Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ сарнавишти "Камароб"-ро ҳал кард


Корхонаи ҷанҷолии "Камароб"-ро дар Рашт барҳам доданд ва дар ҷойи он коргоҳи нави "Ангишти Камароб" таъсис хоҳад ёфт.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бар асоси даъвои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ корхонаи ангишти "Камароб"-ро дар минтақаи Рашт барҳам дод. Бино ба қарори додгоҳ, ки рӯзи 2 май содир шуд, дар ҷойи он корхонаи дигаре бо номи “Ангишти Камароб” таъсис мешавад. Мақомот ба ташкили корхонаи нав иҷоза додаанд.

Як тараф норизо, ҷониби дигар шарҳ намедиҳад

Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ҳозир нашуданд, ки қазияро шарҳ диҳанд. Масъулони корхонаи ангишти “Камароб” иқдоми Кумитаи давлатии сармоягузориро “фармоишӣ” хонданд.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон

Котиботи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳалнома рӯзи панҷшанбе содир шуд ва мурофиа таҳти раёсати муовини раиси додгоҳ Комили Файзалӣ сурат гирифтааст.

Ба иттилои Додгоҳи олии иқтисодӣ, дар ҷараёни мурофиаҳои гузашта далелҳои овардаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ барои барҳам додан ва таъсиси корхонаи дигар бо номи “Ангишти Камароб” тасдиқи худро ёфтааст.

"Кори мо ба зарари кӣ буд?"

Мурод Хушвақтов, раиси корхонаи "Камароб" пас аз содир шудани ҳалномаи додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори додгоҳ розӣ нест ва аз болои он шикоят хоҳад кард.

"Чӣ хел бо молу мулк ва техникаи мо як корхонаи дигар таъсис дода мешавад? 25 сол фаъолияти мо ба зарари кӣ буд? Сустии кори мо чист? Мо андози давлатро саривақт месупоридем. Дар сохтани мактабу роҳҳо саҳм мегузоштем, дар ободии ноҳия ширкат доштем ва корхонаҳои муҳими кишварро бо ангишт таъмин мекардем”.

Мурод Хушвақтов мегӯяд, беш аз 100 коргар бекор мондаанд. Ӯ афзуд, “Кумитаи сармоягузорӣ бо муроҷиаташ ба Додгоҳ ҳам саҳмияи 48-дарсадии моро ночиз кард ва ҳам маблағи 52 миллион сомониеро, ки бо он то Кафтархона 100 километр роҳ ва 8 пул сохтем, ба сифр баробар намуд”.

Ҷанҷол дар бораи корхонаи ангишти "Камароб" то ба сатҳҳои баланди ҳукумат рафтааст, ки ба он муовини аввали сарвазир ҳам дахолат кардааст.

Вазорати саноат аз "Камароб" ҳимоят кард

Дар як номаи Вазорати молия аз рӯзи 13-уми феврали имсол гуфта шудааст, «дар заминаи молу мулки ҶСК "Камароб" таъсис додани ҷамъияти нав бо 100 дар сад ҳиссаи давлат ва додани ҳуқуқи истихроҷ ва коркарди ангишт дар майдони Кафтархонаи кони ангишти "Назарайлоқ" ба мақсад мувофиқ аст".

Баръакси ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав гуфтааст, муҳлати иҷозатномаи корхонаи "Камароб" барои истихроҷи ангишт дароз карда шавад ва кор идома ёбад. Қаблан масъулони вазорат баҳси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва ҷамъияти саҳомии "Камароб"-ро боис ба нигаронӣ хонда буданд.

Мурод Хушвақтов ва саҳомони дигари корхона моҳи апрел гуфта буданд, ки мехоҳанд, мақомот 52 миллион сомонӣ харҷи кардаи онҳоро пардозанд. Вале Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ин замина посухи рӯшан намедиҳад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар номае ба ҳукумат навиштааст, "саҳмдорони “Камароб" далелҳои беасос, аз ҷумла пардохти маблағҳо барои бунёди роҳи корхонаро пеш оварда ва барои ба давлат супоридани саҳмияҳои худ розигӣ надоданд".

"Камароб": Бритониёҳо, чиниҳо...

Корхонаи "Камароб” дар ибтидо фаъолияти худро бо саҳмияи "48 ба 52 дар сад" бо ширкати биртониёии "Садлбек Голд Корпорейшн" шурӯъ намуд ва дар соли 2015 ин ширкат саҳмияҳои худро ба ширкати чинии "Кайсун Майнинг корперейшн" фурӯхт.

Ширкати чинӣ бо вуҷуди исрори муассисон, аз пардохти андоз сарпечӣ намуд ва баъди муроҷиати намояндаҳои корхонаи "Камароб" ба Кумитаи андоз, "Кайсун Майнинг корпорейшн" барои падохти 79 миллион сомонӣ ҷарима карда шуд.

Аммо ин ширкати чинӣ ҷаримаро напардохта, Тоҷикистонро тарк намуд ва Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ саҳмияҳои ширкатро дар як тендер дар миён гузошт, вале харидор пайдо накард. Баъди ин саҳмияи 52-дарсадии ширкати чиниро Кумита аз номи худ ба ҳисоби давлат шомил кард ва баъди он боз аз ширкати "Камароб" талаб намуд, ки саҳмияҳои 48-дарсадии худро ҳам ба Кумита вогузорад ва раиси корхона иваз карда шавад.

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG