Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар идомаи музокирот бо Толибон


Ҳукумати Афғонистон гуфт, ки музокирот бо Толибон, ки қарор буд дар Қатар 14 апрел аз сар гирифта мешуд, то 19 апрел ба таъхир гузошта шуд. Абдулҳодӣ Арғандевол, узви шӯрои раҳбарии Афғонистон гуфт, ки барои шурӯи музокираҳо дар Давҳа гурӯҳи музокиротии Афғонистон фурсати бештар мехоҳад. Музокироте, ки дар нақша гирифта шуд, қадами муҳиме дар хатми ҷанги Афғонистон ва берункашии нирӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар гуфта мешавад.

Фиристодаҳои ҳукумати Афғонистон дар ин музокираҳо ҳамчун узви як тими калони намояндагони бонуфузи ин кишвар иштирок мекунанд. Толибон мегӯянд, ки онҳо бо ҳукумати Афғонистон гуфтугӯ мекунанд, вале ҳукуматиҳоро танҳо ба унвони “шаҳрвандони маъмулии Афғонистон” эътироф мекунанд. Арғандевол гуфт, ки шӯро дар се то чор рӯзи дигар исми аъзои тими музокиротии худро эълон мекунад. Мақомоти Толибон гуфтанд, ки дар бораи паспарто шудани музокираҳо хабар доранд, вале чизе аз ин беш нагуфтанд.

XS
SM
MD
LG