Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо ва қиёмҳо дар кишварҳои арабӣ аз соли 2011 то кунун


Аз соли 2011 то кунун эътирозҳо ба ҳадафи тағйироти демократӣ дар кишварҳои арабӣ, аз Тунис ва Алҷазоир гирифта то Судон, ки дар онҷо артиш ба ҳукумати 30-солаи Умар Ал-Башир поён дод, рӯ ба афзоиш будааст. Хабаргузории "Франс-пресс" дар ин гузориш хулосае аз муҳимтарин эътирозҳо ва қиёмҳои мардумӣ дар ҷаҳони арабро гирд овардааст.

Тунис - зодгоҳи "баҳори арабӣ"

Дар декабри соли 2010 худсӯзии як ҷавони дастфурӯш нуқтаи оғози эътирозҳои сартосарӣ алайҳи фақр ва бекорӣ шуд. Камтар аз як моҳ баъд Зайналобиддин бин Алӣ, диктатори Тунис пас аз 23 соли ҳукуматдорӣ аз кишвар гурехт. Ин ҳодиса оғозгари эътирозҳои васеъ дар дигар кишварҳои арабӣ алайҳи раҳбарони режимҳо шуд.

Тунис бинобар сулҳомез будани эътирозҳо ва интиқоли қудрат ба ҳукумати нав, шуҳрат ёфт. Дар соли 2014 Қонуни асосии нав дар ин кишвар қабул шуд ва қудрат ва ихтиёроти президент маҳдуд шуд. Декабри соли 2014 Муҳаммад Боҷи Қоид Сибсӣ, дар аввалин интихоботи демократии президентӣ ба пирӯзӣ расид. Қарор аст интихоботи порлумонӣ ва президентии баъдӣ дар Тунис дар охирҳои соли ҷорӣ баргузор шавад.

Миср -- саркӯб ва табаддулот

Дар пайи шӯриши густурда ва ҳаждаҳрӯза, ки тайи он ҳудуди 850 нафар кушта шуданд, Ҳуснӣ Муборак рӯзи 11-уми феврали соли 2011 аз қудрат канор рафт ва се даҳа ҳукумати бо мушти оҳанин дар Миср, поён ёфт.

Муҳаммад Мурсӣ.
Муҳаммад Мурсӣ.

Дар моҳи июни соли 2012 Муҳаммад Мурсӣ, номзади "Ихвон-ул-Муслимин" дар аввалин интихоботи демократии президентӣ ба пирӯзӣ расид. Давоми як соли прездидентии Муҳаммад Мурсӣ, Миср ба эътирозҳо ва даргириҳои сиёсӣ рӯбарӯ шуд ва дар ниҳоят Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ситоди артиш, президенти қонуниро барканор кард.

Худи Абдулфаттоҳ Сисӣ дар соли 2014 ба мақоми президентӣ расид. Мунтақидони ҳукумат ва гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар ӯро ба саркӯби шадиди мухолифон муттаҳам кардаанд.

Либия -- ошӯб

Рӯзи 21-уми феврали соли 2011 эътирозҳо алайҳи Муаммар Қаззофӣ, ки 42 сол қудратро дар даст дошт, оғоз шуд. Тазоҳурот ба шӯриши мусаллаҳона табдил шуд ва НАТО аз он ҳимоят кард. Рӯзи 22-юми октябр Қаззофӣ боздошт ва кушта шуд.

Аз он замон ин кишвари дорои манбаъҳои зиёди нафт, ба ошӯбҳо рӯбарӯ аст. Гурӯҳҳои зиёде мехоҳанд, ки ҳукуматро дар даст дошта бошанд. Аз рӯзи чаҳоруми апрели имсол нерӯҳои генерал Халифа Ҳифтар ҳуҷуми густурдаеро барои тасарруфи Троблус -- пойтахти Либия, оғоз карданд.

Баҳрайн -- эътироз ва идомаи норизоятӣ

Дар ин кишвари шайхнишини кӯчак, ки аксарияти аҳолии он шиамазҳаб ҳастанд, ҳукумат дар дасти ақалияти суннӣ қарор дорад ва аз моҳи феврали соли 2011, ки эътирозҳо ба ҳадафи ислоҳоти сиёсӣ оғоз шуд, то ба ҳол ҳар гоҳе нооромиҳо сар мезанад. Садҳо нафар аз мухолифони ҳукумат ва эътирозгарон ба зиндон андохта шуда ва шаҳрвандии онҳо бекор карда шудааст.

Сурия -- 9 сол ҷанги дохилӣ

Тазоҳуроти сиёсии сулҳомезе, ки рӯзи 15-уми марти соли 2011 оғоз шуд, ба як ҷанги вайронгар мубаддал шуд, ки бар асари он ҳадди ақал 380 ҳазор нафар кушта ва ҳудуди 12 миллион нафар овора шуда ва ё маҷбур ба муҳоҷират шудаанд.

Дар соли 2013 ва 2014 гурӯҳҳое чун "Ҷабҳат-ун-Нусра" ва ДИИШ минтақаҳои васееро, ки дар контроли мухолифони ҳукумати Башор Асад буд, тасарруф карда ва ба таҳдиди аслӣ мубаддал шуданд.

Ҳукумати Сурия бо ҳимояти Русия ва Эрон тавонистанд, ки бахшҳои зиёде аз хоки кишварро бозпас бигирад ва имрӯз тақрибан аз се ду ҳиссаи қаламрави кишвар дар назорати онҳо мебошад. Дар моҳи марти соли 2019 охирин минтақаҳои таҳти контроли гурӯҳи ДИИШ аз сӯи нерӯҳои курди муттаҳиди Амрико, озод шуд.

Яман -- ҷанг ва қаҳтӣ

Моҳи феврали соли 2012 дар натиҷаи як соли эътирозҳо ва шӯришҳои густурда, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман пас аз се даҳаи ҳукуматдорӣ, барканор шуд.

Дар соли 2014 шӯришиёни гурӯҳи Ҳусӣ бо як ҳамла густурда бахшҳои калоне аз Яман, аз ҷумла шаҳри Санъо -- пойтахти он кишварро тасарруф карданд. Дар баҳори соли 2015 эътилофе аз кишварҳои арабӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ алайҳи шиаиёни Ҳусӣ вориди ҷанг шуд.

Тибқи оморҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳудуди 10 ҳазор нафар дар Яман кушта шудаанд, вале ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башар шумораи қурбониёнро аз ин бештар мегӯянд. Тибқи омори Созмони Милали Муттаҳид, ҳадди ақал 10 миллион нафар аз мардуми Яман дар рӯбарӯи қаҳтӣ ва гуруснагӣ қарор доранд.

Алҷазоир -- истеъфои Бутафлиқа

Аз 22-юми феврали соли 2019 тазоҳуроти густурда ва бесобиқа дар шаҳрҳои мухталиф алайҳи номзадии Абдулазиз Бутафлиқа барои панҷумин давраи раёсати ҷумҳурӣ, Алҷазоирро ба ларза овард. Раҳбари солхӯрда ва бемори Алҷазоир аз соли соли 1999 қудратро дар даст дошт.

Абдулазиз Бутафлиқа
Абдулазиз Бутафлиқа

Рӯзи дувуми апрел оқои Бутафлиқа таҳти фишори нерӯҳои мусаллаҳи Алҷазоир истеъфо дод. Раиси порлумон ба унвони раиси ҷумҳури муваққат таъйин шуд ва вазифааш ташкили ҳукумати нав ва баргузории интихобот аст. Вале муътаризон ба хостаи худ, ки барканории ҳамаи ҳукумат ва ҳайати раҳбарикунандаи кишвар аст, таъкид доранд.

Судон -- артиш Умар Ал-Баширро сарнагун кард

Аз аввалҳои моҳи декабри соли 2018 мардум дар эътирозҳо ба афзоиши нархи нон ба кӯчаҳо омаданд ва пас аз муддате ин тазоҳурот ба эътирозҳо алайҳи Умар Ал-Башир, президенти Судон табдил ёфт ва мардум хостори барканории ӯ шуданд.

Рӯзи 11-уми апрел ҳамзамон бо шашумин рӯзи гирдиҳамоии шумораи зиёде аз мардум, артиш эълон кард, ки Умар Ал-Баширро боздошт кардааст. Ба ин тартиб, се даҳа ҳукумати ӯ, ки ба саркӯби мухолифон, нақзи шадиди ҳуқуқи башар ва ҳатто даст задан ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам шудааст, поён ёфт.

Эътирозгарон ин иқдомро, ки "кудато дар даруни режим" хонданд, қабул накарданд ва эълом карданд, ки тазоҳуроти худ идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG