Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи қаҳрамонҳо: Пирӯзии "Барселона" ва "Аякс" бар "Ливерпул" ва "Тоттенҳем"


Рӯзҳои 30-юми апрел ва 1-уми май бозиҳои аввали даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА баргузор шуданд.

“Тоттенҳем Хотспур”-и Лондон дар майдони худ аз “Аякс”-и Амстердами Нидерланд бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Голи ягонаро бозигари меҳмонон Донни ван де Бек дар дақиқаи 15-ум ба самар расонид.

Дар бозии дигар “Барселона”-и Испания дар майдони худ “Ливерпул”-и Англияро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ду голро Лионел Месси дар дақиқаҳои 75-ум ва 82-юм ва як голро Луис Суарес дар дақиқаи 26-ум заданд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА рӯзҳои 7-ум ва 8-уми май доир мегарданд. «Ливерпул» бо «Барселона» рӯзи 7-уми май ва «Аякс» бо «Тоттенҳем» рӯзи 8-уми май бозӣ мекунанд.Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА рӯзи 2-юми июн дар шаҳри Мадриди Испания баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи «Реал»-и Испания дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА бар тими “Ливерпул”-и Англия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд. Ин бозӣ 26-уми май дар варзишгоҳи “Олимпийский”-и Киев - пойтахти Украина барпо гардид.

Нимаи аввали бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Ҳисобро баъди танаффус Карим Бензема пас аз хатои дарвозабони “Ливерпул” Лорис Кариус дар дақиқаи 51-ум боз кард. Баъди чор дақиқа Садио Мане ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиқаи 64-ум Гарет Бэйл, ки се дақиқа пеш баъди таъвиз ба майдон омада буд, бо голи зебояш “Реал”-ро ба пеш баровард. Бэйл голи севуми испаниҳоро баъди боз як хатои дағали Кариус ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, «Реал» барои севумин бор паиҳам ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гардид, ки дар муддати 42 сол касе ба чунин натиҷа даст наёфта буд. “Реал” пас аз пирӯзӣ бар “Ливерпул” боз як рекорд гузошт. 13 бор барандаи Лигаи қаҳрамонҳо гардид, аз он ҷумла дар шаш соли охир чор бор (солҳои 2013, 2016, 2017 ва 2018) дар ин мусобиқот ғолиб шудааст.

Барои "Ливерпул" ин финали ҳаштум дар таърихаш ба шумор мерафт, ки дар панҷтоаш ғолиб шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG