Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC: "Хуҷанд" бо "Алтин Асир" ва "Истиқлол" бо "Дордой" бозӣ мекунанд


Даври сеюми Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) -2019 дар гурӯҳи «D» имрӯз, 30-юми апрел, бо бозии «Хуҷанд», ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон ва «Алтин Асир», қаҳрамони Туркманистон, шуруъ мешавад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд соати 16:00 оғоз меёбад.

Пеш аз бозии “Хуҷанд” муқобили “Алтин Асир” рӯзи душанбеи 29-уми апрел дар нишасти хабарӣ сармураббии “Хуҷанд” Виталий Левченко гуфт, ки аз ин бозӣ интизороти хуб дорад. “Муҳим ин аст ҳарду даста мекӯшанд футболеро намоиш бидиҳанд, ки ба тамошогарон мақбул шавад. Мо бозиҳои рақибро тамошо кардем, дар борааш иттилои кофӣ дорем. Рақибамон финалисти Ҷоми АФК, дастаи пуртаҷриба аст. Фикр мекунам, ки бозӣ хеле шавқовар сурат мегирад, вале барои мо бозии душвор мешавад. Мо кӯшиш мекунем, ки ба қаҳрамони Туркманистон муқобилияти сахт нишон бидиҳем”, - иброз дошт Виталий Левченко.

Дар бозии дигари даври сеюми Ҷоми AFC -2019 дар гурӯҳи “D”, ки рӯзи чоршанбеи 1-уми май баргузор мешавад, дастаи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, бо тими "Дордой", қаҳрамони Қирғизистон, рақобат мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқот дар гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо чор имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Хуҷанд” бо се имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. “Алтин Асир” бо ду имтиёз ҷойи сеюм ва “Дордой” бо як имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол кардаанд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ то рӯзи 26-уми июн идома хоҳад кард. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” финалисти дукаратаи Ҷоми АFC маҳсуб мешавад, вале “Хуҷанд” барои аввалин бор ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо кардааст.

Ҷоми AFC-2019

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

3 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Хуҷанд» (Тоҷикистон) - 3:0

Голҳо: Руслан Корян, 50 (1:0). Алишер Ҷалилов, 68 –аз пеналтӣ (2:0). Руслан Корян, 72 (3:0).

«Дордой» (Қирғизистон) «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:1

Голҳо: Воҳид Оразсаҳедов, 45+1 (1:0). Аннасаҳет Аннасаҳедов, 85 (1:1).

Даври 2-юм

17 апрел (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) -1:1

Голҳо: Шериддин Бобоев, 79 (0:1), Салим Нурмуродов, 80 (1:1).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) «Дордой»ирғизистон) – 3:1

Голҳо: Бекжан Сагинбаев, 17 (0:1), Дилшод Восиев, 42 (1:1), Дилшод Восиев, 63 (2:1), Ҷаҳонгир Эргашев, 89 – аз пеналтӣ (3:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

2

1

1

0

4-1

4

2

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

2

1

0

1

3-4

3

3

«Алтин Асир» (Туркманистон)

2

0

2

0

2-2

2

4

«Дордой» (Қирғизистон)

2

0

1

1

2-4

1

Даври 3-юм

30 апрел (сешанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

1 май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 4-ум

15 май (чоршанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 5-ум

19 июн (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

26 июн (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG