Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи лафзӣ ва фотошопӣ ба Шаҳло ва Дилноза кори дасти кист?


Дилноза Муҳиддинова ва Шаҳло Иброҳимова
Дилноза Муҳиддинова ва Шаҳло Иброҳимова

Фаъолони ҷомеа - Шаҳло Иброҳимова ва Дилноза Муҳиддинова - мегӯянд, барои ҷамъоварии имзо зидди болоравии нархи интернет ҳадафи ҳамлаҳои лафзӣ қарор гирифтаанд. Вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, аз ин қазия огоҳӣ надоранд ва дар сурати арзи шаҳрвандон, онро баррасӣ хоҳанд кард.

Мегӯянд, ки гӯё хусумати миллӣ барангехтаам, боис ба нооромӣ дар шаҳр шудаам ва мардумро ба шӯр овардаам. Мехоҳам ин бадномсозӣ хотима ёбад, чунки тавони бардошти онро надорам

Рӯзи 23-юми апрел, дар рӯзи дуюми ҷамъоварии имзо, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дастури бекор кардани қарори нархи нави интернетро дод.

Аммо мавҷи ҳамлаи, зоҳиран ҳамоҳангшуда, ба Шаҳло Иброҳимова ва Дилноза Муҳиддинова кам нашуд. Акси онҳо таҳқиромез дасткорӣ шуда, дар саҳифаҳое, ки бо номҳои сохта фаъоланд, бо навиштаҳои тунду фаҳш нашр мешаванд. Соҳибони ин саҳифаҳоро аксари фаъолони Фейсбук наздик ба мақомот медонанд ва худи онҳо низ ҳамеша гӯё бо ин навиштаҳо аз "манфиатҳои миллӣ ҳимоя мекунанд".

"Хоҳарамро низ таҳқир кардаанд"

Шаҳло Иброҳимова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки барои ҷамъоварии имзо иқдом карда буд, гуфт, таҳқири бешумор ба ҳолати рӯҳияш таъсир кардааст. Ӯ тасмим дорад, ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо ва ҷазо додани афроде, ки пушти ин саҳифаҳо қарор доранд, муроҷиат кунад.

Ҳамлаи лафзӣ ва фотошопӣ ба Шаҳло ва Дилноза кори дасти кист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Ба гуфтаи Шаҳло, на танҳо аксҳои ӯ, балки наздиконашро низ бо навиштаҳои таҳқиромез нашр кардаанд. "Ҳоло хоҳарам гиря мекунад, ки ту хонаи маро вайрон мекунӣ. Акси ӯро бо навиштаи фаҳш ҳамроҳи ман нашр карданд ва шавҳараш хашмгин шудааст. Духтароне, ки дар акс буданд, онҳоро низ ҳамин гуна таҳқир карданд. Ҳатто духтарам аз мактаб омада, мегӯяд, модар дар бораат чӣ навиштаанд", -- гуфт ӯ рӯзи 26-уми апрел ба Радиои Озодӣ.

"Ҳамлаварон" чӣ навиштанд?

"Ошубгарон", "даъватгарон ба нооромӣ", "носипосҳо", "хиёнаткорон" ва даҳҳо дашноми дигар дар се рӯзи охир барчаспи номи ин ду фаъол шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори шубҳа мекунанд, ки ин ҳамла аз ҷое раҳбарӣ карда мешавад.

"Ба бадномсозӣ хотима диҳанд"

Дилноза Муҳиддинова, фаъоли дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, ӯ ташаббускори ҷамъоварии имзо набуд. Танҳо замони имзо гузоштан "селфӣ" гирифт ва дигаронро низ ба гузоштани имзо даъват кард.

Ӯ гуфт, пас аз нашри акс ва даъвати сокинон барои имзо "одамони ношиносе ба саҳифааш даромада, тасвирҳояшро барои обрӯрезӣ фотошоп карданд". "Мегӯянд, ки гӯё хусумати миллӣ барангехтаам, боис ба нооромӣ дар шаҳр шудаам ва мардумро ба шӯр овардаам. Мехоҳам ин бадномсозӣ хотима ёбад, чунки тавони бардошти онро надорам", -- гуфт ӯ.

Дар ду рӯз ба мактуби зидди боло бурдани нархи интернет беш аз 600 нафар имзо гузошт. Мактуби онҳо то дастгоҳи президент нарасид, вале ин ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, корашон мантиқӣ ва қонунӣ буд. Далелаш ҳам ин аст, ки президент дастури бекор шудани қарорро дод. Аз ин рӯ, мантиқи ҳамлаи гурӯҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ болои худро намефаҳманд.Коршиносони тоҷик мегӯянд, обрӯрезӣ аз ду фаъол ба он маъност, ки доираҳое дар дохили ҳукумат чунин мавқегирии шаҳрвандиро хатар медонанд.

"Ҳадаф пешгирӣ аст"

Аз ҷумла, ба гуфтаи Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик ҳамлаи беобрӯкунанда болои ин ду фаъол барои тарсондан ва фурӯ нишондани ҳақталошии дигарон аст. Рӯзноманигори тоҷик гуфт, барои ҳукумат эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандон таъсиргузор нест, аз он ки мардум бо ҷамъоварии имзо як навъ норозигӣ карданд.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Ӯ гуфт: "Ин ду нафарро махсус интихоб карданд. Ба худашон ва пайвандонашон фишор меоранд. Ба ин хотир, ки оянда агар касе чунин иқдом карданӣ бошад, фикр кунад, ин арзиши беобрӯгиро дорад ё не. Танҳо ҳадаф пешгирӣ аз рух додани чунин ҳолат аст. Тарс аз муттаҳид шудани одамон барои ҳалли кадом мушкил. Онҳо эътироз дар шабакаҳои иҷтимоиро нағз намебинанд, вале вақте одамон ба иқдоми амалӣ даст мезананд, барояшон хатарнок ҳисоб мешавад”.

Далер Шарипов, фаъоли дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, фишорҳои равонӣ болои духтарон ба он хотир аст, ки онҳо ба шахсият табдил наёбанд. Шахсияте, ки мардумро метавонанд, муттаҳид кунанд.

"Эътирозро қабул надоранд"

То маъракаи ҷамъоварии имзо фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо шеваи гуногун нисбат ба боло бурдани нархи интернет эътироз карданд. Танҳо пас аз ду рӯзи маъракаи ҷамъоварии имзо ин қарор лағв шуд, вале донишҷӯён ва дигар фаъолони ин маърака зери фишор қарор гирифтанд.

Далер Шарипов
Далер Шарипов

Далер Шарипов мегӯяд, “ҳар касе, ки амалгаро аст ва ҳарфаш аз шиори хушк иборат нест, саркӯб мешавад. Кӯчактарин эътирозҳои амалиро қабул надоранд. Ҳодисаҳои ахир дар Арманистон ва Украина нишон дод, ки ин гуна иқдомҳо ба эътироз мепечад. Дар Арманистон ҳам барои нархи барқ мардум ба по хест. Дар кишвари мо аз оммавӣ шудани эътирозҳо метарсанд.”

Намояндаи тарафи дигар бо номи "Зебунисои Танҳо" рӯзи 26-уми апрел далели бархӯрдашон бо Дилноза Муҳиддинова ва Шаҳло Иброҳимоваро шарҳ дод. Ӯ дар як шарҳ навишт, "фикр мекунам, инҳо кори хуб накардаанд. Медонед, барои чӣ? Инҳо метавонистанд ҳамчун инсон рафтор кунанд ва набояд худро реклама мекарданд. Худро қаҳрамон хисоб намекарданд."

Ҷамъоварии имзои дастҷамъона дар хиёбонҳо, ба гуфтаи коршиносон, як падидаи нав буд, ки ҳукуматро маҷбур ба тағйири тасмими ниҳоди зертобеаш кард.

"Беҳтар аст, масъулонро ҷазо диҳанд"

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, боло бурдани нархи интернет аз масъалае буд, ки ба ҳама дахл дошт, вале интихоби ду нафар барои ҳамла "тарс додани чашми аксарият аст".

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Ӯ гуфт: “Ҳамаи иштирокдоронро намешавад ҷазо дод, вале ин ду нафарро ҳамчун намуна ҷазо медиҳанд. Ҷамъоварии имзо баёнгари он буд, ки мардум таҳаммули тасмимҳоеро надорад, ки бар зарари онҳо гирифта мешавад. Агар ин духтарон намешуданд, дигаре пайдо мешуд. Бубинед, ки муҳоҷирони дур аз сиёсат низ дар ин маврид садо баланд карданд. Ин норозигии умумимиллӣ буд."

Коршиноси тоҷик афзуд, ба ҷойи "ҷазо" додани ин ду фаъол бояд он масъулоне ҷазо гиранд, ки қарори зидди манифтаҳои мардумро имзо гузошта буданд.

Дафтари матбуотии президент қаблан гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ташаббускорони ин иқдомро ҷазо додааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки онҳо кӣ буданд ва чӣ ҷазо гирифтанд.

Гурӯҳе ки ҳоло ба бадномсозии Шаҳло Иброҳимова ва Дилноза Муҳиддинова машғуланд, ҳеҷ ҳарфе ҳам дар бораи содиркунандагони қарори ҳамакнун бекоршуда, ки сарманшаи ин баҳсу кашокаш аст, намегӯянд. Зоҳиран, ҳадафи онҳо танҳо ин ду фаъол аст, ки мавқеи иҷтимоӣ гирифтанд ва зидди ин қарор садо баланд карданд. Садое, ки пас аз шуниданаш онро мехоҳанд, хомӯш кунанд.

XS
SM
MD
LG