Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ваъдаи" Путин барои афви муҳоҷирон. Афве, ки замони иҷрояш маълум нест. ВИДЕО


Тоҷикистону Русия 17 санади нав имзо карданд, ки созишномаҳо байни ширкати ТАЛКО ва Бонки ВТБ ва қабули коргарони тоҷик барои кор дар Русия аз ҷумлаи онҳост.

Коршиносон мегӯянд, ин санадҳо мисли созишномаву ёддоштҳои ду даҳсолаи охир аксаран рӯи коғаз мемонанд, ё ба қавли онҳо, замоне иҷро мешаванд, ки барои Маскав зарур аст ва ё гуруҳҳои манфиатдор дар Тоҷикистон рӯи он пофишорӣ мекунанд.

Як рӯз пеш раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти Русия хост, ки бори дигар муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро афв кунанд, то роҳи онҳо ба ин кишвар боз гардад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми апрел бо сафари расмии дурӯза ба Русия рафт.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел гуфт, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, мавзӯи афви муҳоҷирон баррасӣ шуд. Дар баёнияи расмии хадамот омадааст: "Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, нисбат ба як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун будубоши онҳо дар Русия манъ гардидааст, афв эълон карда шавад."

​Ба қавли дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, президенти Русия Владимир Путин "пешниҳодро қабул кард" ва "ба роҳбарияти вазорати корҳои дохилии Русия супориш дод, ки оид ба ҳалли ин масъала чора андешад."

Маълум нест, ки ин масъала кай баррасӣ мешавад ва ин ҳам маълум нест, ки посух ба дархости раиси ҷумҳури Тоҷикистон мусбат хоҳад буд, ё не. Дафтари матбуоти Кремлин дар ин бора ҳеч хабар надодааст. Рӯшан нест, ки дархости афви муҳоҷирон дар суҳбати худмонӣ садо додааст, ё мулоқоти расмӣ.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор сокини Тоҷикистон аз ҳаққи сафар ба Русия маҳруманд. Соли 2017 мақомоти Русия айни афвро эълон карданд ва беш аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тавонистанд, ҳузури худро дар Русия қонунӣ созанд ва ё барои кору таҳсил баргарданд.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин зимни нишасти хабарии муштарак аз ҳузури ба гуфтаи худаш 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ёдовар шуд. Ӯ гуфт, мақомоти кишвараш корҳои зиёде анҷом медиҳанд, то ки "тоҷикистониён худро дар Русия осудаву роҳат эҳсос кунанд."

Путин: "Барои тоҷикон шароити муносиб фароҳам кардаем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:37 0:00

Баёнияе, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ ва худи муҳоҷирони тоҷик бовар кардан ба он сахт аст, зеро муносибати кордиҳандагон ва маъмурони пулис бо муҳоҷирони тоҷик бисёр бад аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, истисмори муҳоҷирон ва азияту озори муҳоҷирон як амри маъмулист ва мақомоти Русия ҳам инро медонанд ва нодида мегиранд.

Гузашта аз ин муҳоҷирон ба як абзори сиёсие табдил ёфтаанд, ки ҳукумати Русия бо истифода аз онҳо хостаҳои сиёсии худро дар Тоҷикистон бароварда мекунад. Дар гузашта ҳар вақт мушкиле дар робитаҳои Тоҷикистону Русия пеш омада бошад, мақомоти интизомии Маскав даста-даста муҳоҷиронро боздошт ва аз Русия ихроҷ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти хабарии муштарак бо Владимир Путин дар Маскав гуфт, муҳоҷирати тоҷикон ба Русия ним баробар кам шудааст. Ӯ гуфт, соли гузашта 480 ҳазор нафар ба Русия рафтанд ва афзуд мушкилоти ҳалношуда дар байни онҳо вуҷуд дорад, ки ба он бояд таваҷҷуҳ кард.

Айни замон ҳукумати худи Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки дар дохил ҷойҳои корӣ намесозад ва иқтисоди кишварро пойбанди пули муҳоҷирон кардааст. Ҳафтаи гузашта Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Созмони Милал гуфт, Тоҷикистон барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тоҷикон дигар камтар ба Русия мераванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Ҷониби Тоҷикистону Русия инчунин масъалаи додугирифт, сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар бахши энержӣ, маориф, вазъият дар марзи Афғонистон, боди таҳдид аз он сӯи Ому ва ҳамкории ҳарбиро баррасӣ кардаанд. Соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст. Тоҷикистон аз Русия умдатан маводи сӯхт мехарад ва ба он кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад.

Зимнан, бо вуҷуди шарики стратегӣ будан, сармояи Русия дар рушди иқтисоди Тоҷикистон бисёр ночиз гуфта мешавад. Муҳимтарин тарҳи Русия дар Тоҷикистон нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" мебошад, ки даҳ сол пеш бунёд шуд ва ҳар гоҳ масъалаи қарздории Тоҷикистон аз ин нерӯгоҳ боис ба баҳсу кашмакаш байни ду тараф мешавад.

Ширкатҳои Русияро ҳам барои ваъдаҳои иҷронашудаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон танқид мекунанд, аз ҷумла ширкати "Газпром"-ро ки тарҳҳои иктишоф ва истихроҷи газро ниматамом гузошта ва ё аз онҳо комилан даст кашидааст.

Як ҳафта пеш баъзе аз мақомҳои Тоҷикистон аз коҳиши сармоягузории Русия ба иқтисоди кишвар низ шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, Русия дар соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон 21 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, ки "аз сармоягузории Филиппин ҳам камтар аст".

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар шароити феълии иқтисодӣ Тоҷикистон набояд ба афзоиши сармоягузориҳои хориҷӣ умед бандад."​

Эътироз дар назди Кохи Кремл

Дар рӯзи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав, чанд узви “Гурӯҳи 24” ва афроди алоҳида дар Русия бо шиор дар даст ба назди Кохи Кремл омада ва ба зидди сафари ӯ ба Маскав эътироз карданд.

Онҳо видеоҳоеро дар Фейсбук нашр карданд, ки яке аз онҳо бо номи Раҳматуллои Муҳаммад дар даст шиор мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар ҷое, ки сафар кард, ӯро “бо тарзу усули худ” пешвоз мегиранд.

Дар шиори дасти ӯ, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро, яке аз раҳбарони “худкома” дар минтақа номидаанд. Баҳром Ҳамроев, як ҳомии ҳуқуқ аз Эмомалӣ Раҳмон хост, ки зиндониёни сиёсиро озод кунад.“Гуруҳи 24”, як созмони сиёсии мухолифи давлат аст, ки соли 2012 аз тарафи тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов таъсис ёфт. Гузоришро ба забони русӣ инҷо бубинед.

Эътирози инфиродии намояндаи "Гурӯҳи 24" дар Майдони сурхи Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Додгоҳи Тоҷикистон гуруҳро соли 2014 созмони ифротӣ эълон кард, ҳарчанд аъзои он мегӯянд, ҳеҷ гуна ақидаҳои ифротӣ надоранд. Аъзои созмон дар гузашта дар дигар шаҳрҳои ҷаҳон бо ҷамъ овардани гуруҳҳои хурде ба зидди раиси ҷумҳури Тоҷикистон эътироз кардаанд.

XS
SM
MD
LG