Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори сангини вазнинтарин марди Тоҷикистон. ВИДЕО


Бобоҷон Маҳмадиев
Бобоҷон Маҳмадиев

Бобоҷон Маҳмадиев, сокини ноҳияи Фархор, 300 кило вазн дорад ва аз вазнинтарин мардони Тоҷикистон аст. Ӯ гуфт, ба аробае ниёз дорад, то хонаводаашро азият надиҳад ва фарзандонаш тавонанд бе таъхир ба мактаб раванд.

Баъзе аз ҳамдеҳагони Бобоҷон мегӯянд, агар ӯ дар як кишвари аврупоӣ мешуд, аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор буд.

Ин сокини деҳаи Қизилсуи ҷамоати Ғалаби ноҳияи Фархор аз хурдӣ маъюб аст ва роҳ рафта наметавонад. Бобоҷон Маҳмадиев соҳиби се фарзанд - ду писар ва як духтар - аст. Писари 14-солааш бештари вақти худро дар сайругашт додани падараш пушти сар мекунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Рӯзгори сангини вазнинтарин марди Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Мастона Нуралиева, ҳамсари Бобоҷон Маҳмадиев мегӯяд, ӯ дар хонавода ҳам нақши мардро мебозад ва ҳам занро, то шавҳари сангинвазн ва маъюбашро парасторӣ кунад. Нуралиева гуфт, шавҳараш 150 сомонӣ -- нафақаи гурӯҳи якум мегирад, ки барои зиндагии ӯ ва се фарзандаш кофӣ нест. Аз ин рӯ, ҳезум ҷамъоварӣ менамояд ва дар киштзори мардум кор мекунад, то ризқе барои худу оилааш пайдо кунад.

​"Зиндаги бисёр душвор аст. Чӣ кор кунам, барои пешбурди зиндагӣ ҳезум ҷамъ меорам ва дар киштзорҳои мардум кор мекунам. Инчунин шавҳарамро нигоҳубин мекунам, то азоб накашад", - гуфт Мастона Нуралиева.

Бобоҷон, ки бемории ирсӣ дорад, мегӯяд, ҳолаш рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Азбаски вазнаш зиёд аст, касе нест, ӯро ба бемористон барад. То ба ҳол се бор аробааш шикастааст ва аз ду хар ҳам маҳрум шудааст. Бобоҷон иддао дорад, ки агар бемор ҳам шавад, табибони дигар ба наздаш намеоянд, зеро мегӯянд, ки барояш табиб ҷудо шудааст.

Мастона Нуралиева, ҳамсари Бобоҷон Маҳмадиев
Мастона Нуралиева, ҳамсари Бобоҷон Маҳмадиев

Аз меҳрубониҳои ҳамдеҳагон сипосгузорӣ мекунад, ки намегузоранд рӯҳафтода шавад. Яке бомашро таъмир кард, дигаре телевизион ҳадя намуд ва дигарон маводи хӯрок медиҳанд.

Бобоҷон Турсаев, як ҳамдеҳаи Бобоҷон Маҳмадиев, рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро аз хурдӣ мешиносад ва то имрӯз дар чунин ҳол қарор дорад. Турсаев гуфт, ҳоло ҳамсояааш як зиндагии фақирона дорад.

Бобоҷон Маҳмадиев мегӯяд, ҳамдаму ҳамрози асосии ӯ ҳамсараш аст, ки ба ӯ умед мебахшад. "Ним соат аз пешам дур равад, то овозашро нашунавам, дилам қарор намегирад. Ҷанг мекунем, боз оштӣ мекунем. Зиндагии мо ҳамин хел аст", - гуфт ӯ.

Орзуяш ин аст, ки вазнаш кам шавад, то азизонашро дигар заҳмат надиҳад: "Илоҷе мекунам, ки ягон аробае ёбам, то худам биравам ва фарзандонам аз мактаб намонанд."

Баъзе аз ҳамдеҳагони Бобоҷон Маҳмадиев мегӯянд, агар ӯ дар як кишвари аврупоӣ мешуд, аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор мегардид. Вале Бобоҷон шукр мекунад, ки ҳамсараш соябони сари ӯст ва ӯро тарк накардааст.

XS
SM
MD
LG