Дар чанд ҷумла
Муҳоҷири латукӯбшудаи тоҷик "ба ҳуш омад, аммо гап намезанад"
Намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия ба таҳқиқи латту кӯби муҳоҷири тоҷик Каримхон Тақсирови чиҳилсола ва писари ӯ оғоз кардаанд.
Наздикони Тақсиров гуфтанд, ӯ шоми 7-уми апрел дар ноҳияи Пронайски вилояти Сахалин аз тарафи ду нафар латту кӯб шудааст. Пизишкон вазъи саломатии Тақсировро "вазнин" арзёбӣ кардаанд. Вазъи саломатии писараш Муборак Тақсиров муътадил гуфта мешавад.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз ҳодиса хабар доранд" ва "ҷиддӣ пайгирӣ мекунанд".
Муборак, писари Каримхон Тақсиров, рӯзи 10-уми апрел дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш аз ҳолати кома ё беҳушӣ берун омад, аммо ҳанӯз гап зада наметавонад.
"Ба сари падарам бо "арматура" заданд. Хуни зиёдро аз даст дод. Тақрибан ҳашт соат дар рӯйи мизи ҷарроҳӣ буд. Табибон гуфтанд, ки сараш зарбаи сахт дидааст ва эҳтимоли гап задану беҳтар шуданаш кам аст", - афзуд ӯ.
Муборак гуфт, ҳанӯз зидди ҳамлаварон ба додситонӣ шикоят накардаанд. "Ману як рафиқам аз Тоҷикистон дар кӯча будем. Ду ҷавон мошинро ба болои мо ронда ва ҳақорат карданд. Мо низ ҷавоби онҳоро додем. Аз мошин берун шуданд ва мо гурехта, ба хонаи ҳамсоя даромадем. Моро дар онҷо заданд. Писари ҳамсоя падарамро даъват кардааст. Вақте падарам омад, яке аз онҳо бо “арматура” ба сараш зад", - нақл кард ӯ.
Каримхон Тақсиров, сокини шаҳри Душанбе буда, шаш сол боз ҳамроҳи хонаводааш дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Ба қавли наздикон, ӯ ба таъмир ва бунёди манзил дар Русия машғул будааст.
Русия кишвари аслии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд.
Шароити сангин, нақзи ҳуқуқ ва муносибати сарди мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва маргумири онҳо, бахусус дар натиҷаи латту кӯб борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ҷаримаи беш аз 2300 корманди идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон
Дар як сол беш аз 2300 корманди идораҳои давлатиро дар Тоҷикистон барои пешниҳоди омори нодуруст ва изофанависӣ ҷарима бастаанд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омор, рӯзи 9-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, аксари ин маврид ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.
Ба иттилои вай, барои чунин амал мансабдорон зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохтаанд.
Мақомот дар Тоҷикистон пайваста аз рушди иқтисод гап мезананд, вале мухолифони ҳукумат ҳамвора нишондодҳои блоки иқтисодии кишварро мавриди шубҳа қарор медиҳанд.
Боздошти як гурӯҳи “созмонёфта” барои дуздии гову асп дар Данғара
Дар ноҳияи Данғара як гурӯҳи “созмонёфта”-ро бо гумони дуздии гову аспи мардум дастгир кардаанд.
Нодир Қодирзода, додситони ноҳия, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин афрод ду ҳафта пеш дастгир шуда, таҳқиқи парвандаашон идома дорад ва биноан ному насабашон ошкор намешавад.
Ба иттилои ӯ, аъзои гурӯҳ аз соли 2015 ба дуздии чорво даст зада, то кунун 28 мавриди он ба мақомот маълум будааст. “Аспу говро кушта, гӯшташонро берун аз ноҳия бурда мефурӯхтаанд. Ҳатто қассоби муайян доштаанд,” – гуфт Нодир Қодирзода.
Солҳои охир баъзе аз сокинон аз гум шудани чорвои худ дар гӯшаҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд. Нозим Муродов аз ноҳияи Восеъ мегӯяд, афроди ношинос панҷ сол пеш чанд гови ӯро аз хонааш бурданд, вале то кунун гумонбарон пайдо нашудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон танҳо дар вебсайташ дар соли 2025 дар бораи бист мавриди дуздии чорво гузориш додааст. Ин оморест, ки сокинон шикоят ва мақомот пас аз ёфтани гумонбарон онро расонаӣ кардаанд. Омори ғайрирасмӣ метавонад бештар аз ин бошад.
Арзиши гӯшти чорво дар Тоҷикистон дар солҳои охир афзоиш ёфта, як килои он тибқи нархномаи мақомот каме болотар аз ҳафтод сомонӣ, вале бар асоси гуфтаҳои мардум зиёда аз сад сомонист.
Сарнавишти норӯшани беш аз 300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурия
Идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ба далели ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия, мавзӯи бозгардонидани занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик аз урдугоҳҳои он кишвар норӯшан боқӣ мондааст.
Ин ниҳод шумораи занону кӯдакони ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро ҳудуди 250-300 тан медонад.
Суҳайлӣ Қодирӣ, мудири шуъбаи ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдори ҳуқуқи инсон рӯзи 9 феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, бо тағйир ёфтани ҳукумат дар Сурия, айни замон гуруҳи корӣ дигар дар ин самт фаъол нест ва тақдири занону кӯдакони боқимондаи тоҷик айни замон номуайян боқӣ мондааст. Аммо ба гуфтаи ин масъули ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, давлат дар фикри ёфтани роҳҳои бозгардонидани ин афрод аст.
"Мутассифона баъзе занону кӯдакон то ҳол дар онҷо боқӣ мондаанд. Инҳо пеш аз ҳама бо айби худашон онҷо монданд. Зеро дар марҳилаи ахир мо дар назар доштем, ки тамоми занону кӯдакони боқимондаро бармегардонем. Аммо мутаассифона онҳо худашон розӣ нашуданд, ки баргарданд. Онҳо гумон мекарданд, ки ба Тоҷикистон баргарданд, алайҳи онҳо парванда боз мешавад",-гуфт Суҳайлӣ Қодирӣ.
Бино ба омори мақомоти Тоҷикистон, шумораи занону кӯдакони тоҷик дар Сурия беш аз 800 тан буд, ки дар чанд марҳила, аз ҷумла 84 кӯдак дар соли 2019, 184 зану кӯдак дар соли 2022 ва 104 зану кӯдаки дигар дар соли 2023 ва ахиран 47 зану кӯдак дар соли 2024, баргардонида шуданд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки ҳамаи ин занону кӯдакон пас аз нигаҳдорӣ дар маконҳои вижа ва гузаштани марҳилаи тавонбахшӣ, дар ҳоли ҳозир ба хонаводаҳояшон супурда шуданд.
Баъди зуҳури ДОИШ дар соли 2013 ва ишғоли қаламравҳои васеи Ироқу Сурия аз тарафи ҷангҷӯёни ин гурӯҳ, беш аз 2 ҳазор ҷавони тоҷик ба сафи ин гурӯҳи террористӣ пайваста, зану фарзандони худро ҳам бо худ ба онҷо бурданд.
Теъдоди зиёде аз он ҷангҷӯён куштаву беному нишон шудаанд ва қисмате аз зану фарзандони онҳо ҳанӯз дар урдугоҳҳои Сурияву Ироқ мондаанд.
Дар Душанбе ду нафарро барои долларҳои қалбакӣ дастгир кардаанд
Раёсати корҳои дохилии Душанбе аз боздошти гурӯҳе хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод ба ворид ва паҳн кардани долларҳои қалбакӣ машғул буданд.
Раёсат бо нашри наворе 7-уми феврал хабар дод, ки аз ду сокини 27 ва 31-солаи ноҳияи Шоҳмансур 82 саддоллараи қалбакӣ дарёфту мусодира кард.
Ба иттилои ин ниҳод, боздоштшудаҳо пули қалбакиро аз як сокини Ваҳдат, ки аз ӯ сардори гурӯҳ ном бурда шудааст, дастрас мекардаанд.
Санҷиши мақомот маълум кардааст, ки долларҳои тақаллубиро аз хориҷи кишвар ворид мекарданд.
Ба иттилои пулиси Душанбе, гумонбарон рӯзи 30-юми январ 10 ҳазор долларро бар ивази 30 ҳазор сомонӣ аз раҳбари гурӯҳ харида, ба муомилот баровардаанд ва ҳоло роҳбар ё дастраскунандаи асъори қалбакӣ дар ҷустуҷӯ қарор доштааст.
Назари гумонбарон ва наздикони онҳо маълум нест.
Қонун барои ин афрод аз 8 то 12 сол зиндон пешбинӣ мекунад.
Мақомот аз шаҳрвандон даъват намудаанд, ки дар ҳолати мушоҳидаи пули қалбакӣ ба пулис муроҷиат кунанд.
Наргис Муҳаммадӣ дар Эрон ба 7,5 сол зиндон маҳкум шуд
Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, ки чанд моҳ пеш дар Эрон боздошт шуда буд, ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум шудааст.
Ба гузориши Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Наргис Муҳаммадӣ ҳамчунин мамнуъулхуруҷ шудааст.
Наргис Муҳаммадии 52-сола яке аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Эрон аст, ки дар гузашта низ чандин солро дар зиндон сипарӣ карда буд.
Ӯро ба 12 сол зиндон зиндон маҳкум карда буданд ва соли гузашта аз зиндон озод шуд ва таҳти дармон қарор гирифт.
Ҳалокати се каси дигар дар ҳамлаҳои Русия дар шарқи Украина
Бар асари ҳамлаҳои Русия дар Краматорск, шаҳре дар шарқи Украина, камаш се нафар кушта ва тақрибан бист кас захмӣ шудаанд.
Мақомоти Украина рӯзи 8-уми феврал гуфтанд, ки Русия шаби гузашта асосан биноҳои истиқоматиро нишон гирифт. Ба гуфтаи онҳо, Маскав дар ин ҳамла аз бомбҳои сангин истифода кардааст.
"Хонаи ман дар ошёнаи сеюм аст. Ҳеч чиз намонд. На дар ва на тиреза," -- гуфт як зан ба бахши украинии Радиои Озодӣ.
"Ҳангоми таркиш ҳамаи тирезаҳо шикаст. Дарҳои байни ҳуҷраҳо ва яхдон низ. Ҳама чиз шикаст," -- гуфт марди дигаре.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, Русия шаби гузашта ба гӯшаҳои ин кишвар беш аз 400 ҳавопаймои бесарнишин ва мушак сар додааст.
Краматорск дар баробари Славянск аз шаҳрҳои бузурге дар Донетск аст, ки Украина то ҳол зери назорат дорад. Ин ду шаҳр барои мудофиаи Украина дар минтақа муҳим шуморида мешаванд.
Зеленский гуфт, Амрико мехоҳад то тобистон ба ҷанги Русия поён диҳад
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ки ҷанги васеъмиқёси Русия дар Украина пеш аз тобистони имсол ба поён расад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки Русия мавҷи нави ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба зербунёдҳои энергетикии Украина сар кардааст.
Тибқи изҳороте, ки дафтари Зеленский рӯзи 7-уми феврал нашр кард, Вашингтон пешниҳод додааст, ҳафтаи оянда дар Майами даври нави гуфтугӯйи сеҷониба баргузор шавад.
Киев розӣ шудааст. Мақомоти Маскав ва Вашингтон ҳанӯз дар бораи баргузории чунин музокирот изҳори назар накардаанд.
Раисҷумҳури Украина рӯзи шанбе гуфт: "Амрикоиҳо пешниҳод мекунанд, ки ҷонибҳо ҷангро қабл аз тобистон бас кунанд ва бо эҳтимоли зиёд барои пойбандӣ ба ин ҷадвали замонӣ фишор хоҳанд овард."
Доналд Трамп, президенти Амрико, дар маъракаи интихоботии соли 2024 ваъда дода буд, ки ба ҷанги Русия дар Украина поён хоҳад дод. Талошҳои ӯ барои ҳалли масъала беш аз як сол боз идома дорад.
Русия ва Украина ба иҷрои шартҳои худ пойфишорӣ доранд, ки аз тазмини амниятӣ то вогузории қаламаравро дар бар мегирад.
"Гурӯҳи 24" ҳодисаи Боздоштгоҳи Хуҷандро маҳкум кард
Як ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа ҳодисаи Боздоштгоҳи Хуҷандро маҳкум кард. Дар ин воқеа, ки рӯзи 31-уми январ иттифоқ уфтода, вале мақомот на хабари расмияшро доданд ва на ҷузъиёташро бармало карданд, ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, се зиндонӣ кушта шудаанд.
Фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст рӯзи 4-уми феврал дар изҳороте аз сенарияи ба гуфтааш такрорӣ дар зиндонҳои кишвар ибрози нигаронии ҷиддӣ кардааст.
"Дар солҳои охир, ҳар боре вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар муташанниҷ мегардад, мақомоти расмӣ аз рух додани "ошӯб" дар зиндонҳо хабар медиҳанд," -- гуфта шудааст дар изҳорот. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи масъулони "Гурӯҳи 24", "ин ҳама бе таҳқиқоти мустақил, бидуни шаффофият ва бидуни иҷозати назорати ҷомеа сурат мегирад… Ин сенария метавонад барои аз байн бурдани садоҳои норозӣ, маҳбусони сиёсӣ ё шоҳидоне бошад, ки қобилияти расонидани ҳақиқатро ба ҷомеа доранд."
Созмони мухолифи ҳукумат бовар дорад, "хомӯшии ҷомеаи байнулмилалӣ ва набудани фишори ҷиддӣ ба режими ҳоким боис мегардад, ки ин давраи зӯроварӣ идома ёбад."
Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми феврал хабар доданд, ки дар як тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд камаш се зиндонӣ ва як нигаҳбон кушта шудаанд. Дертар як манбаи наздик ба Идораи тандурустӣ дар вилояти Суғд бо шарти фош нашудани ному мақомаш гуфт, "аз боздоштгоҳ се маҳбуси кушташуда ва як захмиро оварданд." Вай дар бораи нигаҳбон чизе нагуфт.
Ба гузориши манбаъҳои Радиои Озодӣ, воқеа замоне рӯй додааст, ки “ҳашт маҳбус баъди тир задан ба як нигаҳбони Боздоштгоҳ бо нияти фирор ба нуқтаи ҳоил ворид гаштаанд”. “Нигаҳбонҳои дигар ба тарафи онҳо тир задаанд. Агар онҳо аз нуқтаи ҳоил мегузаштанд, дигар як дарвозаи баромад буд ва метавонистанд гурезанд,” – гуфт яке аз манбаъҳо.
Бо гузашти бештар аз як ҳафта аз ҳодиса Идораи зиндонҳои Вазорати адлия дар ин бора хабаре надодааст.
Ангезаи ҳамла дар Боздоштгоҳи Хуҷанд рӯшан нест. Маълум нест, ин ҳодиса тарҳи ошӯб будааст ё тавре намояндагони мухолифони ҳукумат дар хориҷа таъкид мекунанд, баъзе аз зиндониён аз вазъи боздоштгоҳ ва тарзи муносибат бо онҳо “ба дод омадаанд”.
Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.
Дар солҳои охир дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат (2018, 2019 ва 2025) чанд ошӯб ё исён рух дода, зиёда аз 50 нафар кушта шуданд. Мақомот ҳамвора ошӯбро кори дасти ифротгароёни исломӣ донистаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бадрафтории мақомот бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.
Боздошти як гумонзад дар пайванд ба ҳамла ба генерали рус
Мақомоти Русия дар пайванд ба суиқасд ба ҷони генерал Владимир Алексеев як каси дигарро дастгир кардаанд.
Ҳамла ба муовини аввали раиси Чун муассисаи истихбороти ҳарбӣ ё ГРУ ҳам маъруф аст рӯзи 6-уми феврал дар назди хонааш дар Маскав сурат гирифт. Вай захмӣ ва дар бемористон бистарист.
ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия рӯзи 8-уми феврал гуфт, гумонзади нав шаҳрванди Русия аст ва дар Дубай боздошт шуд. Аз ӯ Любомир Корба ном бурданд. 65-сола аст.
Ин ниҳод гуфт, дар ин ҳодиса ду шаҳрванди дигари Русия даст доранд, ки яке дар Маскав боздошт шуда, дигаре гуё ба Украина рафтааст.
Дар бештар аз як соли охир дастикам се низомии баландпояи Русия дар Маскав кушта шудаанд. Моҳи декбари соли 2025 дар натиҷаи таркиши мошин дар Маскав генерал-лейтенант Фанил Сарваров, раҳбари як раёсати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, ба ҳалокат расид.
Генерал Ярослав Москалик, муовини сардори сарраёсати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, моҳи апрели соли 2025 дар таркиши мошин дар наздикии шаҳри Маскав кушта шуд. Москалик дар солҳои 2015 ва 2019 дар музокироти “шакли Нормандӣ” дар бораи Украина нақши калидӣ дошт.
Дар моҳи декабри соли 2024 дар пайи таркиши бомбе дар Маскав генерал-лейтенант Игор Кириллов ҷон бохт. Вай аз соли 2017 раҳбарии Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русияро бар дӯш дошт.
Қатли Кириллови 54-сола як рӯз баъди он рух дод, ки Додситонии Украина ӯро ба истифода аз силоҳи кимиёӣ алайҳи нерӯҳои украинӣ муттаҳам кард. Мақомоти Русия дар пайванд ба куштори ин генерал як шаҳрванди 29-солаи Узбекистонро дастгир карданд.
Эҷоди як мансаби нав дар вазоратҳои Тоҷикистон
Дар ҳама вазоратҳои Тоҷикистон ғайр аз муовинони ҳозираи вазир боз як муовини дигар таъйин хоҳад шуд, ки вазифааш ба рақамикунонӣ нигаронида мешавад.
Дар ин бора Хуршед Мирзо, раиси Оҷонси инноватсия ва технологияҳои рақамӣ рӯзи 6-уми феврал дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дода, афзуд, чунин амал ба манфиати кор аст.
Вай шарҳ дод, афроде, ки ба ҳайси муовин таъйин мешавад, шарт нест мутаххассиси IT ё фанновариҳои иттилоотӣ бошанд, муҳим аз раванди ислоҳот ба гузориши рақамӣ огоҳ бошанд.
Тоҷикистон дар чанд соли охир бо таҳияи барномаву таъсиси ниҳоди алоҳида талош дорад аз иқтисодӣ анъанавӣ ба иқтисодӣ рақамӣ гузарад.
Мақомот норасоии зерсохтори зарурӣ, аз ҷумла марказҳои коркарди маълумот, махзанҳои рақамӣ, суръату сифати интернет ва омодасозии мутахассисони соҳаи IT-ро аз мушкилотҳои ин раванд медонад.
Маълум нест таъйини муовини нав дар вазоратҳои кишвар дар гузор ба иқтисоди рақамӣ ё рушди ҳукумати электронӣ то куҷо таъсир хоҳад гузошт.
Вазъи интернет монеаи пешрафти Тоҷикистон шудааст
Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон суръат ва сифати интернетро дар кишвар яке аз мушкилиҳои соҳа арзёбӣ кард. Дар Тоҷикистон танқид аз сифати пасти интернет ва нархи гарони он чандин сол аст вуҷуд дорад, вале зоҳиран, ҳалли худро намеёбад.
Хуршед Мирзо, раиси Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал дар ҷараёни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “самти мо бо ин бисёр вобастагии зич дорад ва гузариши рақамӣ бе суръату сифати интернет ғайриимкон аст.
Талабот рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст, ин сарбориро ба миён овардааст ва ин ҷо ба ҳисоби интернети мобилӣ гирем, ширкатҳо вазифадор гардидаанд, ки таҷҳизоти заруриро насб намоянд,” - афзуд ӯ.
Дар Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ гуфтанд, бо ин вуҷуд дар кишвар низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ таҳия шуда, дар беш аз 850 мақомоту идораҳои давлатӣ ва зерсохтори онҳо мубодилаи мукотибот бидуни коғаз фаъол мебошад. Ин ниҳод аз роҳандозии портали ягонаи хадамоти давлатӣ хабар дод, ки ҳадафи он таъмини шаффофият ва рушди ҳукумати электронӣ будааст.
“Ба ҳолати имрӯза номгӯи 83 хизматрасониҳои давлатӣ дар портали мазкур ... ворид гардида, ба шаҳрвандон дар шакли рақамӣ бе ҳозиршавӣ ба мақомот дастрас мебошад,” – афзуд раҳбари Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.
Ситоиши раиси оҷонсӣ аз роҳандозии хадамоти гуногуни электронӣ дар ҳолест, ки сокинон борҳо шикоят намудаанд, ки бо далели паст будани суръати интернет наметавонанд, амалҳоеро ба мисли пардохти пули барқу об ё андоз сари вақт анҷом диҳанд.
Шикоятҳо аз дастрасӣ ба интернест ва суръати сусти он ҳамеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба назар мерасад. Ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон соли сипаришуда бештар аз 5 ҳазору 700 арзу шикоятро аз сӯи сокинон дастрас кардаанд ва дар аксари онҳо аз сатҳи хадамоти мобилӣ ва суръати интернет дар шаҳру навоҳии кишвар норозигӣ кардаанд. Дар нишасти матбуотии раиси Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ низ хабарнигорон ин мушкилро ба миён гузоштанд, ки бо суръату сифати интернете, ки дар кишвар аст, чӣ гуна рақамикунонӣ рушд хоҳад ёфт.
Довталабон барои мизбонии Ҷоми футболи Осиё-2031 эълон шуданд
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) рӯйхати ниҳоии довталабонро барои баргузор кардани Ҷоми футболи Осиё-2031 тасдиқ кард.
Чунонки сомонаи расмии AFC хабар додааст, ба рӯйхати ниҳоии кишварҳое, ки барои баргузории Ҷоми Осиё-2031 доталабанд, Австралия, Ҳиндустон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, инчунин дархости муштарак аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон дохил шудаанд.
Конфедератсияи футболи Осиё мизбони Ҷоми Осиё-2031-ро имсол эълон хоҳад кард.
Бояд зикр намуд, дар ҳамин ҳол дар шаҳри Душанбе барои баргузор кардани Ҷоми Осиё-2031 сохтмони иншооти бузургтарини варзишӣ дар Тоҷикистон – Варзишгоҳи миллӣ, ки барои беш аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, ҷараён дорад.
Ҳамзамон сомонаи расмии AFC хабар додааст, ки кишварҳои номзад барои баргузории Ҷоми футболи Осиё-2035 муайян шуданд. Инҳо Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Кувайт мебошанд.
Қаблан Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон низ барои дар соли 2035 баргузор намудани Ҷоми Осиё дархости муштарак пешниҳод карда буданд.
Ҷоми футболи Осиё сар аз соли 1956 дар чаҳор сол як маротиба, пас аз як соли мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, барпо мегардад. Аз ҳама бештар - чаҳор бор - Ҷоми футболи Осиёро мунтахаби Ҷопон соҳиб шудааст. Тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Эрон себорӣ қаҳрамони Осиё гаштаанд.
Аз соли 2019 дар ин мусобиқа 24 дастаи мунтахаби қора иштирок мекунад. Охирин мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё соли 2023 дар Қатар баргузор шуда, бо ғалабаи соҳибони майдон анҷом ёфта буд. Мусобиқаи соли 2027 дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.
Дар Узбекистон барои фаҳшу ҳақорат дар интернет ҷазо ҷорӣ мешавад
Дар Узбекистон барои нашр ва истифодаи дашному ҳақорат дар интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ базудӣ ҷазо ба шакли ҷарима ва ҳабс ҷорӣ мешавад. Тарҳи қонун дар ин замина дар хониши аввал дар Олий Маҷлис ё парлумони Узбекистон қабул шуд. Дар ин бора рӯзи 7 феврал дар телеграм-канали парлумон хабар дода шудааст.
Вакилони маҷлиси Узбекистон барои нашри алфози қабеҳ дар интернет ҷарима дар ҳаҷми 5 миллион сӯм ё 400 доллар ва ҳам ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати то 10 шабонарӯзро дуруст мешуморанд. Вакилон мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ба риояи маданият ва одоби рафтор дар интернет одат кунонидани корбарон мебошад.
Дар қонунҳои Узбекистон барои истифодаи алфози қабеҳ дар ҷои ҷамъиятӣ ҷазо дар ҳаҷми ҷарима ва ҳам ҳабси маъмурӣ вуҷуд дорад. Ҷорӣ кардани ҷазо барои чунин рафтор дар интернет ташаббуси нав мебошад.
Муовини раиси парлумони Узбекистон Алишер Қодиров, ки як тарафдори қабули чунин ҷазо дар қонунҳои кишвар аст, гуфт, “танҳо бо корҳои маърифатӣ дигар намешавад пеши роҳи ҷаҳолатро гирифт, аз ин рӯ, тадбирҳои молӣ ва маҳдудкунанда меъёрҳои ногузир барои танзими ин масъала мебошанд”.
Тарҳи қонун бояд аз ду хониши дигари вакилон гузашта баъди он ба Сенат фиристода шавад. Танҳо баъди имзои президент ва нашри расмии он дар матбуот ин тарҳ қувваи қонунӣ мегирад.
Матбуот: Гумонбари ҳамла ба генерали рус боздошт шудааст
Сохторҳои ҳифзи қонуни Русия як гумонбар дар ҳамла ба муовини раиси Сарраёсати ситоди кулли артиш генерал Владимир Алексеевро боздошт карданд. Дар ин бора чандин нашрияи маҳаллӣ, аз ҷумла, "Коммерсант", Baza ва "РЕН ТВ" бо такя ба манбаъҳои худ хабар додаанд.
"Коммерсант" рӯзи 7 феврал навишт, ки боздоштшударо ба бозпурсӣ бурда, 8 феврал қарор аст мурофиаи додгоҳӣ барои ҳабси ӯ барпо шавад. Парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи сӯиқасд ба куштор ва муомилаи ғайриқонунии силоҳ боз шудааст.
Телеграм-каналҳои Mash ва Baza мегӯянд, ки гумонбарро “аз шаҳри Дубай” меоранд. Ҳамроҳ бо ӯ як шарикаш ҳам боздошт шудааст. Ҳеҷ маълумоте дар бораи шахсияти гумонбар ва фармоишгарони эҳтимолии ӯ нашр намешавад.
Худи генерал, ба навиштаи телеграм-каналҳои хабарӣ, баъди ҳамлаи дирӯза аз амалиёти ҷарроҳӣ гузашта ба ҳуш омадааст. Сӯиқасд ба ҷони Алексеев сабҳи ҷумъа дар хонааш дар шаҳри Маскав сурат гирифт.
Дар хабар омадааст, ки ба сӯи генерал шахси ношиносе дар даромадгоҳи манзили истиқоматие дар минтақаи шимолу ғарби Маскав тир холӣ кардааст. Пойгоҳи Baza бо такя ба шоҳидон навишт, ки ҳамла субҳи 6 феврал дар зинапояи даромадгоҳи манзили истиқоматӣ ва лаҳзаҳое сурат гирифт, ки генерал аз дохили манзилаш берун мешуд.
Нашрияи “Коммерсант” бо такя ба манбаъҳояш дар сохторҳои ҳифзи қонун навишт, ки ҳамла ба генерал тахминан соати 7-и субҳи ҷумъа, дар лаҳзаҳое рух дод, ки генерал мехост аз хонааш берун шуда ба кор биравад. Дар саҳни назди дари хонааш Алексеев бо шахси ношиносе рӯбарӯ шуд, ки худро чун ғизорасон вонамуд карда ба дохили даромадгоҳи бино ворид шудааст. Замоне, ки генерал хост силоҳро аз дасти ӯ бигирад, ҳамлагар оташ кушода дасту пои генералро захмӣ кард. Ӯро бо ҷароҳатҳои сангин ба беморхона интиқол доданд ва ба иттилои нашрия, як тир ба узви муҳими бадани генерал расидааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин гуфт, ки президент Владимир Путин дар бораи ин ҳодиса гузоришҳоро саривақт дарёфт мекунад.
Дар солҳои охир дар натиҷаи ҳамлаҳои гуногун чандин раҳбари артиши Русия кушта шуданд, вале дар гузаштаҳо алайҳи ин мақомдорони ҳарбӣ асосан мавори таркандаро ба кор бурдаанд.
Дар Бритониё Алексеевро дар иштирок дар сӯиқасд ба ҷони Сергей Скрипал дар Солсбери гунаҳгор мекунанд. Инчунин ӯро яке аз раҳбарони ширкати нимаҳарбии «Вагнер» меноманд ва дар вақти ошӯби Евгений Пригожин дар моҳи июни соли 2023 ӯ ба унвонии ҷангиёни «Вагнер» муроҷиати видеоӣ сабт карда худаш ҳам шахсан бо Пригожин сӯҳбат кардааст.
Раҳбари бевоситаи Алексеев Игор Костюков дар музокираҳои миёни ИМА ва Украина ҳайати Русияро раҳбарӣ мекунад. Охирин даври ин музокираҳо дар шаҳри Абузаби барпо шуд.
Нурлан Сабуровро 50 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карданд
Мақомоти интизомии Русия ҳаҷвнигори қазоқ Нурлан Сабуровро 50 сол аз ҳаққи даромадан ба Русия маҳрум карданд. Дар ин бора РБК бо такя ба манбааш дар ниҳодҳои қудратӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, манъи вуруди ҳаҷвнигор аз 30-юми январ имзо шудааст. Хабаргузории расмии РИА Новости навишт, чунин қарор "бо назардошти манфиатҳои амнияти миллии Русия, риояи қонун ва ҳимояти арзишҳои миллию ахлоқӣ содир шуд".
Як манбаи ин хабаргузорӣ гуфт, далели чунин қарор ба танқиди Сабуров аз ҷанги Русия дар Украина ва ҳам вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират ва молиёт (андоз) мебошад.
Айни замон, "Важние истории" аз қавли як шиноси Сабуров навишт, сабаби чунин рафтори мақомоти Русия ин буд, ки ҳаҷвнигори маъруфро чандин бор ба идораи ФСБ – Хадамоти амнияти федеролӣ даъват карда, аз ӯ хостанд бо онҳо ҳамкорӣ кунад, вале ӯ “на розигӣ дод ва на рад кард”.
Бори охир соли 2025 ӯро ба ФСБ даъват карда, шарт гузоштаанд, ки ба ҷанги зидди Украина равад ё Русияро тарк кунад.
Shot навишт, Сабурови 34-сола, ки шаҳрванди Қазоқистон аст, шаби 6-уми феврал бо ҳавопаймои ширкати Fly Dubai ба Маскав расид, вале ӯро ҳангоми аз санҷиш гузаштан ба як хонаи алоҳида бурда, ба дасташ санади манъи ворид шудан ба Русияро супурданд.
Mash шоми 6-уми феврал навишт, ки Нурлан Сабуров дар фурудгоҳи Внуково дар миёни нафароне мебошад, ки мунтазири ихроҷ аз Русия ҳастанд.
Як сол пеш ӯро дар фурудгоҳи Шереметево барои вайрон кардани қонуни муҳоҷират ҷарима бастанд. Моҳи ноябр фаъолони як гурӯҳи рӯ ба ҳукумат бо номи "Сорок сороков" аз болои Сабуров ба Кумитаи тафтишоти Русия барои шӯхиаш дар ҳаққи Исои Масеҳ шикоят карданд.