Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7,3% рушди иқтисоди Тоҷикистон. Аммо чаро муҳоҷирати корӣ идома дорад?


Ҳукумат мегӯяд, Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷаҳон қарор гирифт, ки рушди иқтисодашон аз ҳама зиёд буд. Аммо сокинон мегӯянд, дар зиндагии рӯзмарраи худ рушдеро эҳсос намекунанд ва некӯаҳволии онҳо дар як соли охир беҳтар нашудааст.

  • Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2018-ум 7,3 дар сад рушд кардааст. Созмонҳои байналмилалӣ ояндаро пешбинӣ мекунанд, вале дар поёни кор рақамҳои эълонкардаи ҳукуматҳоро мепазиранд.
Агар оби истакони 100-граммӣ 10 грамм бештар шавад, афзоиш 10 дар сад мешавад. Аммо 10 грамм афзудани оби сатил шояд як дар сад ҳам нашавад. Бино бар ин 3 ё 4 дар сад рушди иқтисоде, ки фаразан Қазоқистон дорад, даҳҳо бор аз 7 дар сади Тоҷикистон бештар аст, аммо дар тарозуи фоиз кам намудор мегардад

Дар радифи Чину Ҳинд?​

Саидмурод Зайниддинзода, роҳбари Маркази таҳлилии Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон дар соли 2018 бинобар рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ё ҳамон рушди иқтисод дар қатори 10 кишвари дунё ба мисли Чин ва Ҳинд ҷой гирифт, ки иқтисодашон беш аз дигар давлатҳо рушд мекунад. Хушхабари вазорат ин аст, ки бар пояи дурнамо ва ё пешбинии таҳиякардаи он, иқтисоди Тоҷикистон соли ҷорӣ рушди аз ин ҳам бештар хоҳад дошт.

"Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2019 бинобар пешбинии мо 7,6 дарсад, соли 2020 ва 2021 ҳашт дарсад рушд хоҳад дошт”, -- гуфт Зайниддинзода охири ҳафта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дурнамои хушбинонаи ин вазорат дар ҳоле садо медиҳад, ки созмонҳои байналмилалӣ ояндаи иқтисоди Тоҷикистонро ба гунаи дигар тасвир карда, мегӯянд, соли оянда суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон, баръакс, сусттар мешавад.

Пешбинии созмонҳои байналмилалӣ чист?

То кунун ду ниҳоди мӯътабари байналмилалии молиявӣ ояндабиниҳои худро дар мавриди ченаки рушди иқтисоди Тоҷикистон нашр карданд.

Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) мизони рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2019 ба 7 дар сад баробар медонад ва мегӯяд, суръати рушд дар соли 2020 кам шуда, дар сатҳи 6,5 дар сад қарор мегирад.

Иқтисоддонҳои Бонки Осиёии Рушд дар шарҳи ин пешбинии худ навиштаанд, "драйвер" ё ронанда ва таҳрикдиҳандаи иқтисод дар Тоҷикистон боз ҳам сармоягузориҳои давлатӣ боқӣ мемонанд, чун мизони сармоягузории бахши хусусӣ ба иқтисод рӯ ба коҳиш аст.

Рушди ҳафтдарсадӣ, ки Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ мекунад ба оғози кори чархаи дувуми нерӯгоҳи Роғун дар соли 2019 рабт дода мешавад ва коҳиши сармоягузории давлат ба тарҳи Роғун ин рушдро то 6,5 дар сад поин меорад.

Пешбинии Сандуқи Байналмилалии Пул (International Monetary Fund) дар мавриди рушди иқтисоди Тоҷикистон аз ин ҳам камтар аст. Иқтисоддонҳои ин созмон пешбинӣ карданд, ки дар соли 2019 иқтисоди Тоҷикистон ҳамагӣ 5 дар сад ва соли 2020 4,5 дар сад рушд хоҳад дошт.

"Омори мо рост баромад, на аз онҳо"

Аммо ин рақамҳо дар Душанбе тарафдори зиёд надоранд ва намояндагони ҳукумат бар инанд, ки созмонҳои байналмилалӣ на ҳамаи имкониятҳои рушди иқтисоди кишварро ба назар мегиранд.

Ҳамсуҳбати мо Саидмурод Зайниддинзода мегӯяд, панҷ соли охир бештар пешбиниҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо рост баромаданд, на арқоми созмонҳои байналмилалӣ. “Чанд сол пеш пешбинҳои онҳо аз мо комилан фарқ мекард, ҳоло рақамҳои онҳо бо арқоми мо хеле наздиктар шудаанд, чун боварашон ба рушди иқтисоди мо бештар шуд”, - афзуд ӯ.

Намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ тафовути арқому адади ду ҷонибро шарҳ намедиҳанд, вале гуфта мешавад, ки ин фарқият аз шеваи шумориш бармеояд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ин кишвар рушди иқтисодро бар пояи моделҳое анҷом медиҳад, ки ниҳодҳои Олмон аз он истифода мекунанд.

Рушди воқеии иқтисод кадом аст?

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Ба қавли Шамсиддин Ҷалолов, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, "чанд усули ҳисоби рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ё иқтисод вуҷуд дорад. Дар мо аз як усул истифода мебаранд, созмонҳои байналмилалӣ аз усули дигар. Аз ин рӯ, ин фарқият ба вуҷуд меояд. Хуб мешуд, ки вазорат ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ сари мизе менишастанду бояд истифода аз як усул рушди воқеии иқтисодро муайян мекарданд.”

Аммо ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз шумори иқтисоддонҳое, ки дар созмонҳои байналмилали молиявӣ кор мекунанд ва бо вазъи Тоҷикистон аз наздик ошноянд, мегӯянд, ҳаҷми иқтисоди кишвар хеле хурд аст ва рушди андаке низ “дар оинаи фоизҳо бузург менамояд”.

Муқоисаи иқтисоди хурду бузург

Яке аз ин ҳамсуҳбатон, ки нахост, номаш бурда шавад, гуфт, агар ҳаҷми иқтисоди Тоҷикистонро барои мисол бо Қазоқистон муқоиса кунем, бояд “як истакон об бо сатили обро тасаввур намоем” ва:

“Агар оби истакони 100-граммӣ 10 грамм бештар шавад, афзоиш 10 дар сад мешавад. Аммо 10 грамм афзудани оби сатил шояд як дар сад ҳам нашавад. Бино бар ин 3 ё 4 дар сад рушди иқтисоде, ки фаразан Қазоқистон дорад, даҳҳо бор аз 7 дар сади Тоҷикистон бештар аст, аммо дар тарозуи фоиз кам намудор мегардад”, -- гуфт ӯ.

Як назар ба арқоми рушди иқтисод ва коҳиши фақр низ дар Тоҷикистон тазодди дигареро бармало мекунад. Иқтисоди кишвар аз соли 1999 то 2014 дар доираи 6-8 дарсад рушд мекард. Мизони фақр дар ин давра аз 73 дарсад то ба 29% поин омад.

Гузоришҳои расмӣ рушди иқтисодро аз соли 2014 ба инҷониб боз ҳам 6-8 дарсад нишон додаанд, аммо шумори фақирон дар як сол ҳамагӣ як дарсад кам шудаанд.

Агар рушди иқтисод аст, чаро ҷои кор нест?

Алишер Раҷабов, иқтисоддони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар як нигоштааш дар шарҳи ин вазъият менависад, “бояд ба инобат гирифт, неъматҳое, ки аз рушди иқтисоди кишвар ба вуҷуд омадаанд, миёни аҳолӣ чӣ гуна тақсим мешавад. Ба ибораи дигар, то куҷо рушди иқтисоди кишвар одилона асту то чӣ ҳад он ба ниёзҳои қишри нодори аҳолӣ нигаронида шудааст?”

Ишораи ин иқтисоддон ба тақсими одилонаи сарватҳои миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки мунтақидон мегӯянд, беш аз 90 дарсади дороиҳои миллӣ дар дасти камтар аз 5 дарсад афроди бонуфузи кишвар қарор дорад.

Самандар Восиев, омӯзгори собиқадори математика аз шаҳри Душанбе мегӯяд, гузоришҳои телевизиони давлатиро ҳар шом бо таваҷҷӯҳ гӯш мекунад ва аз хабарҳои рушди иқтисоди кишвар шод мешавад. Вале мепурсад, чаро бо вуҷуди ин қадар рушди иқтисод барои ду фарзанди ӯ дар кишвар ҷойи кори шоистае эҷод намешавад, то онҳо ҳар сол ба муҳоҷирати корӣ нараванд?

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG