Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду нафар аз борону сел дар Файзобод


Дар натиҷаи борони сахти рӯзи 24-уми апрел ва омадани сел дар ноҳияи Файзобод ду нафар ҷони худро аз даст доданд. Мақомот гуфтанд, ин афрод ба подабонӣ рафта буданд.

Яке аз қурбониёни ҳодиса Махсуми Саид, сокини 50-солаи деҳаи Сайидони ноҳияи Файзобод будааст. Фарҳод Бухориев, сокини деҳаи Сайидон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "марҳум субҳи имрӯз якҷо бо чаҳор нафари дигар барои чаронидани чорво ба теппаҳо рафта буд. Сел онҳоро бурдааст. Махсуми Саид ҳалок шуд ва се нафари дигар дар ҳолати вазнин ҳастанд."

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, гуфт, сел дар Файзобод як навраси 14-соларо низ куштааст. "Наҷотбахшон аллакай ҷасади ӯро пайдо карда, ба наздиконаш супурданд. Мо борҳо аз борону омадани сел ҳушдор додем, аммо зоҳиран мардум сарфи назар мекунанд", - афзуд ӯ.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, маъмурони наҷот дар ноҳияи Файзобод ҳастанд ва вазъиятро аз наздик таҳқиқ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони рустои Саричашмаи ноҳияи Файзобод хабар доданд, ки сел бист хонаро вайрон ва даҳҳо сар чорово бо худ бурдааст. Нусратулло Раҷабов, сокини деҳаи Саричашма ба Радиои Озодӣ гуфт, "садди обанбори рӯдхонаи Элок рахна шуд ва хонаҳои атрофи дарёро вайрон кард."

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки то охири моҳ хатари боронҳои сел ва тарма зиёд мемонад. Дар се моҳи охир дар Тоҷикистон 500 фалокати табиӣ мушоҳида шудааст ва аз ин миён 12 селу тарма ба мардум ва иқтисоди кишвар зиён расондаанд.

Охири ҳафтаи гузашта дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Турсунзода як навраи 16-сола ҷон бохта буд.

Ҳарчанд мақомот мегӯянд, маъмурони наҷот дар ҳолати омодабош ҳастанд, баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки наҷотдиҳандагон ба маҳалли ҳодиса ё дер мерасанд ва ё дар рафъи офатҳои табиӣ дасти кӯтоҳ доранд.

Агар шоҳиди ҳодиса будед ё сел ба деҳаву ноҳияи Шумо зарар расонд, лутфан ба мо тамос гиред ва ба ин шумора: + 420 724 053 959. Вотсапп, Телеграм, Вайбер ва ё ИМО

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG