Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харангон -- ҷойи нигаҳдори кӯдакони аз Ироқ бозгаштаи тоҷик. ВИДЕО


Даромадгоҳи осоишгоҳи Харангон
Даромадгоҳи осоишгоҳи Харангон

Осоишгоҳи Харангон дар ноҳияи Варзоб макони зисти даҳҳо кӯдаку навраси тоҷик шудааст, ки шаби 30-юми апрел аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд. Модарони бисёре аз онҳо барои узвият дар гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" зиндонӣ гардидаанд.

Ҳузури маъмурони милиса, гаштугузори пизишкон ва равуои мақомоти расмӣ ин осоишгоҳи маъмулан оромро дар атрофи пойтахт ба як шаҳрчаи серодам табдил додааст. Вуруди афроди бегона ба осоишгоҳ манъ шуда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд.

Мақомот рӯзи 1-уми май ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷозаи сӯҳбат бо кӯдаконро надоданд, аммо гуфтанд, ки "тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд".

Ин иттилои расмист ва дар ҳоли ҳозир назари манобеи мустақил ва аз ҷумла хешу табори кӯдакон дар бораи вазъи онҳо ва шароити нигаҳдориашон дастрас нест. Ҳарчанд шаби 30-юми апрел бобову бибии чанде аз ин кӯдакон ба фурудгоҳ рафта буданд, маълум нест, ки набераҳои худро дидаанд ё не.

Кӯдакон аз кадом ташхис гузаштанд?

Шодихони Ҷамшед
Шодихони Ҷамшед

Сӯҳбати хабарнигорони Радиои Озодӣ бо мақомот дар саҳни ҳавлии осоишгоҳи Харангон анҷом шуд. ​Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи якуми май гуфт:

  • "Ҳамаи онҳо аз ташхиси флюорографӣ-рентгенӣ, вируси норасоии масунияти бадан, сил, ҳепатит ва вараҷа гузаштанд. Хушбахтона, гирифтори бемории ҷиддӣ набуданд. Ҳатто онҳо бемории маъмулии хоришак надоштанд. Ҳадафи мо ин аст, ки дар як муҳлати муайян аз ташхис гузаронем ва ба тақсими онҳо оғоз мекунем. Баъдан кӯдакони томактабӣ зери назари вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ буда, дар хона-интернатҳо ҷобаҷо мешаванд. Кӯдаконе, ки синни мактабӣ ҳастанд, аз сӯи Вазорати маориф ва илм ба мактаб-интернатҳои махсус ҷалб мешаванд”.

Мақомот гуфтанд, дар ҳолати муроҷиати пайвандони кӯдакон ва пешниҳоди санади расмӣ, онҳо метавонанд фарзандонро ба тарбияи худ бигиранд.

Харангон ҷойи нигаҳдори кӯдакони бозгашта аз Ироқ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

"Дар як ҳуҷра бо хоҳарону бародарон нигаҳдорӣ мешаванд"​

Саида Умарзода, муовини дигари вазири тандурустӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири ин ки кӯдакон худро нороҳат ва дур аз модар эҳсос накунанд, якҷо бо хоҳару додарони худашон дар як ҳуҷра нигаҳдорӣ мешаванд. Умарзода гуфт, ҳоло бархе аз ин кӯдакон зери синни 18 ҳастанд ва аллакай худ мисли модар ба хоҳару додаронашон нигоҳубин мекунанд.

"Бояд гӯям, ки ғизои кӯдакони то яксола алоҳида, то сесола алоҳида ва аз 4 то 18-солаҳо дар алоҳидагӣ пӯхта мешавад. Дар як рӯз ба кӯдакон то шаш дафъа хӯрок медиҳанд", -- афзуд ӯ.

Дар ҳоли ҳозир бо ин кӯдакон чаҳор равоншинос аз Вазорати тандурустӣ ва Вазорати маориф кор мекунанд. Масъулон мегӯянд, на ҳамаи кӯдакон ба равоншинос ниёз доранд, чун бархе зиёд хурд ҳастанд ва ҳатто дар бораи аз куҷо ба куҷо рафтану омадани худро намедонанд ва дарк намекунанд, ки чӣ саргузаштеро пушти сар карданд.

"Кумаки равоншинос барои кӯдакон бисёр муҳим аст"

Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси тоҷик, ки барои кумак ба ин кӯдакон даъват шудааст, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, шоми 1-уми май ба осоишгоҳ рафт ва танҳо баъди ошноӣ бо вазъи атфол метавонад, ки дар бораи ҳолати равонии онҳо сӯҳбат кунад. Аммо ба бовари ин равоншинос, “ҷалби ҳамтоҳои ӯ дар ин ҳолат барои кӯдакон бисёр муҳим аст”.

Маҳмадулло Давлатов
Маҳмадулло Давлатов

Хурдтарин кӯдаки баргашта 1-сола ва бузургтарини онҳо 18 сол доранд. Ба иттилои мақомоти беҳдоштӣ, нисф зиёди баргаштаҳо ё 44 кӯдак то чорсола мебошад.

Аз ин пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ яке аз дастандаркорони ҷараёни бозгашти кӯдакон – раҳбари созмони ҷамъиятии “Дарвозаи адолат” Фераз Лоиқ Ҳасан гуфт, ки 19 кӯдаки овардашуда 1-2-сола мебошанд.

Шоми 30-юми апрел дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil бо 84 кӯдаки тоҷик фуруд омад. Ин кӯдакон фарзандони ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳастанд, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна кушта ё нопадид шудаанд.

Модарони аксари ин кӯдакон, ки 43 нафар мебошанд, дар зиндонҳои Бағдод ба ҳукмҳои тӯлонӣ ва ҳабси абад маҳкум шудаанд. Бар асоси як барномаи муштараки ҳукуматҳои Тоҷикистону Ироқ ва созмони UNICEF, фарзандони ҷангҷӯёни ДИИШ бар асоси иҷозаи модарони зиндониашон ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд. Мақомот мегӯянд, 11 кӯдаки дигари тоҷик дар Ироқ мондаанд. Қаблан сафири Тоҷикистон дар Кувайту Ироқ гуфта буд, ки модарони онҳо барои интиқоли кӯдакон ба кишвар ризоят надодаанд.

XS
SM
MD
LG