Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - мизбони мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон


Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола дар минтақаи Ғарб дар шаш кишвар – Тоҷикистон, Баҳрайн, Ироқ, Эрон, Қатар ва Арабистони Саудӣ – доир мегарданд.

Дар минтақаи Шарқ ба ҳайси мизбон Камбоҷа, Тайбэйи Чин, Мянмар ва Ветнам интихоб шудаанд. Инчунин як кишвари дигар дертар маълум хоҳад шуд.

Бозиҳои мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни наврасони зери 16-сола дар минтақаи Ғарб дар Эрон, Урдун, Қирғизистон, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Узбекистон баргузор мешаванд. Индонезия, Лаос, Мянмар, Сингапур ва Ветнам мизбонии бозиҳои интихобиро дар минтақаи Шарқ ба зимма доранд.

Рақибони дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16) ва ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 тавассути қуръакашӣ, ки рӯзи 9-уми май дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) доир мегардад, муайян хоҳанд шуд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG