Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Истиқлол" ва мусовии "Хуҷанд" дар даври шашуми лигаи олӣ


Даври шашуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 9-уми май бо ду бозӣ бо ширкати пешсафони мусобиқот шуруъ шуд.

Даври шашуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 9-уми май бо ду бозӣ бо ширкати пешсафони мусобиқот шуруъ шуд.

«Истиқлол»-и Душанбе, ки дар меҳмонӣ ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 4:1 шикаст дод, мавқеашро бо 16 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот боз ҳам устувор кард. Ду голи "Истиқлол»-ро Эҳсони Панҷшанбе ба самар расонид. Инчунин Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев якголӣ заданд. Голи ягонаи низомиён ба Ваҳдат Ханонов марбут аст.

Дар бозии дигари даври шашум «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бозиро бо «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 0:0 ба поён расонд. Хуҷандиҳо бо 11 имтиёз мавқеашонро дар ҷойи дуюм нигоҳ доштанд.

Ду бозии боқимондаи даври шашуми лигаи олӣ рӯзи шанбе, 11-уми май, баргузор мешавад. «Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар майдони худ бо «Хатлон»-и Бохтар ва «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум

ССКА «Помир» – «Истиқлол» – 1:4

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 49 (0:1). Алишер Ҷалилов, 76 – аз пеналтӣ (0:2). Ваҳдат Ханонов, 82 (1:2). Эҳсони Панҷшанбе, 89 (1:3). Шериддин Бобоев, 90+2 (1:4).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Бохтар).

9 май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 2000 тамошобин.

«Панҷшер» – «Хуҷанд» – 0:0

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

9 май. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3000 тамошобин.

11 май (шанбе)

Оғози бозиҳо - соати 17:00

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

«Кӯктош» – «Хатлон»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

6

5

1

0

22-6

16

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

3

2

1

8-5

11

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

5

2

1

2

8-8

7

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

5

2

1

2

8-9

7

5

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

6

2

1

3

5-10

7

6

«Хатлон» (Бохтар)

5

1

2

2

5-7

5

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

6

1

2

3

4-9

5

8

«Истаравшан» (Истаравшан)

5

1

0

4

5-11

3

Нишонзанҳои беҳтарин: Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарсе аз «Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан») – 4-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG