Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: “Иваз кардани замин барои аз байн бурдани реза-қитъаҳост"


Акс аз вебсайти ҳукумати Қирғизистон.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар як изҳорот гуфт, ки дар музокирот бо ҳайати Қирғизистон асосан чаҳор масъала баррасӣ шудаанд:

  • давом додани кашидани масири хатти сарҳади давлатӣ,
  • ивази эҳтимолии қитъаҳои замин,
  • таъмини амну субот дар сарҳад,
  • поён додан ба таҳияи харитаҳои бузурги делимитатсионӣ.

Ба қавли манбаъ, табодулаи эҳтимолии қитъаҳои замин байни Тоҷикистон ва Қирғизистон бо мақсади бартараф кардани реза-қитъаҳо ва порча-қитъаҳо дар марз мебошад.

Мақомоти тоҷик гуфтанд, масъалаи дигаре, ки бо ҷониби Қирғизистон муҳокима карданд, ин "ба анҷом расонидани харитаҳои бузурги делимитатсионии топографии миқёси 1:10 000 Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон", мебошад.

Мутахассисони соҳаи заминсозӣ мегӯянд, харитаҳои бузурги делимитатсионии топографии миқёси 1:10 000 харитаҳое мебошанд, ки бар асоси онҳо хати марз муайян карда мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, дар ингуна харитаҳо дар ҳар сантиметри он 100 метр ҷойгир карда мешавад.

Дар умум Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳайатҳои тоҷику қирғиз омодагии худро ҷиҳати дар асоси манфиати мутақобила ба анҷом расонидани муайянсозии хати сарҳад баён доштанд.

Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Қирғизистон бо пахши як изҳорот гуфт, имкони табодули қитъаҳои замин дар марз бо Тоҷикистонро бо мақомоти ин кишвар баррасӣ кардааст. Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи шанбеи 6-уми апрел дар Душанбе пушти дарҳои баста баргузор шуд.​

Муовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон - Азим Иброҳим ва Ҷениш Разоқов зери протокол имзо мекунанд. Акс аз http://www.gov.kg
Муовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон - Азим Иброҳим ва Ҷениш Разоқов зери протокол имзо мекунанд. Акс аз http://www.gov.kg

"Марз бояд бар асоси манфиати ду тараф муайян шавад"

Ба навиштаи Хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар нишасти рӯзи шанбе ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани хати марз дар минтақаҳои баҳсӣ ва бартараф кардани ихтилофи марзиро баррасӣ карданд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, дар музокирот табодули қитъаҳои замин ҳамчун яке аз гузинаи ҳалли баҳсҳои марзӣ гуфта шуд.

Ин музокирот дар ҳоле баргузор шуд, ки моҳи гузашта дар марзи Исфара бо Бодканд моҷаро бархост ва боис ба ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани беш аз бист нафар аз ду ҷониб шуд.

"Дар ҷараёни ҷаласа масоили идомаи баррасии гузоштани хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонда, ҳамчунин имкони табодули қитъаҳои замин миёни ду кишвар барои бартараф кардани ихтилофоти марзӣ ва таъмини субот дар марзи муштараки ду кишвар баррасӣ шуданд",-афзуд манбаъ.

Ба навиштаи дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон, анҷоми корҳои умумии таҳияи харитаҳои ҷудосозии марз аз масоили дигари гуфтугӯи ду ҷониб буд.

Манбаъ мегӯяд, ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон, баён доштанд, ки мушаххаcсозии хатти марзи давлатии миёни ду кишвар бар асоси манфиатҳои ҳамдигар бояд сурат бигирад. Чун ба гуфтаи мақомоти қирғиз, муайян шудани хати марз метавонад омили субот ва ҳамгироӣ дар минтақаҳои ҳаммарз бошад.

"Пешравӣ ҳаст ё нест?"

Музокироти ҳайатҳои тоҷику қирғиз рӯзи шанбе 14 соат паси дарҳои баста дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт.

Ҳайатҳо пас аз берун шудан аз толори китобхона бо хабарнигорон суҳбат накарданд. Азим Иброҳим дар суҳбати кутоҳ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар музокирот "пешрафтҳое ҳосил шудааст". Аммо ӯ мушаххас аз пешравиҳо суҳбат накард. Муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфт, музокирот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.

Вале як манбаи огоҳ аз раванди гуфтушунид мегӯяд, бо вуҷуди талошҳои зиёд ду тараф то ҳол натавонистаанд, дар масъалаи хатти марз ба фикри ягона расанд. Ҳарду ҷониб мегӯянд, дарёфти ҳалле, ки онҳоро қонеъ кунад, мушкил аст.

Музокирот баъди моҷаро

Ин музокирот дар ҳоле баргузор шуд, ки моҳи гузашта дар марзи Исфара бо Бодканд моҷаро бархост ва боис ба ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани беш аз бист нафар аз ду ҷониб шуд.

Моҷаро баъди он сар зад, ки сокинони Ворухи Тоҷикистон бо корҳои сохтмонии роҳи Бодканд-Оқсой-Тамдиқ мухолифат карданд. Дар пайи ин моҷаро ба раҳбарии муовинони сарвазирони ҳарду кишвар музокирот оғоз шуд, ки рӯзи 18-уми март ба поён расид.

Бар асоси созиши ҷонибҳо, амнияти қаламрави марзиро патрулҳо якҷоя назорат карда, амнияти шаҳрвандони ду кишварро таъмин мекунанд. Масъулони ду кишвар дар пай гуфтанд, ки тамоми посгоҳҳо бардошта мешавад ва роҳ барои равуои мардум байни Ворух ва Оқсой дар маҳалли сарҳадӣ боз мешавад.

"Додситонҳои ду кишвар таҳқиқ доранд"

Дар ҳамин ҳол Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Исфара, ки минтақаи баҳсии Ворух ба он шомил аст рӯзи 7-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъ дар марз пас аз ҳодисаҳои ахир ором аст. Ҷаноби Саломзода дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки тафтиши ҳалокати ду сокини Исфара дар баҳсҳои ахир то куҷо расид гуфт, додситонҳои ду кишвар парвандаро таҳқиқ доранд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз 970 километр марз дорад ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG