Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 голи беҷавоби наврасони тоҷик ба дарвозаи мунтахаби Қирғизистон


Дастаи мунтахаби наврасони зери 15-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) дар Чин тими наврасони Қирғизистонро бо ҳисоби 8:0 шикаст дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар ин бозӣ,ки рӯзи шанбе, 6-уми апрел, дар шаҳри Вэйнани Чин доир гардид, Муҳаммадворис Сайдалиев ва Абдулфаттоҳ Худойдодзода сеголӣ заданд. Ду голи дигарро Кабир Салимшоев ва Раҳматшо Раҳматзода ба самар расониданд.

Ин мусобиқа дар шаҳри Вэйнани Чин бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони чаҳор кишвар – Қирғизистон, Мянмар, Тоҷикистон ва Чин – то рӯзи 10-уми апрел идома хоҳад кард. Мусобиқа аз як давра иборат аст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15)
22 футболбоз дохил шудааст, ки ҳамаашон шогирдони Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошанд.

Футболбозони навраси тоҷик дар даври дувум рӯзи душанбеи 8-уми апрел бо мунтахаби Мянмар ва дар даври севум рӯзи чоршанбеи 10-уми апрел бо мунтахаби Чин бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-15):

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Зафар Шарифов;

Ҳимоятгарон: Раҳматшо Раҳматзода, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Нурсултон Норбойзода, Шаҳриёр Норов, Ҳукмиддин Шомуродов, Рамзиддин Нарзуллоев, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло;

Нимҳимоятгарон: Қурбоналӣ Муродов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Бежан Нишонбойзода, Аббос Андалибов, Кабир Салимшоев, Абдулфаттоҳи Худойдодзода;

Ҳамлагарон: Муҷовид Шовайсуддинов, Муҳаммадиқбол Абдуллоев, Муҳаммадворис Сайдалиев, Аминҷон Раҳмонов.

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Ҷоми “Роҳи абрешим –Ҳуа Шан-2019” миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-15)

Даври 2-юм

8 апрел (душанбе)
13:00. Мянмар – Тоҷикистон
16:35. Қирғизистон – Чин

Даври 3-юм
10 апрел (чоршанбе)

13:00. Қирғизистон – Мянмар
16:35. Чин – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG