Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурди "Истиқлол", "Хуҷанд" ва ССКА "Помир" дар даври панҷуми лигаи олӣ


Бозиҳои даври панҷуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 4-уми май баргузор шуданд. Дар ду бозӣ меҳмонон ва дар як дидор мизбонон ғолиб омаданд, инчунин як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

Бозии марказии даври панҷуми мусобиқоти лигаи олӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дастаи мизбон – “Хуҷанд” , ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, бар тими “Кӯктош”, барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти соли гузашта, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои Турсуналӣ Рустамов, легионер аз Қирғизистон ва Дилшод Бозоров ба “Хуҷанд” се имтиёз овард. Голи ягонаи «Кӯктош»-ро Амирҷон Сафаров зад.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ тими «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод. Голҳои душанбегиҳоро Муҳаммадҷон Раҳимов, Шериддин Бобоев, Ҷалил Кимсанов, Алишер Ҷалилов ва Аҳтам Назаров ба самар расониданд. Як голи мизбонон ба Саидҷон Шарипов марбут аст.

Бозиии дигари даври панҷуми мусобиқот миёни дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид. Меҳмонон – футболбозони шаҳри Турсунзода, ки ду голи аввалро заданд, ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Ба голҳои Ҳасан Рустамов ва Алишер Холмуродов бозигарони “Хатлон” Абдухалил Боронов ва Нуриддин Ҳамроқулов бо ду гол посух доданд.

Бояд гуфт, ки ҳарду даста бозиро бо ҳайатҳои нопурра ба анҷом расониданд. Сардовари ин бозӣ Хуршед Дадобоев аз шаҳри Хуҷанд дар дақиқаи 81-ум ду бозигари «Хатлон» - Абдухалил Боронов ва Равшан Азизов, инчунин Наврӯз Рустамовро аз дастаи «Регар-ТадАЗ» барои бо сар ба рӯи ҳариф задан аз майдон хориҷ намуд.

Бошгоҳи ССКА «Помир»-и Душанбе дар меҳмонӣ дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Голҳои меҳмононро Шарафҷон Солеҳов ва Далер Ёдгоров ба ҳадаф расонданд. Голи мизбононро Бахтовар Зокиров зад. Зимнан, ин аввалин ғалабаи низомиён ба шумор меравад ва се имтиёз ба ССКА “Помир” имкон дод, ки минтақаи хавфнокро тарк намояд.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқот “Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон, ки 13 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвал мақоми аввалро соҳиб шудааст. Зимнан, “Истиқлол” ягона дастаест, ки бохт надорад. “Хуҷанд” бо 10 имтиёз дар ҷойи дуюм аст. “Кӯктош” ва «Регар-ТадАЗ» бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои сеюму чорум қарор доранд.

Чаҳор бозии даври панҷуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо ҳузури 21200 тамошобин доир гардид. Аз ҳама бештар – 10 ҳазор мухлис – дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бозии мизбононро муқобили ССКА “Помир” тамошо карданд.

То анҷоми давраи аввали мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон ду давр мондааст. Бозиҳои даври шашум рӯзҳои 9-ум ва 11-уми май баргузор мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Панҷшер» – «Истиқлол» – 1:5

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 17 (0:1). Шериддин Бобоев, 25 (0:2). Ҷалил Кимсанов, 29 (0:3). Алишер Ҷалилов, 33 (0:4). Аҳтам Назаров, 60 (0:5).

Бозигари беҳтарини дидор: Аҳтам Назаров («Истиқлол»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

4 май. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 4000 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 2:1

Голҳо: Турсуналӣ Рустамов, 38 (1:0). Дилшод Бозоров, 65 (2:0). Амирҷон Сафаров, 82 (2:1).

Бозигари беҳтарини дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

4 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 5200 тамошобин.

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 2:2

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 6 (0:1). Алишер Холмуродов, 57 (0:2). Абдухалил Боронов, 79 (1:2). Нуриддин Ҳамроқулов, 90+5 (2:2).

Аз майдон хориҷ шуданд: Абдухалил Боронов («Хатлон»), 81 – барои бо сар ба рӯи ҳариф задан, Равшан Азизов («Хатлон»), 81 – барои бо сар ба рӯи ҳариф задан, Наврӯз Рустамов («Регар-ТадАЗ»), 81 – барои бо сар ба рӯи ҳариф задан.

Бозигари беҳтарини дидор: Худойдод Узоқов («Хатлон»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

4 май. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2000 тамошобин.

«Истаравшан» – ССКА «Помир» – 1:2

Голҳо: Шарафҷон Солеҳов, 13 (0:1). Далер Ёдгоров, 67 (0:2). Бахтовар Зокиров, 90+2 (1:2).

Бозигари беҳтарини дидор: Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

4 май. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 10 000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

5

4

1

0

18-5

13

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

5

3

1

1

8-5

10

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

5

2

1

2

8-8

7

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

5

2

1

2

8-9

7

5

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

5

2

0

3

5-10

6

6

«Хатлон» (Бохтар)

5

1

2

2

5-7

5

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

5

1

2

2

3-5

5

8

«Истаравшан» (Истаравшан)

5

1

0

4

5-11

3

Даври 6-ум

9 май (панҷшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Истиқлол» – ССКА «Помир»

«Панҷшер» – «Хуҷанд»

11 май (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан»

«Кӯктош» – «Хатлон»

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG