Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии "Равшан" ва "Локомотив-Помир" дар лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Локомотив-Помир»-и Душанбе, ки дар ду даври аввали мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон пирӯз шуданд, дар ҷадвал бо шашимтиёзӣ пешсафанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Равшан» дар ду даври аввали мусобиқаи лигаи якум «Шоҳмансур»-и Душанберо бо ҳисоби 7:2 ва «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод.

«Локомотив-Помир», ки аз ҳисоби бозигарони мунтахаби наврасони зери 17-солаи Тоҷикистон таркиб ёфтааст, дар даври аввал бар «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 4:1 ва дар даври дуюм бар «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 6:1ғолиб омад.

Бозиҳои даври сеюми лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 10-ум ва 11-уми май баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввал аз ду давра иборат аст. Ҳар як даста ҳамагӣ 26 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки ҷойи аввалро мегирад, соҳиби роҳхат ба мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2020 мегардад.

Дастае, ки ҷойи дуюмро соҳиб мешавад, бо дастаи дар лигаи олӣ-2019 ҷойи пешазохиринро ишғолнамуда барои пайдо кардани ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар соли оянда мубориза мебарад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан”, ки дар мусобиқаи лигаи аввал ғолиб шуд, имсол дар лигаи олии футболи Тоҷикистон ширкат дорад. “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо шикаст додани “Эсхата”-и Хуҷанд аз рӯи натоиҷи ду бозии гузариш дар лигаи олӣ монд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Даври 1-ум

«Барқчӣ» – «Саройкамар» – 1:1

Голҳо: Тоҳир Малодӯстов, 45 (1:0). Саидумари Абдувалӣ, 90+5 (1:1).

«Локомотив-Помир» – «Ҳулбук» – 4:1

Голҳо: Нидоёр Забиров, 48 (1:0). Ҷонибек Шарипов, 50 (2:0). Парвиз Ҳоҷиев, 82 (3:0). Ислом Зоиров, 84 (4:0). Насим Маҳмадқулов, 90+3 (4:1).

«Файзканд» – «Ваҳдат» – 1:0

Гол: Ҳоҷиакбар Узоқов, 41.

«Парвоз» – «Душанбе-83» – 0:0

«Равшан» – «Шоҳмансур» – 7:2

Голҳо: Далер Чолов, 8 (1:0). Фаридун Табаруков, 13 (1:1). Шодӣ Муродов, 31 (2:1). Далер Чолов, 40 (3:1). Мирзошариф Ҳасанов, 57 (4:1). Сиёвуш Назирмадов, 63 (5:1). Шодӣ Муродов, 68 (6:1). Расул Мамадҷонов, 74 (6:2). Саидхони Амрохон, 88 – аз пеналтӣ (7:2).

«Зарафшон» – «Исфара» – 1:0

Гол: Билол Султонов, 59.

«Дӯстӣ» – «Эсхата» – 3:4

Голҳо: Иброҳимҷон Эшонхонов, 21 (0:1). Рустамҷон Сабуров, 25 (0:2). Эроншо Равенов, 36 (1:2). Рустамҷон Сабуров, 45+2 (1:3). Эроншо Равенов, 54 (2:3). Ҷӯрабой Исоев, 72 (2:4). Қурбонмамад Ҷавов, 88 (3:4).

Даври 2-юм

«Шоҳмансур» – «Локомотив-Помир» – 1:6

Голҳо: Ислом Зоиров, 28 (0:1). Ҳамза Аҳтамов, 35 (0:2). Азизбек Ҳасанов, 54 (0:3). Азизбек Ҳасанов, 59 (0:4). Шарифбек Раҳматов, 76 – аз пеналтӣ (0:5). Фирӯз Абдулқосимов, 82 (1:5). Азизбек Ҳасанов, 90+2 (1:6).

«Ваҳдат» – «Эсхата» – 1:0

Гол: Бузургмеҳр Раҳмоналиев, 74.

«Исфара» – «Дӯстӣ» – 1:0

Гол: Мавлон Исмоилов, 24.

«Душанбе-83» – «Саройкамар» – 2:0

Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 45+1 (1:0). Элчибек Рашидбеков, 69 (2:0).

«Файзканд» – «Парвоз» – 0:0

«Ҳулбук» – «Зарафшон» – 3:0

Голҳо: Насим Маҳмадқулов, 71 – аз пеналтӣ (1:0). Насим Маҳмадқулов, 78 (2:0). Шараф Саидов, 87 (3:0).

«Барқчӣ» – «Равшан» – 2:5

Голҳо: Амирҷони Фаррухзод, 3 (0:1). Тоҳир Малодӯстов, 13 (1:1). Далер Чолов, 30 – аз пеналтӣ (1:2). Далер Чолов, 32 (1:3). Шодӣ Муродов, 45+1 (1:4). Тоҳир Малодӯстов, 51 – аз пеналтӣ (2:4). Сорбон Аҳмадзода, 55 (2:5).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

2

2

0

0

12-4

6

2

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

2

2

0

0

10-2

6

3

«Душанбе-83» (Душанбе)

2

1

1

0

2-0

4

4

«Файзканд» (Восеъ)

2

1

1

0

1-0

4

5

«Эсхата» (Хуҷанд)

2

1

0

1

4-4

3

6

«Ҳулбук» (Восеъ)

2

1

0

1

4-4

3

7

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

2

1

0

1

1-1

3

8

«Исфара» (Исфара)

2

1

0

1

1-1

3

9

«Зарафшон» (Панҷакент)

2

1

0

1

1-3

3

10

«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд)

2

0

2

0

0-0

2

11

«Саройкамар» (Панҷ)

2

0

1

1

1-3

1

12

«Барқчӣ» (Ҳисор)

2

0

1

1

3-6

1

13

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун)

2

0

0

2

3-5

0

14

«Шоҳмансур» (Душанбе)

2

0

0

2

3-13

0

Даври 3-юм

10 май (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Парвоз» – «Ваҳдат»

«Саройкамар» – «Файзканд»

«Зарафшон» – «Шоҳмансур»

11 май (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Равшан» – «Душанбе-83»

«Локомотив-Помир» – «Барқчӣ»

«Дӯстӣ» – «Ҳулбук»

«Эсхата» – «Исфара»

XS
SM
MD
LG