Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё бе медал монданд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ, ки рӯзҳои 23-28-уми апрел дар шаҳри Сиани Чин баргузор шуд, натавонистанд медал бигиранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод нӯҳ варзишгар дохил буд: Ҳикматулло Воҳидов (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Абдулқосим Файзиев (65 кг), Сорбон Абдулҳаев (70 кг), Ғуломҷон Шарифов (74 кг), Аъзамҷон Юсуфов (79 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг), Искандари Рустам (97 кг) ва Фарҳод Анақулов (125 кг).

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии юнонию румӣ аз панҷ нафар иборат буд: Исломиддин Мазитов (63 кг), Мубинҷон Аҳмадов (67 кг), Ҳабибҷон Зуҳуров (72 кг), Суҳроб Абдулҳаев (82 кг) ва Тоҳирҷон Охонов (87 кг).

Аз байни варзишгарони тоҷик чаҳор нафар - Ҳикматулло Воҳидов, Ҷамшед Шарифов, Баҳодур Қодиров ва Фарҳод Анақулов - оид ба гуштии озод, инчунин Тоҳирҷон Охонов оид ба гуштии юнонию румӣ натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар вазни худ ҷойҳои панҷумро ишғол карданд.

Дар мусобиқаи гуштии озод барои медали биринҷӣ Ҳикматулло Воҳидов дар вазни зери 57 кило аз Маҳмудҷон Шавкатов (Узбекистон) бо ҳисоби 0:4, Ҷамшед Шарифов дар вазни зери 61 кило аз Юдаи Фуҷита (Ҷопон) бо ҳисоби 1:3, Баҳодур Қодиров дар вазни зери 86 кило аз Дипак Пуниа (Ҳиндустон) бо ҳисоби 2:8 ва Фарҳод Анақулов дар вазни зери 125 кило аз Сумит Сумит (Ҳиндустон) бо ҳисоби 2:8 шикаст хӯрданд.

Дар мусобиқаи гуштии юнонию румӣ Тоҳирҷон Охонов дар вазни зери 87 кило барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Азамат Кустубоев (Қазоқистон) бо ҳисоби 0:8 бохт.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии Осиё дар Сиани Чин варзишгарон аз 23 кивари қора ширкат варзиданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Эрон бо касби 17 медал (11 тилло ва 6 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Чин бо касби 16 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) ҷойи дуюм, Ҷопон бо касби 17 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 7 биринҷӣ) ҷойи сеюмро гирифтанд.

Се дастаи пешсаф дар мусобиқаи гуштии озод:
1. Эрон - 220 имтиёз (7 тилло, 3 биринҷӣ)

2. Ҳиндустон – 155 (1-3-4)
3. Қазоқистон – 129 (2-1-2)

Се дастаи пешсаф дар мусобиқаи гуштии юнонию румӣ
1. Эрон - 165 имтиёз (4 тилло, 3 биринҷӣ)

2. Узбекистон - 163 (2-3-1)
3. Қазоқистон - 134 (0-1-6)

Се дастаи пешсаф дар мусобиқаи гуштии занона
1. Ҷопон - 215 имтиёз (4 тилло, 5 нуқра, 1 биринҷӣ)
2. Чин - 183 (4-2-1)

3. Ҳиндустон - 113 (0-0-4)

Ёдовар мешавем, соли гузашта низ варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ, ки дар Бишкек баргузор шуд, бе медал монда буданд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG