Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоӣ ва боздошти шубҳаовари шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Сарнавишти Дилшод Сатторов маълум нест.
Сарнавишти Дилшод Сатторов маълум нест.

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки 1 соли расо дар боздоштгоҳе дар Русия нигаҳ дошта мешуд, баъди раҳоӣ аз боздошт дигарбора дастгир шуд.

Вале маълум нест, киҳо ӯро боздошт карданд ва ба куҷо бурданд. Дилшод Сатторов, сокини 43-солаи ноҳияи Рӯдакиро як сол пеш бо иттиҳоми ифротгароӣ ва ширкат дар ҷангҳои Сурия дар Маскав дастгир карданд.

Додситонии Тоҷикистон дар номае ба мақомоти Русия навиштааст, ки ин ҷавони тоҷик ба зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ муттаҳам мешавад ва бояд барои ин аъмолаш дар назди қонун ҷавоб гуяд.

Муҳаммадшариф Сатторов, бародари Дилшод Сатторов рӯзи 19-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз шаҳри Маскав гуфт, пас аз 15 дақиқаи берун шудан аз боздоштгоҳ чаҳор нафар бо либоси мулкӣ бародарашро боздошт карданд ва ба мошини сиёҳшишае савор карда, ба самти номаълум бурданд.

Дар як видеое, ки ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ лаҳзаи боздошти бародараш дар назди додситонии ноҳияи Мешанский бардошта шудааст, дида мешавад, кӣ чӣ гуна як марде аз дохили мошин нидои илтиҷоомез мебарорад ва «Эҳ бигир» мегӯяд ва чаҳор нафар уро ба зур дохили мошин мекунанд.

Маъмурони милиса ҳам онҷо ҳузур доранд ва дахолат намекунанд. Зане ҳам мехоҳад, ба онҳо муқовимат кунад ва бо забони русӣ мардумро ба кӯмак даъват мекунад.

Муҳаммадшариф Сатторов гуфт, зан ҳамсари руси бародараш аст ва бо гузашти як рӯз онҳо нишоне аз Дилшод пайдо накардаанд. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт ва истирдоди Сатторовро тасдиқ ва ё рад накарданд. Дар қарори раҳоии бародараш аз боздошт, ки Муҳаммадшариф дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, навишта шудааст, ки Дилшод Сатторов бинобар гузаштани муҳлати боздошт, ки як солро дар бар гирифт, раҳо шуд.

Дар қарори додситонии ноҳияи Мешанскии Маскав гуфта шудааст, ки Додситонии кулли Тоҷикистон аз онҳо дархости истирдод карда буд, вале додситонӣ шарҳ надодааст, ки чаро Дилшод Сатторов ба Душанбе бозпас фиристода нашуд.

Дар ин қарор гуфта шудааст, ки Сатторов барои узвият дар ДИИШ ва ширкат дар ҷангҳои Сурия аз ҷониби Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешавад. Муҳаммадшариф Султонов мегӯяд, бародараш ҳеҷ гоҳ дар Сурия набуд ва то кунун мақомот далеле ҳам барояшон нишон надодаанд.

«Гӯиё Сурия рафта, он ҷо шаш моҳ машқ дода бошад. Лекин ман худам дар бозори «Садовод» ароба мекашидам ва бародарам он ҷо савдо мекард. Ҳамроҳи ҳамсараш барои овардани молу коло ду-се рӯза Туркия рафта буд, лекин ягон вақт шаш моҳ аз Русия берун набуд. Кай Туркия рафта омадааст, дар шиносномааш муҳр аст. Дар Сурия буданаш як дурӯғ аст» - гуфт ӯ.

Ҳоло маълум нест, ки Дилшод Сатторов дар куҷо аст, вале Баҳром Ҳамроев, корманди «Мемориал», як созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Русия мегӯяд, маъмулан дар чунин ҳолат муттаҳам ба ҷиноятро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон мебаранд.

Ӯ гуфт, даҳҳо ҳолате буд, ки шаҳрванди Тоҷикистон на бар асоси қарори додгоҳ, балки бидуни асосҳои қонунӣ аз Русия ба ватанашон бурда шудаанд ва он ҷо ҳукмҳои тӯлонии зиндон гирифтаанд.

Баҳром Ҳамроев
Баҳром Ҳамроев

Ҳамроев мегӯяд, дар як соли гузашта аз ҳуқуқи бештар аз даҳ шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ дар боздошт буданд, ҳимоя кардааст. Ба гуфтаи ӯ азбаски мақомоти Тоҷикистон далелҳои қонеъкунанда ба додгоҳ пешниҳод карда наметавонанд, мақомоти интизомии Русия мекӯшанд, бе муҳокима ин муттаҳамонро ба Тоҷикистон бифристанд.

“Русия уҳдадориҳои байналмилалӣ дорад ва бе асосҳои боқувват боздоштшударо истирдод намекунад. Дар додгоҳи Аврупо муҳокима мешавад. Фикр мекунам, ки русҳо озод мекунанд ва Тоҷикистон бо роҳҳои ғайриқонунӣ, бо машварат, бо баъзе аз доираҳо дар мақомоти Русия, шаҳрвандро мерабоянд. Дар ман рӯйхате ҳаст, ки онҳоеро, ки бо чунин шева бурданд, дар Тоҷикистон аз 15 то 17 сол ба зиндон маҳкум кардаанд.” - гуфт Баҳром Ҳамроев.

Мақомоти Тоҷикистон ду соли пеш гуфтанд, ки беш аз 100 шаҳрванди кишвар дар Русия бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ҷустуҷӯ мешаванд.

Тибқи иттилои расмӣ дар панҷ соли ахир наздики ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ рафтаанд ва ба гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд. Мақомоти тоҷик бар ин боваранд, ки 85 дар сади онҳо дар Русия фирефтаи гуруҳҳои тундрав шуда ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

Дилшод Сатторов, соҳиби шаш фарзанд аст ва ба гуфтаи бародараш, дар бозори “Садовод” тиҷорат дошт.

XS
SM
MD
LG