Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико саноати маъдан ва оҳани Эронро таҳрим кард


Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми май бо судури як фармон, бахши пӯлод ва саноати маъдани Эронро таҳрим кард.

Доналд Трамп дар ин фармон гуфтааст, ки Амрико таҳримҳоеро алайҳи саноати оҳан, пӯлод, алюминиюм ва миси Эрон ҷорӣ мекунад, ки аслитарин манбаи даромади ғайринафтии ин кишвар ба шумор мераванд. Вай таъкид кард, ки Эрон бояд мунтазири иқдомоти бештар бошад, магар ин, ки ба шакли асосӣ "рафтори худро тағйир" диҳад.

Эълони таҳримҳои нав алайҳи Эрон аз сӯи Амрико дар ҳолест, ки чанд соат пеш аз он, ёвари махсуси раиси ҷумҳури Амрико ва мудири аршади умури силоҳҳои куштори дастаҷамъӣ ва дифои биологӣ, дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки кори Вашингтон дар бораи Теҳрон "тамом нашудааст" ва "хеле зуд" таҳримҳои бештаре алайҳи Эрон ҷорӣ мешавад.

Доналд Трамп.
Доналд Трамп.

Оқои Трамп дар фармони худ бо ишора ба хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эрон дар як соли қабл, изҳор дошт, ки Эрон дар сояи ин тавофуқ ин фурсатро дошт, ки системаи мушакии худро рушд диҳад ва аз гурӯҳҳои террористӣ пуштибонӣ кунад. Раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, ки ин созиш ҳамчунин ба Эрон иҷозат дода буд, то ба танишҳои минтақавӣ доман зада, ба шакли ноодилона шаҳрвандони Амрикоро боздошт ва бераҳмона бо мардуми худаш рафтор кунад.

Вай бо ишора ба тасмимҳои як соли гузаштаи Амрико, гуфт, ки дар натиҷаи ин тасмимҳо, ҳукумати Эрон ба мушкили таъмини молӣ барои фаъолиятҳои хушунатбори худ рӯбарӯ шуд, иқтисоди он ба рукуди бесобиқа рӯбарӯ гашт, даромади ҳукумат коҳиш ёфт ва қимати пули Эрон ночиз ва аз контрол хориҷ шуд.

Амрико дар як соли гузашта ду дафъа таҳримҳои молӣ, бонкӣ ва нафтиро алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ҷорӣ кардааст. Лағви иҷозаи харидории нафти Эрон, эҷоди маҳдудиятҳои нави ҳастаӣ ва қарор додани Сипоҳи посдорони Эрон дар феҳристи "созмонҳои террористии хориҷӣ", аз дигар иқдомоте аст, ки ҳукумати Трамп барои фишори ҳар чӣ бештар алайҳи Теҳрон, ба иҷро гузоштааст.

Фармони ахири Трамп ба кишварҳо ҳушдор медиҳад, ки додани иҷозатнома барои вуруди пӯлод ва дигар металҳои содиротии Эрон ба бандарҳояшон дигар таҳаммул намешавад. Раиси ҷумҳури Амрико дар фармони худ афзудааст, ки Вашингтон пас аз хуруҷ аз созиши ҳастаӣ бо Эрон, 12 шарт матраҳ кардааст, ки метавонад асосе барои як созиши нав ва шомил бо Эрон бошад.

Ин шартҳо аз ҷумла хуруҷи нерӯҳои эронӣ аз Сурия, озодии шаҳрвандони Амрико ва "кишварҳои дуст ва муттаҳиди Вашингтон", қатъи барномаи мушакӣ ва қатъи ҳимоят аз ниманизомиёни шиа дар Ироқ ва Ҳусиҳо дар Яман мебошанд.

Раиси ҷумҳури Амрико дар қисмати поёнии фармони худ гуфтааст, "ман чашм ба роҳи рӯзе ҳастам, ки бо раҳбарони Эрон мулоқот кунам, то ба як тавофуқ бирасем ва хеле муҳимтар, гомҳое бардорем, то ба Эрон ояндае бидиҳем, ки шоистаи он аст".

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.

Таҳримҳои нави Амрико дар рӯзе эълом шуд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, тарафҳои дигари созиш – Бритониё, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия 60 рӯз фурсат доранд, ки нафт ва бахшҳои бонкии Эронро ҳимоят кунанд.

Рӯҳонӣ ба унвони раҳбарони панҷ кишвари имзокарда зери созишномаи ҳастаии соли 2015 нома зада гуфтааст, ки Эрон ба кам кардани бахше аз ӯҳдадориҳои ҳастаиаш шурӯъ карда, дигар урани ғанишудаи ғализро ба хориҷа содир намекунад. Ин шартҳо дар созиш навишта шудааст.

Ин тасмим вокуниши се кишвар -- Фаронса, Олмон ва Бритониёро, ки дар дар созиши ҳастаӣ боқӣ мондаандро барангехт ва онҳо аз иқдоми Эрон амиқан ибрози нигаронӣ карданд.

Ба гузориши Созмони рушд ва тиҷорати Эрон, мизони содироти оҳани Эрон тайи соли гузашта ба ҳудуди 3,9 миллиард доллар ва содироти мис ва маҳсулоти мисӣ ба ҳудуди 700 миллион доллар расидааст. Эрон ҳамчунин беш аз 860 миллион доллар содироти санги оҳан доштааст.

Ба гузориши вазорати саноати Эрон, тавлиди миси Эрон дар соли гузашта тақрибан 142 миллион тонна ва тавлиди санги оҳан беш аз 35 миллион тонна будааст. Тавлид ва содироти алюминиюми Эрон чандон зиёд нест.

XS
SM
MD
LG