Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бе пул ба назди ягон табиб даромада намешавад." ВИДЕО


Табобати бепул дар Тоҷикистон "фаромӯш мешавад"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:34 0:00

Сокинон мегӯянд, рӯз ба рӯз хидматрасонии тиббии ройгон ё бепул дар Тоҷикистон "фаромӯш мешавад". "Ҳоло бепул ба назди ягон духтур рафта, табобат гирифтан имкон надорад. Баъзан намепурсанд, аммо даҳ ё бист сомонӣ медиҳам, то дафъаи дигар хуб хидмат расонанд", - мегӯяд Раҷабгул Салимова, сокини шаҳри Душанбе.

Мавзӯи саломатӣ ва дастрасии мардум ба хадамоти тиббии муносиб ба як масъалаи доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон табдил шудааст. Оҷонсии мубориза бо фасод дар як пажӯҳише дар аввали имсол Вазорати тандурустиро яке аз ниҳодҳои фасодзада дар кишвар ном бурда буд.

Масъулони вазорат мегӯянд, талош доранд, ки ҳарчи зудтар пардохтҳои "ғайрирасмӣ"-ро "расмӣ" карда, аз мавридҳои фасоди молӣ дар бемористонҳо пешгирӣ кунанд.​ Сафар Сайфуддинов, корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта дар як нишаст дар Душанбе гуфт, "бо истифода аз маблағҳое, ки расман ба даст меояд, сатҳи хидмтраоснии тиббиро беҳтар гардонем."

Масъулони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, соли гузашта будҷаи ин соҳа беш аз 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ буд. Музаффар Олимов, раиси Маркази назарпурсии "Шарқ" мегӯяд, "мо бояд ошкоро бигӯем, ки сабаби пулгирӣ, эҳтимол дорад, маоши ками кормандони соҳаи тандурустӣ бошад."

Ба бовари коршиносон, ягона роҳи ҳалли ин мушкил роҳандозии бима ё суғуртаи беморон дар кишвар аст. Ҳарчанд қонун дар ин бора соли 2008 тасвиб шудааст, оғози иҷрои он ба таъхир афтодааст. Қарор аст соли 2022 мавриди амал қарор бигирад.

Сафар Сайфуддинов аз Вазорати тандурустӣ гуфт, "соли 2010 ҳисоб кардем, аз ҳисоби будҷаи давлат киҳо суғурта мешаванд. Шахсоне, ки кор намекунанд, кӯдакон, занҳои ҳомила, мактаббачаҳо, донишҷӯён ва маъюбон. Ҳисоб кардем, ки барои суғуртаи инҳо чӣ қадар маблағ зарур аст. Барои дарёфти пул ба Вазорати молия муроҷиат кардем. Мутаассифона, чунин маблағҳоро пайдо карда натавонистем."

Илҳом Расулов, роҳбари бахши суғуртаи тиббии ширкати “BIMA” гуфт, нархномаҳои муқарраркардаи ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2014 имкон намедиҳад, ки пизишкони тоҷик барои кори худ маблағи шоистаеро соҳиб шаванд.

Ӯ гуфт, "иҷоза барои даромадан ба назди духтур шаш сомонӣ аст. Дар асл бемор ба таври ҷудогона ба табиб пули зиёдтар медиҳад. Ба назари ман, бояд ҳамин иҷозаи воридшавӣ ба назди пизишк расман боло бурда шавад ва духтур маоши баланд гирад. Дар он сурат пизишк хоҳиши пули изофӣ гирифтанро намекунад."

Ҳоло дар Тоҷикистон 18 ҳазор табиб ва 50 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ фаъолият доранд, ки ба гуфтаи масъулони вазорати тандурустӣ 65 дар сади будҷаи ин бахш ба маоши онҳо равона шудааст.

Солҳои охир шикояту интиқод аз кори пизишкон кам нашудааст. Бархе аз гаронии хидматрасонии тиббӣ ва баъзеи дигар аз муносибату сатҳи дониши табибон шиква доранд. Гилаҳое, ки на ҳамеша табибон бо он розианд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG