Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони навраси тоҷик дар Ҷоми Осиё


Мансур Раҳмон, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону навҷавонон, ки 20-21-уми апрел дар шаҳри Алмаатии Қазоқистон баргузор шуд, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар сабқати наврасон Тоҷикистонро ҳафт нафар намояндагӣ карданд. Аз миёни онҳо танҳо Мансур Раҳмон медал гирифт. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило мақоми севумро касб намуд. Боз ду нафари дигар натиҷаҳои нисбатан хубтар нишон доданд. Иброҳимҷон Элмуродов (вазни +100 кг) ҷойи панҷум ва Аюбҷон Мирзоев (-81 кг) ҷойи ҳафтумро ишғол карданд.

Дар сабқати наврасон 224 варзишгар (150 писар ва 74 духтар) аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, инчунин Русия ширкат дошт. Дар ҳисоби дастаӣ Қазоқистон бо касби 41 медал (11 тилло, 10 нуқра ва 20 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Узбекистон бо касби 12 медал (3-4-5) дувум ва Қирғизистон бо касби 4 медал (1-1-2) севум шуданд. Тоҷикистон баъди Русия ва пеш аз Туркманистон дар ҷойи панҷум қарор гирифт.

Дар сабқати навҷавонон 186 варзишгар (133 писар ва 53 духтар) аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, инчунин Муғулистон ва Русия иштирок дошт. Тоҷикистонро ҳашт варзишгар намояндагӣ кард. Дар байни онҳо Сулаймони Ҷамшед (-60 кг) ҷойи панҷум, Абубакри Акобир (-90 кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (+100 кг) ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Дар ҳисоби дастаӣ Қазоқистон бо касби 32 медал (8 тилло, 8 нуқра ва 16 биринҷӣ) ғолиб шуд. Узбекистон бо касби 5 медал (2-1-2) ҷойи дувум ва Қирғизистон бо касби 4 медал (1-2-1) ҷойи севумро соҳиб шуданд. Тоҷикистон дар ҷойи охирин қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG