Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танбеҳ дар зиндон. Барои занги телефонӣ ба ҳамсар


Ҷунайдулло Худоёров
Ҷунайдулло Худоёров

Наздикони Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳбуси зиндони рақами 4 воқеъ дар Душанбе барои як занги телефонӣ ба хонаводааш барои ду моҳ ба иқомат дар утоқи танбеҳ маҳкум шудааст.

Аммо чӣ гуна телефони ҳамроҳ вориди маҳбас ва чӣ гуна дастраси маҳбус шудааст, масъулони зиндон аз шарҳи он худдорӣ мекунанд.

Маҳбусони собиқе зиндони рақами чаҳорум мегӯянд, худи посбонҳо телефонро дар ивази маблағ дастраси маҳбус мекунанд. Наздикони Ҷунайдулло мегӯянд аз рӯзи ба утоқи танбеҳ бурданаш ӯро надидаанд ва иҷозаи мулоқот ва бурдани ғизоро надоранд.

Мавҷигул Ғарибова, модари Ҷунайдулло Худоёров рӯзи 3-уми май аз ноҳияи Рашт ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо фаҳмидем, ки аз дарун ба ҳамсараш занг задааст ва аз ҳоли чаҳор фарзандаш бохабар шудааст барои ҳамин як занги телефон ду моҳ маҳкам кардаанд. Бурдани ғизо иҷозат нест мулоқот тамоман мумкин набудааст, барои чӣ азобаш медиҳанд."

Ҷунайдулло Худоёровро як сол қабл барои нашри мақолаву шарҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо ҷурми "ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) -"Салафия", ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Наздикони Худоёров ва худаш мегӯяд, ки парвандааш сохта буд ва ӯро ба танқидҳо ва эрод гирифтанаш ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд ва аз афроде ҳам истифода бурдаанд, ки ба ӯ хусумат доранд.

"Қонуншиканӣ кард, танбеҳ гирифт"

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Тоҷикистон, дар гуфт, маҳбус дар он сурат ба утоқи танбеҳ бурда мешавад, ки борҳо тартибу низоми маҳбасро нақз карда бошад.

Вай гуфт, аз дохили маҳбас бо телефон ба берун занг задан комилан мамнуъ аст ва дар дохили зиндон телефонҳои махсус барои маҳбус ҳаст, ки ҳақ доранд, бо наздиконашон аз тариқи онҳо суҳбат кунанд.

Мансурҷон Умаров афзуд: “Вақте низоми маҳбасро вайрон мекунад ва бо телефони мобил аз даруни утоқ занг мезанад, ин нодуруст аст. Вақте тартибро нақз мекунад ва мебинанд, ки дар гузашта ҳам борҳо чунин рафтор кардааст, ба бинои навъи камеравӣ мебаранд. Ҷунайдулло борҳо қоидаҳои зиндонро вайрон кардааст.”

Маҳбусе, ки ба утоқи танбеҳӣ бурда мешавад, аз қабули ғизои наздиконаш маҳрум мешавад ва ҳаққи мулоқот бо хешовандонашро ҳам надорад. Вай дар як рӯз як соат ҳаққи гашту гузор дар берунро дораду тамом.

Аммо дар посух ба ин суол, ки чӣ гуна телефони мобил бо вуҷуди мамнуъ буданаш ба дасти Ҷунайдулло расид, кормандони зиндони рақами 4 посух надоданд. Як зиндонӣ, ки чаҳор соли худро дар маҳбаси рақами чаҳорум сипарӣ кардааст, мегӯяд, ворид кардани телефон бо мусоидати посбонҳо сурат мегирад.

"Посбонҳо худашон телефон медиҳанд"

Ӯ ки нахост, номаш бурда шавад, гуфт: “Воқеан ҳамин дар маҳбас ҷой дорад. Кормандони маҳбас пинҳонӣ телефонҳои худро дар ивази маблағи муайян ба маҳбус медиҳанд ва баъди гап задан телефонро пас мегиранд. Баъзе маҳбусҳо дар дохил телефон доранд, вале маълум аст, ки на худи маҳбус ва на хешовандонаш телефонро ворид карда наметавонанд, танҳо нозири маҳбас ин имконро дорад. Телефону симкортро бо зарядник ворид мекунанду ба маҳбус мефурӯшанд”.

Худоёрови 35-сола, яке аз корбарони фаъоли "Фейсбук" ва "Одноклассники" буд, ки аз мақомоти маҳаллии ин ноҳия зиёд интиқод мекард. Ҷунайдулло аз ҷумла дар саҳифааш дар "Фейсбук" раиси кони ангишти ноҳияро танқид кардааст, ки роҳи мошингарди тарафи конро, таъмир накардааст. Дар як навиштаи дигар шӯъбаи маорифро танқид кардааст. Идораи андози ноҳия ҳам аз ӯ дар "Фейсбук" танқид шунидааст.

Ба утоқи танбеҳ бурдани Ҷунайдулло Худоёров аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳодисаи нахуст нест. Моҳи октябри соли 2017 Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои шинохта 15 рӯз дар утоқи танбеҳ андохта шуд.

XS
SM
MD
LG