Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футзалбозони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Иттиҳод сеюм шуданд


Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-20) бо раҳбарии сармураббӣ Эраҷ Носеҳов дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод оид ба футболи хурд ё мини-футбол "Ирбис" мақоми сеюмро касб намуд.

Чунонки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 9-уми апрел, ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ин мусобиқа дар шаҳри Қазони Тотористони Русия, дар маҷмааи варзишии «КАИ-Олимп», бо ширкати дастаҳои «ПСК» (Уляновск), «Ирбис» (Қазон), «Барис» (Йошқар-Ола), инчунин мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) тӯли ду рӯз идома кард.

Дар нимфинал мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи «ПСК» бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи «Ирбис» бар тими «Барис» бо ҳисоби 13:0 ғолиб омад.

Барои ҷойи сеюм мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар тими «Барис» бо ҳисоби бузурги 22:0 пирӯзӣ ба даст оварда, бо ҷоми хотиравӣ ва медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи «ПСК» тими «Ирбис»-ро бо ҳисоби 6:4 шикаст дода, ғолиби мусобиқа гардид. «ПСК» бо Ҷоми Иттиҳод ва медалҳои тилло мукофотонида шуд. Ҷоми хотиравӣ ва медалҳои нуқра насиби дастаи “Ирбис” гардид.

Эраҷ Носеҳов, сармураббии мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-23), ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкат дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод дар Қазон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 маҳсуб мешуд, ки аз 14-ум то 23-уми июн дар шаҳри Табризи Эрон баргузор мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод оид ба мини-футбол ё футболи хурд «Ирбис»

Нимфинал

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) – «ПСК» (Уляновск) – 2:4

«Ирбис» (Қазон) – «Барис» (Йошқар-Ола) – 13:0

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) – «Барис» (Йошқар-Ола) – 22:0

Финал

«ПСК» (Уляновск) – «Ирбис» (Қазон) – 6:4

XS
SM
MD
LG