Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи дави Душанберо ба Эфиопия ва Қирғизистон бурданд


Ба иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ниммарафони X байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар гирифт, аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ, ба поён расид.

Дар ниммарафони X байналмилалӣ ҳудуди 100 варзишгар аз Тоҷикистон ва 36 давандаи ҳирфаӣ аз Австралия, Австрия, Афғонистон, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Нидерланд, Русия, Узбекистон, Украина, Чин ва Эфиопия иштирок карданд.

Дар байни мардон Фенте Ҷирма аз Эфиопия ва дар миёни занон Даря Маслова аз Қирғизистон пирӯз шуданд. Зимнан, дар нимммарафони соли гузашта низ варзишгарони Эфиопия ва Қирғизистон ғолиб омада буданд.

Дар байни намояндагони Тоҷикистон Меҳрангез Назарова ва Улиям Кузминова натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар сабқати занон мутаносибан ҷойҳои панҷуму шашумро касб намуданд.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони X байналмилалӣ 387 803 сомонӣ (беш аз 40 ҳазор доллари ИМА) ихтисос дод. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни мардон ва занон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо ҷоизаҳои молӣ ба маблағи аз 13 ҳазору 350 сомонӣ то 31 ҳазору 150 сомонӣ сарфароз шуданд.

Бояд тазаккур дод, ниммарафони байналмилалӣ аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст.

Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар даҳ даври ниммарафони байналмилалӣ ҷойи чорум мебошад Ҳасан Ғаффоров ду бор (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ва Надима Мирзоева як маротиба (соли 2010 ) миёни занон ҷойи чорумро соҳиб шуда буданд.

Ғолибону ҷоизадорони ниммарафони X байналмилалӣ дар Душанбе – 2019:

Мардон

1. Фенте Ҷирма аз Эфиопия

2. Микола Юхимчук аз Украина

3. Михаил Красилов аз Қазоқистон

4. Жоодаора Кочконбекова аз Қирғизистон

5. Майна Самуел аз Кения

6. Андрей Петров аз Узбекистон

Занон

1. Даря Маслова аз Қирғизистон

2. Гуангул Хирут аз Эфиопия

3. Ситора Ҳамидова аз Узбекистон,

4. Мурунги Бетти Касамбӣ аз Кения

5. Меҳрангез Назарова аз Тоҷикистон

6. Улиям Кузминова аз Тоҷикистон.

Ҳамаи ғолибони ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе (2010-2019):

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG