Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аксар вақт қотилони муҳоҷирон дар Русия беҷазо мемонанд" ВИДЕО


Соли гузашта дар хориҷ аз Тоҷикистон 27 шаҳрванди кишвар кушта шудаанд. Мақомот гуфтанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2017-ум 22 ҳолат кам аст.

  • Ин нукта ҳангоми гузориши ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар Идораи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид садо дод. Нишаст рӯзҳои 3 ва 4-уми апрел дар шаҳри Женева баргузор шуд.
Имрӯз як таксирони тоҷик хабар дод, ки марди сархуши рус худро дар миёни роҳ партофта, аз ӯ пул тамаъ кардааст. Таҳдид кардааст, ки агар пул надиҳад, ба полис шикоят мекунад ва мегӯяд, муҳоҷири тоҷик ӯро бо мошин зад.

Пурсиши нозирони ҳуқуқи башар аз додситони кул

Бино бар омори пешниҳодкардаи Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, аз ҳама соли хунибортарин барои муҳоҷирони кории тоҷик соли 2013 будааст. "Дар он сол дар хориҷа 94 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд", - гуфт ӯ.

Нозирони Идораи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар ин нишаст аз додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ҳимояти мақомот муҳоҷирон ва чораҷӯӣ дар нисбат ба гумонбарони қатл пурсиданд.

Юсуф Раҳмон гуфт, "мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Додситонии кул, аз рӯи ҳар ҳодисаи куштори шаҳрвандони Тоҷикистон ба мақомоти кишваре, ки ҳодиса дар онҷо иттифоқ афтодааст, дархост мефиристанд. Ҷараёни таҳқиқи ҳар парвандаи ҷиноии марбут ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон зери назорати доимии сафорат ва намояндагиҳои дипломатӣ қарор дорад."

Юсуф Раҳмон: "Соли гузашта 27 муҳоҷири тоҷик кушта шуданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

"Бетараф нестем, нота медиҳем"

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 8-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, сафорат ҳар як қазияи марбут ба маргу мир ва куштори шаҳрвандони Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд.

"Вақте шаҳрвандони мо аз ҳукми додгоҳ ё ҷазои таъйиншуда норозианд ва ба мо муроҷиат мекунанд, сафорат ба унвонии Вазорати корҳои хориҷии Русия нота мефиристад. Вазорат ба нотаҳои мо посух дода, сабаби ин ё ҳукмро шаҳр медиҳад, ҳарчанд на ҳама вақт посухи онҳо моро қонеъ мекунад", - гуфтанд дар сафорат.

Маросими дафни Илҳомиддин Шоев дар ноҳияи Рӯдакӣ. Моҳи ноябри соли 2018
Маросими дафни Илҳомиддин Шоев дар ноҳияи Рӯдакӣ. Моҳи ноябри соли 2018

Бо вуҷуди он ки мақомот мегӯянд, ҳар як қазияи қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷро назорат мекунанд, дар чанд ҳолат гумонбарони қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия беҷазо мондаанд ё аслан пайдо нашудаанд.

"Бадани бародарам сиёҳу кабуд буд"

Яке аз ҳодисаҳои куштор ва ё марги муҳоҷирони тоҷик чанд моҳ қабл дар яке аз шӯъбаҳои пулиси Маскав рух дод. Илҳомиддин Шоеви 38-сола, ки дар Маскав таксиронӣ мекард, рӯзи 21-уми сентябри 2018 дар доираи як амалиёт аз сӯи нерӯҳои вежаи СОБР ба идораи пулиси ноҳияи Вешняки бурда шуд. Баъди як рӯз ҷасади аз сардхона ба пайвадонаш супурданд.

Зиёратшо Шоев, бародари Илҳомиддин, мегӯяд, ҳолати марги мармузи бародараш ҳанӯз нокушода мондааст ва на мақомоти интизомии Русия ва на Тоҷикистон дар ин бора ба хонавода ҳеҷ иттилоъ надоданд.

Умаралӣ Назаров
Умаралӣ Назаров

“Мо танҳо аз расонаҳо шунидем, ки мақомоти Русия гуфтаанд, бародари ман гӯиё ҳангоми бозпурсӣ аз бемории қалб даргузаштааст. Аммо ӯ сиҳат буда, бемории дил надошт. Бародарзодаам чанд бор аз мақомоти Русия натиҷаи ташхиси ҷасади бародарамро пурсид, то ба ҳол ҳатто ҳамонро ба мо намедиҳанд. Ҷасади бародарам сиёҳу кабуд буд”, - нақл кард ӯ.

Аз Илҳомиддин Шоев 4 фарзанди ноболиғ – ду писар ва ду духтар – ятим мондаанд.

"Талоши додхоҳӣ баъзан бо ихроҷ тамом мешавад"

Дар аксар ҳолат ҷусутҷӯи адолат аз сӯи муҳоҷирон ва ё наздиконашон бо ихроҷ ва ё депортатсияи онҳо аз Русия хатм мешавад. Боризтарин чунин як ҳодиса се сол қабл дар шаҳри Санкт-Петербург рух дода буд.

Нозирони пулис тифли 5-моҳаи тоҷикро аз дасти модараш гирифтанд ва баъди як рӯз ҷасади Умаралии хурдсолро аз беморхона ба волидон доданд. Талошҳои ин хонавода барои ба ҷавобагарӣ кашидани корманди пулис бенатиҷа анҷом ёфт, чун модари тифл билофосила аз хоки Русия ихроҷ шуд.

Каримҷон Ёров аз тарафи чап
Каримҷон Ёров аз тарафи чап

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав мегӯяд, дар аксари ҳолат қотилони шаҳрвандони Тоҷикистон беҷазо мемонанд. «Аз таҷрибаи кории худам ангуштушмор ҳолатҳоро медонам, ки қотилон ба ҷазои худ расидаанд. Аз ҷумла, қотилони Салоҳиддин Эргашев, ки сари буридаашро аз партовгоҳ ёфта буданд, ҷазо гирифтанд. Чунки онҳо дар қатли як додрас ҳам даст доштанд. Мешавад гуфт, ки дар 99 дар сади ҳолатҳо қотилони тоҷикон дар Русия беҷазо мемонанд», - афзуд ӯ.

"Медонанд, ки муҳоҷирон бе пушту паноҳанд"

Баҳрулло Одинаев, ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, маҳз ҳамин беҷазо мондани ҷинояткорон боис ба афзоиши поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирон мешавад.

“Медонанд, ки муҳоҷирон афроди бекасу беҳуқуқ ҳастанд. Ҳар лаҳза ҳуқуқи онҳо поймол мешавад. Масалан, имрӯз як таксирони тоҷик ба мо хабар дод, ки як марди сархуши рус худро дар миёни роҳ ба замин партофта, аз ӯ пул тамаъ кардааст. Ӯ таҳдид кардааст, ки дар акси ҳол ба полис шикоят мекунад, ки тоҷик бо мошин ӯро задааст”, - мегӯяд Одинаев.

Бар замми он ки муҳоҷирон кушта мешаванд, инчунин, дар ҳолатҳои дигар ба мисли садамаҳои нақлиётӣ, ҳангоми кор дар сохтмон, корхонаҳои саноатӣ ва ё аз беморӣ ҷони худро аз даст медиҳанд ё барои як умр маъюб мешаванд. Бар асоси гузориши расмии Омбудсмени Тоҷикистон, соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷир оварда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2017 беш аз 90 ҳолат зиёд аст.

XS
SM
MD
LG