Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чин


Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон моҳи июн бо тимҳои миллии Афғонистон ва Чин бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби миллии ин ду кишвар барномаи бозиҳои дӯстонаро дар рӯзҳои муқарраркардаи FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) дар моҳи июн мувофиқа кардааст.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки моҳи сентябр шуруъ мешавад, дар моҳи июн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо мунтахаби Афғонистон бозии дӯстона баргузор мекунад. Баъди чаҳор рӯз футболбозони тоҷик дар шаҳри Гуанҷоу бо мунтахаби Чин, ки моҳи январ дар Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба чаҳоряфинал роҳ пайдо кард, бозии дӯстона мекунанд.

Дар бораи он ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонро кӣ ба бозиҳои моҳи июн омода месозад, ФФТ дертар хабар хаҳад дод.

Ҳамчунин дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар мусобиқаи байналмилалии «Inter-Continental Cup 2019», ки аз 7-ум то 18-уми июл дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон доир мегардад, ширкат меварзад.

Бозиҳои дӯстона

7 июн (ҷумъа)

Тоҷикистон – Афғонистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

11 июн (сешанбе)

Чин – Тоҷикистон

Гуанҷоу, Чин

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG