Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ё паноҳандагӣ, ё ихроҷ. Гиреҳбанди як оилаи тоҷик дар Аврупо


Як оилаи паноҳҷӯи тоҷик зери хатари ихроҷ аз Полша ё Лаҳистон аст, аммо вакили мудофеъ мегӯяд, дар ҳифзи ҳуқуқи ин хонавода тамоми талошашро хоҳад кард.

  • Хонаводаи Нурулло Собиров, узви 43-солаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, аз соли 2016 ба ин сӯ талош дорад, ки ҳаққи паноҳандагӣ дар Полшаро ба даст орад. Баъди як посухи радди ҳукумати Полша, Собиров ва хонаводааш дар остонаи қарори дуюми мақомот ҳастанд.

Ҳарос аз эҳтимоли истирдод ба Тоҷикистон

Ин падари чаҳор фарзанд аз ноҳияи Ҳисор аз он нигарон аст, ки мақомоти кишвари аврупоӣ бо посухи рад ба дархости паноҳандагиаш дар Полша, ӯро дар баробари хатари истирдод ба Тоҷикистон қарор медиҳанд. Собиров мегӯяд, баъди он ки ҲНИТ дар соли 2015 дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд, ӯро "ду дафъа бурда шиканҷа карданд". Ҳоло бовар дорад, ки танҳо узвият дар ҳизб кофист, ӯро дар Тоҷикистон зиндонӣ ва шиканҷа кунанд.

Нурулло Собиров бо оилаи иборат аз чаҳор фарзанд (аз 4 то 12-сола) беш аз як сол аст, ки дар Варшава, пойтахти Полша зиндагӣ мекунад. Бо назардошти дархости паноҳандагиаш, ҳукумати ин кишвар ба ӯ моҳе 2 ҳазор злотӣ (муодили 500 доллар) кумак мекунад ва созмони “Нон ва намак” дар пайдо кардани хонае мусоидат кардааст.

Фарзандонаш дар мактаби миёнаи лаҳистонӣ таҳсил мекунанд, вале худи Собирову оилааш ҳаққи кор дар ин кишварро надоранд. Ӯ мегӯяд, бахши муҳими се соли зиндагиаш дар Полша бо муборизаҳои маъмурӣ барои дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ гузаштааст.

Хонаводаи Нурулло Собиров дар Полша
Хонаводаи Нурулло Собиров дар Полша

"Билети ҳизбиро оташ задам, аммо..."

Нурулло Собиров афзуд, баъди он ки ҲНИТ дар Тоҷикистон мамнӯъ ва баста шуд, ӯро ба унвони узви ин созмони сиёсӣ дар оғози соли 2016 маъмурони амниятӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт "бо худ бурданд", давоми як рӯз бозпурсӣ ва "шиканҷа карданд". Мегӯяд, хотироти талхи он рӯзҳо ба ҳолати равониаш таъсири бад гузоштааст. "Баъди он ки бори дуюм ходимони интизомӣ азият карданд, миёнаҳои моҳи марти соли 2016 ҳамроҳ бо хонаводаам Тоҷикистонро тарк кардам", -- нақл кард ӯ.

Собиров афзуд, баъди як моҳи берун баромадан аз Тоҷикистон тавонист, ки аз роҳи тӯлонии Русия-Беларус вориди хоки Полша шавад. Ӯ мегӯяд, ба хотири амнияташ корти узвият дар ҳизбро ҳанӯз замони дар Тоҷикистон будан “оташ зад”, вале дар амал ҳеҷ гоҳ ин созмони сиёсиро тарк накардааст. “Дар ин ҷо ҳам талош мекунам дар фаъолиятҳои сиёсии ҳизб иштирок кунам ва ҳеҷ гоҳ аз ақидаам нагаштаам”, -- мегӯяд Собиров.

ҲНИТ дар Тоҷикистон баъди он чи ки мақомот ҳамчун талоши табаддулоти сиёсӣ меноманд, мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Мақомот гуфтанд, ки далели даст доштани ин ҳизб дар ташкили кудаторо доранд. Вале ин ҳизб иттиҳоми ҳукумати Тоҷикистонро рад карда мегӯяд, ҳадафи аслии он аз саҳнаи сиёсии кишвар берун рондани ҳизб буд. Ҳеҷ кишваре дархости Тоҷикистонро барои мамнӯъ ва экстремистӣ эълон кардани ҲНИТ қонеъ накардааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Human Rights Watch мегӯянд, баъди соли 2015 додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо узви ин ва дигар ташаккулҳои сиёсии мухолифи ҳукуматро зиндонӣ карданд.

Раҳбарияти ҳизб дар хориҷа узвияти Нурулло Собировро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки аз ӯ ҳимоят мекунад.

Дарёфти "мақоми башарӣ"

Ҳуқуқшинос Исмина Саъдӣ дар Полша аз ҳуқуқи Собировҳо ҳимоят мекунад. Ӯ мегӯяд, мақомоти Полша танҳо узвияти Нурулло Собировро дар ҳизб ҳамчун далели фишор болои ӯву хонаводааш кофӣ намедонанд ва ба ҳамин хотир ба аризаи ӯ дар бораи дарёфти мақоми паноҳандагӣ посухи рад додаанд.

Аризаи бозбинӣ шудани ин қарор дар дасти баррасӣ аст ва Шӯрои муҳоҷирати назди ҳукумати Полша, ки тасмими пешаздодгоҳӣ ба ӯҳдаи он аст, метавонад бори дуюм ҳам аз додани чунин мақом ба Собировҳо худдорӣ кунад. Дар ин сурат, ба гуфтаи ӯ, ба ӯ хатари истирдод ба Тоҷикистон, шиканҷа ва зиндон таҳдид мекунад. Вале дар ин сурат, мегӯяд ӯ, онҳо талош мекунанд бо аризаи шикоятӣ ба додгоҳ – зинаи сеюми баррасии шикоятҳо муроҷиат кунанд.

Исмина Саъдӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми апрел гуфт: "Ҷараёни аввали баррасиҳои мақоми паноҳандагӣ аризадиҳандаро аз хатари истирдод эмин медорад. Вале ҷараёни дуюм аз истирдод пешгирӣ намекунад. Аз ин хотир, дар мисоли хонаводаи Собировҳо, марзбонҳо аллакай ҷараёни депортатсияро оғоз кардаанд. Ҷараён ҳоло дар дасти баррасии сохтори аввалия аст. Вале дар Полша аризадиҳанда ҳақ дорад, ки дар ҷараёни истирдод барои гирифтани мақоми башарӣ ё гуманитарии паноҳандагӣ дархост бидиҳад. Марзбонҳо бояд бар асоси санадҳо дилпур бошанд, ки метавонанд ин шаҳрванди хориҷиро берун кунанд. Онҳо ҳоло ҳаққи кӯдакон ва ҳам ҳуқуқҳои шахсии инсонро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Феълан мо дар баробари мақоми паноҳандагӣ, талош дорем барои дарёфти мақоми башарӣ муваффақ шавем”.

Печидагии масъала

Ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос, мушкил дар ин аст, ки мувофиқи қонунҳои Полша, танҳо узвият дар як ҳизби сиёсии мамнӯъ кофӣ нест ва аризадиҳанда бояд исбот кунад, ки шахсан ӯ мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад ва дар ватанаш ба ӯ хатар таҳдид мекунад. “Мушкил ин аст, ки маъмулан мақомот дар Тоҷикистон ҳеҷ як нома ё санаде пешкаш намекунанд, ки шахсеро мавриди ҷустуҷӯ ё ҳабс қарор додаанд. Аз ин рӯ, мо талош дорем, аз роҳҳои дигар, яъне афроди огоҳ ва аъзои дигари ҳизб ҳарфҳои ӯро исбот кунем”, -- мегӯяд ӯ.

Исмина Саъдӣ афзуд, дар мисоли чанд шаҳрванди дигари Тоҷикистон медонад, ки дар сурати истирдод ба ҷони онҳо хатар таҳдид мекунад.

Фаъолони сиёсӣ дар хориҷи Тоҷикистон мегӯянд, баъди боздошту ба ҳукмҳои тӯлонӣ, аз ҷумла зиндони абад маҳкум шудани аъзои раёсат ва ҳам қатории ҲНИТ, дигарон талош карданд кишварро тарк намоянд. Дар се соли охир садҳо тоҷикистонӣ талош карданд дар Аврупо ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд ва яке аз ин кишварҳо Полша аст, ки аввалин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо баъди тарки қаламрави Беларус – як ҷумҳурии шӯравии собиқ ва ҳамсарҳади Русия мебошад.

Паноҳандагии сиёсии ё роҳ ёфтан ба Аврупо?

Якуб Дудзяк, сухангӯи раёсати кор бо хориҷиҳои ҳукумати Полша дар як посухи катбӣ ба унвонии Радиои Озодӣ навишт, ки аз соли 2016 то 2019 дар маҷмӯъ 1219 шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша дархости паноҳандагӣ кардаанд. Бештарини онҳо – 882 нафар - дар соли 2016 чунин дархост додаанд. Дар маҷмӯъ аз миёни аризадодаҳо 85 нафар посухи мусбат гирифта, 367 нафар посухи манфӣ дарёфт карданд. Боқимондаҳо аз дархости худ даст кашида, ба кишварҳои дигар, ғолибан Аврупои ғарбӣ сафар кардаанд.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҳимояти байналмилалӣ бархурдор шудаанд, аксаран ба хотири кор дар бахши ҳимоят аз ҳуқуқи инсону журналистика ва бо ангезаҳои сиёсӣ мавриди пайгард қарор гирифтаанд”, навиштааст Дудзяк. Ӯ мегӯяд, ки аз миёни аризадиҳандаҳо тоҷикистониҳо 3 дарсади ҷӯяндагони паноҳандагии байналмилалӣ дар Полшаро ташкил медиҳанд.

Вале мақомот дар Тоҷикистон вуҷуди паноҳандагони сиёсиро рад мекунанд. Аз ҷумла, Зариф Ализода, омбудсмени пешинаи Тоҷикистон дар соли гузашта гуфта буд, ки “ҳадафи паноҳҷӯии шаҳрвандони кишвар дар Аврупо, бахусус Лаҳистон "на дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ, балки фақат роҳ ёфтан ба ин кишварҳост". Ба қавли ӯ, "аксари онҳое, ки аз Аврупо дархости паноҳандагӣ мекунанд, муҳоҷирони кории тоҷиканд, ки дар гузашта ё дар Русия ё Украина кор мекарданд."

Фаъолони муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо мегӯянд, аксари онҳое, ки дар ин қора паноҳанда шудаанд, аъзои ҳизбҳои сиёсии мамнӯъ, ҳомиёни ҳуқуқ, журналистон ва ҳуқуқшиносон мебошанд, ки ба хотири фаъолиятҳои касбиву сиёсиашон мавриди пайгард қарор гирифтаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG