Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистону Қирғизистон қонунҳои зидди терроризмро аз Русия рӯйбардор кардаанд”


Пажӯҳишгари амрикоӣ Эдвард Лемон масъалаи амният, терроризм ва дину муҳоҷират дар Осиёи Марказиро таҳқиқ мекунад.

Ӯ чанде пеш ошкор кард, ки аз 56 то 79 дарсади қонунҳо дар бораи мубориза бо терроризму экстримизм дар Тоҷикистону Қирғизистон аз қонунҳои Русия рӯйбардор шудаанд.

Барои муқоиса: қонун дар бораи мубориза зидди терроризм дар Қазоқистону Узбекистон аз қонунҳои Русия аз 4 то 5 дар сад "вобаста" будаанд.

Пажӯҳишгари амрикоӣ санҷиши қонунҳоро ба воситаи як барномаи махсусе анҷом додааст, ки "плагиат" ё асардуздиро ошкор мекунад.

Хабарнигорони телевизиони “Настоящее Время” низ барномаи ба ин монандро истифода карда, қонун дар бораи мубориза бо терроризм дар Қирғизистонро тафтиш карданд ва натиҷаи ба ин монандро ба даст оварданд.

Баъзе аз бандҳои қонунҳои Қирғизистон бо санадҳое, ки дар сомонаи Думаи давлатии Русия ва Кремл маҳфузанд, аз 54 то 84 дарсад монанданд. Ҳатто баъзе аз бандҳо пурра гирифта шуда, дар баъзе моддаҳо ҷумлаҳоро пешу қафо кардаанд ва танҳо номи кишварро тағйир додаанд.

Эдвард Лемон, пажӯҳишгари амрикоӣ, натиҷаҳои таҳқиқи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Корбарон суол медоданд, ки чаро ниҳодҳои қудратии Қирғизистон (Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ), ки масъули таҳияи қонун дар бораи мубориза бо терроризм ҳастанд, қонуни кишвари дигарро "дуздидаанд"?

Дар ниҳодҳои қудратии Қирғизистон гуфтаанд, ки дар ин маврид ҳеч мушкилеро намебинанд. Карима Амонқулова, корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, "ин барои иддае плагиат аст, барои бархе дигар муттаҳид кардан ё якхела кардани қонуҳост".

Назари вакилони порлумони Қирғизистон дар ин бора гуногун аст. Баъзе аз онҳо, плагиат дар қонунгузориро ғайри қобили қабул мешуморанд. Аида Исмоилова мегӯяд, "плагиат ҳангоми иҷрои қонунҳо мушкил меофарад." Фарҳод Тулендибоев, вакили дигари Қирғизистон ҳам гуфт, "мо хислати дигар ва менталитети дигар дорем. Вале қонунҳоро шахсан худи мо дуруст мекунем. Вагарна 120 вакил барои чӣ дар порлумон нишастаанд?”

Бархе аз вакилони дигар дар рӯйбардор кардани қонунҳо ҳеч кори бадеро намебинанд. Онҳо ба ин фикранд, ки мушкил дар бисёре аз кишварҳо яксон аст ва ба ихтирои дубораи велосипеде, ки аллакай вуҷуд дорад, зарурат нест. Ҳамчунин онҳо ба ин нукта ишора мекунанд, ки қонуни "эксклюзив" хеле гарон меафтад ва барои таҳияи он моҳҳо зарур аст.

Азамат Араббоев, вакили Жокоргу Кенеш гуфт, “намунаҳои зиёде ҳаст, ки дар таҷрубаи ҷаҳонӣ қонунҳо ба системаи миллии кишварҳои гуногун мутобиқ карда мешаванд. Ин ҷои шарм надорад.”

"Русия муттаҳиди мост ва қонунҳои мо бояд бо қонунҳои онҳо монанд бошад”, -- мегӯяд Зарилбек Рисалиев.

Вакилони Қирғизистон эътироф карданд, ки қонунҳои ворида ба порлумон аз санҷиши плагиат намегузаранд. Аммо ваъда доданд, ки дар бораи зарурати чунин кор дар оянда фикр хоҳанд кард.

Қаблан дар Қирғизистону Тоҷикистон чанде аз намояндагони мақомот ба плагиат ё асардуздӣ муттаҳам шуда буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG