Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Моилам эрониҳо бо ман тамос бигиранд"


Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 9-уми май гуфт, ки "эрониҳо бисёр таҳдидомез" будаанд ва дар айни ҳол гуфт, ки омодаи музокирот бо Теҳрон аст.

Изҳороти Доналд Трамп як рӯзи пас аз судури фармонаш сурат мегирад, ки саноати маъдан ва оҳани Эронро таҳрим кард. Ӯ ҳамзамон гуфта буд, ки "чашм ба роҳи рӯзе ҳастам, ки бо раҳбарони Эрон мулоқот кунам, то ба як тавофуқ бирасем ва хеле муҳимтар, гомҳое бардорем то ба Эрон ояндае бидиҳем, ки шоистаи он аст".

Раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, аз замоне, ки Амрико аз созиши ҳастаӣ берун шуд, Эрон ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ гашт.

Оқои Трамп гуфт, "коре ки онҳо бояд бикунанд ин аст, ки бо ман тамос бигиранд ва бо ҳам биншинем. Мо метавонем ба тавофуқ бирасем. Як тавофуқи мунсифона, фақат мехоҳем силоҳи ҳастаӣ надошта бошанд. Дархости зиёде нест. Мо намехоҳем ба Эрон садама бизанем. Кӯмак мекунем, ки ба вазъи беҳтар баргарданд".

Оё Ҷон Керри бо эрониҳо дар тамос ҳаст?

Вай таъкид кард, "ман мехоҳам онҳо қавӣ ва боазамат бошанд. Иқтисоди қавӣ дошта бошанд". Оқои Трамп афзуд, "онҳо бояд тамос бигиранд. Агар ин ин корро бикунанд, мо омодаи музокирот ҳастем". Бо ин ҳол, Доналд Трамп иддоа кард, ки Ҷон Керри, собиқ вазири умури хориҷии Амрико бо раҳбарони Эрон дар тамос аст ва ба онҳо гуфтааст, ки ин корро накунанд. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, "Ҷон Керри зиёд бо онҳо ҳарф мезанад ва ба онҳо гуфтааст, ки тамос нагиранд".

Ҷон Керри ва Муҳаммадҷавод Зариф.
Ҷон Керри ва Муҳаммадҷавод Зариф.

Вай Ҷон Керриро муттаҳам кард, ки "нишастҳо ва тамосҳои телефонии зиёде" бо раҳбарони Эрон дорад "ва ба онҳо мегӯянд ки чӣ кор кунанд ва ин нақзи комили Қонуни Логан аст". Бар асоси Қонуни Логан, ки дар соли 1799 қабул шудааст, агар афроди ғайри масъул бо давлатҳои хориҷӣ, ки бо Амрико ихтилоф доранд, музокира кунанд, муҷрим шинохта мешаванд. Раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард, ки Ҷон Керри бояд ба ин далел, таҳти таъқиб қаро гирад.

Ин дар ҳоле аст, ки як сухангӯи Ҷон Керри изҳороти Доналд Трампро радд кардааст. Ин сухангӯ гуфтааст, "ӯ дар бораи воқеиятҳо ва қонун иштибоҳ мекунад, ӯ дар мавриди чигунагии истифода аз дипломатия барои ҳифзи амнияти амрикоиҳо иштибоҳ мекунад. Мо умедворем раиси ҷумҳур дар пайи ҳалли масоили сиёсати хориҷӣ бошад, на ба дунболи ҳамла ба мақомоти ҳукумати қаблӣ".

Фиристодани новҳои ҷангӣ ба Халиҷи Форс

Доналд Трамп дар қисмате аз суханонаш гуфт, "Амрико барои ин новҳои ҷангии ҳомили ҳавопаймоҳоро ба Халиҷи Форс фиристод, ки эрониҳо бисёр таҳдидомез буданд ва ночорем, ки барои ин кишвар ва дигар кишварҳо амнияти болое дошта бошем".

Як нови ҷангии Амрико рӯзи панҷшанбе аз канали Суэз дар Миср убур кард. Оқои Трамп ҳозир нашуд то дар бораи сабабҳои фиристодани ин нови ҷангӣ шарҳ диҳад ва танҳо бо баёни ин нуқта иктифо намуд, ки "мо маълумоте дорем, ки қобили гуфтан нест".

Шабакаи телевизионии CNN пештар дар гузориши ихтисосӣ аз Пентагон хабар дод, ки "ҷобаҷоӣ"-и мушакҳои кутоҳпарвози Эрон, аз ҷумлаи сабабҳои фиристодани нерӯҳои тозанафаси амрикоӣ ба Халиҷи Форс будааст.

Аз оқои Трамп пурсида шуд, оё хатари даргириҳои низомӣ бо нерӯҳои амрикоӣ ҳозир дар минтақа вуҷуд дорад? Вай дар посух гуфт, "намехоҳам бигӯям ин хатар нест. Аммо умедворам ин рух надиҳад. Мо яке аз қавитарин киштиҳои ҷаҳонро дар онҷо дорем, ки комилан мусаллаҳ аст, аммо намехоҳем маҷбур шавем даст ба иқдоме бизанем".

Амрико рӯзи ҳаштуми майи соли 2018 аз созиши ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон берун шуд ва таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон ҷорӣ кард. Мақомоти амрикоӣ барои музокира ва даст ёфтан ба созиши нав бо Теҳрон 12 шарт пешниҳод карданд.

Ин шартҳо аз ҷумла хуруҷи нерӯҳои эронӣ аз Сурия, озодии шаҳрвандони Амрико ва "кишварҳои дуст ва муттаҳиди Вашингтон", қатъи барномаи мушакӣ ва қатъи ҳимоят аз ниманизомиёни шиа дар Ироқ ва Ҳусиҳо дар Яман мебошанд.

Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбеи 9-уми май дар баёнияе ба муносибати хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ зимни таъкид бар шартҳои ёдшуда гуфт, то вақте, ки "рафтори вайронкорона"-и мақомоҳои эронӣ тағйир накунад, фишорҳои ҳарчӣ бештари Амрико идома меёбад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG