзанд.

Сокина Ҳабибӣ, паноҳҷӯи бозгаштаи афғон гуфт, "мо нӯҳ сол дар Покистон зистем ва баъд ба Эрон рафтем. Бист соли охир дар онҷо будем. Ин чизҳоро ҳеч вақт надида будем. Агар дар паҳлӯям низ мебуд, аслан намешинохтам. Ташаккур, ки ба мову кӯдакон нишон доданд ва фаҳмонданд."

Ҳар сол рӯзи чаҳоруми апрел рӯзи байналмилалии огаҳӣ аз хатари минаҳост ва Созмони Милал ва муассисаҳои дигар корро дар ин самт тақвият бахшидаанд.

Барои Самиуллоҳ акнун кор дигар аст ва мутобиқ шудан ба зиндагии дигар. Роҳи дарозе, ки бояд бипаймояд. Аммо барои пок кардани кишвараш аз минаҳо роҳ аз он ҳам дарозтар.

XS
SM
MD
LG